Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сукути ҳукумат дар баробари гӯши бурида ва шиканҷаи тоҷикон дар Русия чӣ маъно дорад?


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо писараш Рустами Эмомалӣ. Шаҳри Душанбе, 25-уми марти 2024
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо писараш Рустами Эмомалӣ. Шаҳри Душанбе, 25-уми марти 2024

Набуди баёнияи возеҳи Тоҷикистон дар бораи бераҳмии маъмурони амниятии рус бо чаҳор тоҷики муттаҳам ба терроризм сабаби танқиди ҳукумат шудааст. Мунтақидон мегӯянд, ҳар шаҳрванди кишвар дар ҳар ҷое ҳаст ва ҳар ҷинояте карда бошад, ҳуқуқ дорад ва он бояд риоят шавад. Сукути ҳукумат нишонаи чист?

"Саҳнаи монанд ба филмҳои Ҳолливуд, аммо воқеӣ"

Яке бо гӯши нимабурида, дигарӣ аз зарби латукӯби зиёд беҳушу беёд ва беҳаракат. Дигарӣ порчае аз селофан дар гардан, ки умдатан барои нафасгир кардан истифода мебаранд. Саҳнаи монанд ба филмҳои Ҳолливуд, аммо воқеӣ дар як додгоҳи Русия.

Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ба куштори мардуми бегуноҳ дар толори консертии “Крокус” ва панҷ нафари дигар барои мадад ба онҳо муттаҳам мешаванд. Амале, ки дар саросари ҷаҳон маҳкум карданд, аз ҷумла дар Душанбе.

Аммо сукути мақомоти Тоҷикистон дар баробари бераҳмӣ бо муттаҳамон ба терроризм сабаби танқиди ҳукумат шуд, ки чаро орому бепарво нишастааст ва барои ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрванди худ садо баланд намекунад.

То кунун дар ҳеч яке аз баёнияҳои парокандаи мақомоти Тоҷикистон доир ба эҳтимолияти бегуноҳии муттаҳамон ва рафтори маъмурони амниятии Русия бо онҳо чизе нагуфтаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 23-юми март бо нашри ду баёния гуфт, ки гузориши расонаҳои Русия дар бораи даст доштани се шаҳрванди Тоҷикистон саҳеҳ нест, чун ду нафари онҳо дар кишвар буданд ва яке дар шаҳри Самараи Русия.

Вазорати умури хориҷӣ дар лаҳзаҳои аввал аз расонаҳо хост, пешқазоват накунанд, зеро бо ин корашон ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ зиён мерасонанд. Рӯзҳои баъдӣ сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз муҳоҷирону тоҷикони муқими Русия хост, эҳтиёт кунанду ба ҷойҳои серодам нараванд.

Раҳмон: “Ҳеч гоҳ рӯҳафтода набошед”

Пас аз ин раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз аз ҳамла дар “Крокус”-и Маскав ёдовар шуд ва ғайримустақим аз волидони тоҷик хост, “ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳанд.” Ӯ дар як ишораи номафҳум ин рӯзҳоро барои мардуми Тоҷикистон сахт, вале гузаранда номид.

“Ман медонам, ман худам ҳам ҳис карда истодаам. Ҳеч гоҳ рӯҳафтода набошед, ҳаёт, зиндагӣ, давлатдорӣ ҳамин будааст. Дар ҳеч ҳолат рӯҳафтода нашавед," – гуфт ӯ шоми 25-уми март дар Душанбе.

Мухолифони давлат ин ҳамаро нокофӣ мешуморанд ва мегӯянд, ҳукумат вазифаи муқаддаси худ, яъне ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандони худро дуруст иҷро накардааст.

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллӣ, эътилофи чор созмони мухолиф, рӯзи 2-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт: "Раҳбарияти Тоҷикистон ҳеч вақт, дар тӯли таърихаш, худро масъул намедонист, ки дар ин гуна ҳолатҳо аз шаҳрвандони худ ҳимоят кунад. На танҳо дар хориҷ, ҳатто дар дохил ҳам. Ва ҳеч гоҳ худро масъули амалӣ кардани ниёзҳои аввалини мардуми тоҷик намедонист. Ҳимоят дар баробари чунин зӯргӯйӣ ва поймол кардани ҳуқуқ яке аз ниёзҳои аввали ҳар шаҳрванд аст. Дар Конститутсия ва шиносномаи ҳар тоҷик навишта шудааст, ки соҳиби ин шиноснома таҳти ҳимояти ҳукумати Тоҷикистон аст.”

Кабирӣ: Сукути ҳукумат барои баёни садоқат аст

Омили дувум, ба гуфтаи Кабирӣ, ин аст, ки миллати тоҷик ҳам ин таваққуъро аз ҳукумат надошт ва ҳаргиз чунин талабро накардааст. "Мутаассифона, миллати тоҷик, ҳам ҳукумат ва ҳам мардум одат кардаанд. Чунин муносибати ваҳшиёна нисбат ба тоҷикон дар хориҷ ва дохил сурат мегирад ва ҳеч гоҳ вокуниши ҷиддӣ набуд. Омили охирин шояд ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо хомӯшии худаш бори дигар садоқаташро ба раҳбарияти Русия нишон додан мехоҳад, ки дар ҳама ҳолат, дар ҳама ҷо, ҳатто алайҳи манфиати миллат бошад ҳам, аз мавқеи мақомоти Русия содиқона пуштибонӣ мекунад," – афзуд ӯ.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик, рӯзи 31-уми март дар Фейсбук навишт, ки ҳукумати Тоҷикистон "уҳдадор аст, дар рафти тафтиш ширкат кунад ва гумонбаронро бо вакили дифоъ таъмин намояд."

Мақомот мегӯянд, набудани баёнияи возеҳ набояд баёнгари он бошад, ки онҳо ором нишастаанд, балки масъалаи бадрафториву бераҳмии маъмурони амниятии рус ва боздошту ҳабси тоҷиконро бо мақомоти Русия дар миён гузоштаанд.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумони Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта дар барномаи “гапи Озод”-и Радиои Озодӣ гуфт, “сохторҳои қудратӣ, масалан, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, як ҳайати калоне барои омӯхтан, барои ҳаллу фасл ва муҳофизат кардани ана ҳамон шаҳрвандон дар Маскав ҳастанд. Барои ҳамин набояд фикр кунем, ки инҷо ҳама парво надорад."

Баъд аз ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус” дар канори шаҳри Маскав дар рӯзи 22-юми март, ки масъулияташро ДОИШ ба уҳда гирифт, то кунун 10 нафар, аз ҷумла 9 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия боздошт шудаанд. Даҳ нафаре, ки суолу шубҳаҳо дар бораи тарроҳони воқеӣ будани онҳо зиёд аст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Сукути ҳукумат дар бораи шиканҷаи тоҷикон дар Русия нишонаи чист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00
XS
SM
MD
LG