Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Ғарб ба эътирофи Сухумӣ ва Схинволӣ


Дмитрий Медведев имрӯз, 26 август, зери санади расмии эътирофи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон имзо гузошт
Дмитрий Медведев имрӯз, 26 август, зери санади расмии эътирофи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон имзо гузошт

Дафъатан баъди изҳороти раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар бораи ба расмият шинохтани истиқлолияти ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ раҳбарони бархе давлатҳои аврупоӣ вокуниш нишон доданд.

Хабаргузории Ройтерс мегӯяд, сухангӯи Вазорати хориҷаи Бритониё гуфт, "Мо ин қарорро комилан рад мекунем ва бори дигар ба истиқлолият ва тамомияти арзии Гурҷистон арҷ мегузорад". Дар изҳороти вазорати хориҷаи Бритониё гуфта мешавад, ки қарори Русия "муғоир бо ӯҳддориҳои Русия дар баробари қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ мебошад". Ба қавли Бритониё, чунин амал алайҳи раванди сулҳи Қафқоз равона шудааст.

Мақомоти Гурҷистон баробари шунидани ин хабар иқдоми Маскавро маҳкум карданд. Муовини вазири хориҷаи Гига Бокериа ин амалро бо ибораи "аннексияи ошкоро" тавзеҳ дод. Александр Ломая, муншии Шӯрои амнияти миллии Гурҷистон дар сӯҳбат бо Франс Пресс гуфт, ки қарори Маскав "ҳеҷ заминаи ҳуқуқӣ" надорад ва барои Русия "паёмадҳои сахти сиёсӣ" дар пай хоҳад дошт.

Фаронса, ки барои тасвиби тарҳи сулҳи миёни Гурҷистону Русия нақши миёнҷиро бозӣ кардааст, гуфт, аз чунин иқдоми Маскав мутаассиф шудааст. Сухангӯи Вазорати хориҷаи Фаронса гуфт, "Қарори Маскав таассуфангез аст ва мо бори дигар мавқеи худро оид ба эътирофи тамомияти арзии Гурҷистон такрор мекунем".

Тасвиби қарори Медведев дар ҳоле сурат мегирад, ки Русия шароити истиқрори нирӯҳояшро дар Гурҷистон ва на фақат хаёлан фароҳам меорад. Нирӯҳои ин кишвар дар умқи қаламрави Гурҷистон, ва хеле дур аз маҳалли низоъҳои мусаллаҳонаи ахир дар Осетияи Ҷанубӣ, дар масофаи 70 километр аз Тифлис қарор гирифтанд.

Фиристодаи Русия дар НАТО Дмитрий Рогозин вазъи баамаломадаро бо даврони ҷанги сард муқоиса кард ва гуфт, ки масдудшавии равобит бо Ғарб ногузир аст.

Тибқи хабарҳои ахир аз Русия, изҳороти Медведев даъфатан ба поинравии нишондодҳои бозор карда, нигарониҳои тоҷиронро аз муташанниҷшавии авзоъ дар саҳнаи байналмилалӣ ба бор овард.

Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия пас аз зуҳри имрӯз, 26 август, эълон кард, ки зери санади эътирофи расмии истиқлоли Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон имзо гузоштааст.

XS
SM
MD
LG