Пахтакорони як хоҷагии деҳқонӣ дар шаҳри Турсунзода мунтазири моҳи октябр ҳастанд. Як масъули ин хоҷагӣ гуфт, имсол ба сари ҳар кило пахта 4-5 сомонӣ пешниҳод мешавад, аммо онҳо саросема нестанд.
Дар гузаргоҳи Фотеҳобод-Ойбек дар марзи Тоҷикистону Узбекистон гуруҳе аз дӯкондорон бо мақомот даъвову кашмакаш кардаанд.
Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ, ки бори аввал аст баргузор мешавад, таваҷҷуҳи густардаи расонаҳои ин кишвар ба кишварҳои минтақа аз ҷумла Тоҷикистонро ҷалб кардааст.
Таъйини андози сайёҳӣ ва таъсиси ниҳоди наве бо номи “Фонди рушди сайёҳӣ" дар Тоҷикистон боиси норозигии бархе аз ширкатҳои туристӣ гаштааст. Онҳо мегӯянд, баланд шудани нарх муштариён ва даромадашонро кам хоҳад кард.
Фаровонии маҳсулоти асосии хӯрока, аз ҷумла орд дар анборҳои Тоҷикистон сабаб шудааст, қимати маводи ғизоӣ дар нимаи моҳи сентябр поин омада, барои мардум андаке сабукӣ биёрад.
Мушоҳидаи мутахассисон дар моҳи июл нишон додааст, ки дар ҳавзаи Зарафшон, як дарёи бузурги Тоҷикистон, барфҳои мавсимӣ тақрибан об шудаанд. Ин танҳо як падидаи табиӣ нест, балки пайомадҳое дорад, ки сабаби ранҷ кашидани мардуми одӣ дар ҳавзаи ин дарё мешавад.
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон ҳамоиши байнулмилалии "TajTech - 2026" баргузор мешавад, ки ба мавзӯи рушд ва гузариш ба фанновариҳои рақамӣ ихтисос дода шудааст. Дар мусоҳибае аз Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои нав, хостем, дар бораи ин соҳа бештар бигӯяд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки пас аз се сол маълум кардааст, ки калонтарин бозори масолеҳи бинокорӣ ва сохтмонии шаҳри Ҳисорро “қасдан оташ задаанд.”
“Бо вуҷуди нашр кардани нуктаҳои асосии буҷаи давлатӣ дар Интернет, Тоҷикистон натавонистааст ба меъёрҳои ҳадди ақали байнулмилалӣ дар заминаи шаффофияти молӣ ҷавобгӯ бошад.” Ин хулосаи гузориши солонаи Вазорати корҳои хориҷии Амрико аст.
Ёфтҳои бештар