Тоҷикистон яке аз сарчашмаҳои муҳими об барои кишварҳои минтақа ба шумор меравад, вале то ҳанӯз ҳазорҳо сокини он қисман ё пурра ба оби бехатари ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва ё ба обе дастрасӣ доранд, ки сабабгори ҳар гуна бемориҳои сироятӣ буда метавонад. Як маҷаллаи илмии бритониё навиштааст, дар 20 соли ахир садҳо нафар дар Тоҷикистон аз бемориҳои марбут бо оби ифлос ба ҳалокат расидаанд.
Ҳар гоҳе, ки Неъматулло Басирови 58-сола ташнагиашро аз оби ҷӯйбори назди хонааш мешиканад, аз он хавф дорад, ки бемор хоҳад шуд. Ин сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, "танқиси асосии мо об аст. Ҳама касалу бемориҳои мо аз сабаби ҳамин обе аст, ки тоза нест".
Сарфи назар аз захираҳои саршори об дар Тоҷикистон тибқи маълумоти расмӣ аз даҳ миллион аҳолии ин ҷумҳурӣ тахминан 41 дарсади аҳолӣ ба оби бехатари ошомиданӣ дастрасӣ надорад. Ин сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар даврони Шӯравӣ ноҳияи Колхозобод ном дошт, мегӯяд, оби ҷӯйборе, ки онҳо менӯшанд, аз ҳар нуқтаи назар хатарнок аст. Хабарнигори Франс пресс хотирнишон мекунад, ки аснои таҳияи гузориш наздикони Басиров дар ҳамон оби ҷӯйбор барои дастурхони нисфирӯзӣ меваву сабзавот мешустанд.
"Поёноби заминҳои кишоварзӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ як қисмаш ҳаминҷо меояд, як қисмаш ба заҳбур меравад. Ин ҳамаи намуди пасмондаи нуриҳои минералӣ дорад, ифлосӣ ҳам меояд. Албатта ин ҳамин моро бемор мекунад" , - гуфт Неъматулло Басиров.
Натиҷаи як пажуҳиш, ки дар маҷаллаи британиявии "Nature" нашр шудааст, таъкид мекунад, ки аз соли 1990 то соли 2020-ум ҳар сол дар Тоҷикистон наздик ба 1620 нафар аз бемориҳои марбут бо оби ифлос ба ҳалокат расидааст. Аммо барои сокинони баъзе деҳоти дурдасти ин ноҳия ҷӯйбор ҳам як мӯъҷизаи дастнорас аст.
Хоҷагии Малика Эрматоваи 30-сола обро аз мошинҳои обкашон харида, дар ҳавзи зеризаминии ҳавлиаш нигаҳ медорад.
Малика Эрматова, сокини ноҳияи Ҷалолиддни Балхӣ мегӯяд,"об нест. Ин ҷо чӯл аст. Зиндагиамон душвор аст. Об мебуд, дарахтҳо қомат меафрохтанд. Обе, ки дар бушкаҳо ҳаст, то ин ҷо намерасад".
Видеоро инҷо бинед:
Дар қаламрави Тоҷикистону Қирғизистон 25 ҳазор пирях вуҷуд дорад, ки аз се ду ҳиссаи захираи оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳад, вале зерсохтори қадимии даврони шӯравӣ қудрати таъмин аҳолӣ бо обро надорад.
Абдураҳим Абдуллоев, муҳандиси об мегӯяд, пойгоҳҳои обкашии Хатлон барои таъмини 2800 оила бо об пешбинӣ шудаанд, аммо "аз сабаби таъмирталаб будани таҷҳизотҳо обро дода натавониста истодаем. Рӯзҳои наздик пойгоҳҳоро таъмир карда ба халқ об медиҳем".
Дипломатияи марбут ба об яке аз бахшҳои муҳими сиёсати хориҷии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Тоҷикистон бо орзуи он, ки рӯзе оби пиряхҳояш то ҳар хоҷагии ташналаби Хатлон мерасад, ташаббускори чандин қатъномаву санадҳои вобаста ба об дар СММ будааст. Баҳори соли равон ҳукумати Тоҷикистон як барномаи муфассали таъмини аҳолии ин кишвар бо оби бехатари ошомиданиро роҳандозӣ кардааст. Аммо алҳол аз пешрафти он хабаре нарасидааст.
Тобистони имсол ҳукумати Тоҷикистон тарҳеро пазируфт, ки бо харҷи 3 миллиард сомонӣ (324 миллион доллар) бояд дастрасии 72 дарсади аҳолиро бо оби пок таъмин кунад. Тибқи омори расмӣ, ки соли 2022 нашр шуд, танҳо 41 дарсади аҳолӣ ва асосан сокинони шаҳрҳо бо шабакаи таъмини оби ошомиданӣ пайвастанд. Вазъият дар вилояти Хатлон аз ҳама бадтар аст, чун танҳо 24 дарсади аҳолии ин минтақа оби ошомиданӣ доранду бас.
Баъзе коршиносон аз ташаббуси ҳукумат барои ҳалли мушкили камобӣ истиқбол мекунанд, вале ба пурра амалӣ шудани барнома бовар надоранд, чун ба гуфтаи онҳо 3 миллиард сомонӣ барои Тоҷикистон маблағи кам нест.