Беш аз 12 сол пеш, Камолиддин Тешебаев ва ҳамсараш бо се писар, се келин ва 16 набера дар шаҳраки Қизил- Кия дар ҷануб-ғарби Қирғизистон, зиндагии осуда ва миёнаҳолонае доштанд.
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оғози соли нави таҳсил баҳси ҳиҷоб дигарбора доғ шуд, зеро дар мактабҳои чанде аз кишварҳои минтақа пӯшидани ҳаргуна либоси динӣ манъ аст.
Дар шаҳри Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ, рӯзи 16-уми сентябр аввалин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор шуд.
Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ, ки бори аввал аст баргузор мешавад, таваҷҷуҳи густардаи расонаҳои ин кишвар ба кишварҳои минтақа аз ҷумла Тоҷикистонро ҷалб кардааст.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Чин ҳар кадом бо тарҳҳои хоси худ барои шакл додани ояндаи ҳушвора ва ё ҳуши маснӯӣ дар рақобатанд ва дар ин миён Қазоқистон шояд маҷбур шавад яке аз онҳоро интихоб кунад.
Ду рӯз пас аз онки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ба ширкатҳои ҳавопаймоии ғайринизомӣ ё мулкӣ дар бораи хатарҳои истифода аз ҳарими ҳавоии Русия ҳушдор дод, гузоришҳое зиёде дар бораи лағви парвозҳо ва баста шудани фурудгоҳҳо, нашр шуд.
Диана Турғунбоева пас аз таваллуди ду фарзанд мехост, ки синаҳояшро барҷаста ва баданашро зебо кунад, аммо ба орзуяш нарасид. Ҷарроҳии ӯ дар Қирғизистон номуваффақ анҷом шуд. Ҳоло чеҳрааш варамида, захмҳои зери пистонҳояш шифо наёфта ва даъвояш бо пизишки ҷарроҳ нотамом мондааст.
Телевизиони давлатии Узбекистон рӯзи 2-юми сентябри 2016 расман дар бораи марги Ислом Каримов хабар дод. Ӯ 78 сол дошт ва 27 соли охираш Узбекистонро бо мушти сангине идора кардааст.
Дар шаҳри Бишкек, маркази Қирғизистон, ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор шуд. Онҳо рӯзи якуми сентябр ба эъломияе имзо гузоштанд, ки ба муқобила бо ифротгароии диниву терроризм ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир таъкид мекунад.
Мушоҳидаи мутахассисон дар моҳи июл нишон додааст, ки дар ҳавзаи Зарафшон, як дарёи бузурги Тоҷикистон, барфҳои мавсимӣ тақрибан об шудаанд. Ин танҳо як падидаи табиӣ нест, балки пайомадҳое дорад, ки сабаби ранҷ кашидани мардуми одӣ дар ҳавзаи ин дарё мешавад.
Ёфтҳои бештар