Пайвандҳои дастрасӣ

Ниқобпӯшонро дар Қирғизистон ҷарима мекунанд. Аз Тоҷикистон ёд гирифтанд?


Маъракаи огаҳсозӣ аз Қонун дар бораи манъи ниқоб дар Қирғизистон
Маъракаи огаҳсозӣ аз Қонун дар бораи манъи ниқоб дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон амалиёт ба зидди занони ниқобпӯш идома дорад, ки дар онҷо ба сар кардани ин либоси исломӣ манъ аст. Коре, ки дар Тоҷикистон солҳо пеш анҷом медоданд.

Пулиси Қирғизистон то кунун даҳҳо нафарро то 230 долларӣ ҷарима баста ва ба садҳо нафар ҳушдор додааст, ки агар бори дигар онҳоро дар кӯча бо ниқоб бубинанд, ҷарима мебанданд. То кунун на камтар аз 30 занро барои ба бар кардани ин либоси исломӣ, ки фақат чашмҳо дар он аёнанд, 20 000 сомӣ ва ё баробар ба 230 долларӣ ҷарима бастаанд.

Дар Қирғизистон аз аввали соли 2025 пӯшидани ниқобро манъ карданд. Амалиёт ба зидди ниқобпӯшонро мақомоти расмӣ, маъмурони амниятӣ бахусус дар вилояти ҷанубии Ҷалолобод анҷом додаанд, ки мардуми мазҳабӣ онҷо бештар аст. Пулиси вилояти Ӯш хабар дод, ки дар муддати ду рӯз дар ин вилоят 300 зани ниқобпӯшро дар кӯчаҳо нигаҳ дошта ва ҳушдор додаанд, ки дигар чунин кореро накунанд.

Қирғизистон имсол бо қабули як қонун пӯшидани ниқоб дар кӯчаву хиёбонҳоро манъ кард ва ҳар касе, ки онро дар берун ба бар кунад, ҷарима мешавад. Дар қонуне, ки раиси ҷумҳур Содир Ҷабборов имзо кардааст, калимаи “ниқоб” наомадааст, ки онро дар Қирғизистон фаранҷӣ меноманд, аммо дар он омадааст, пӯшидани “либосе, ки имкон намедиҳад, ҳуввияти инсон ташхис шавад, дар идораҳои давлатӣ ва маконҳои умумӣ” манъ аст. Айни замон пӯшидани ҳиҷоб, ки фақат сари мӯи занро нонамоён мекунад, дар Қирғизистон манъ нашудааст. Пӯшидани ниқоб дар як даҳсолаи гузашта бахусус дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод ривоҷ ёфт ва амалиётҳо низ бахусус дар ҳамин шаҳрҳо сурат гирифтаанд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, ки амалиётҳо дар кӯчаҳо ва ҳам корҳои тарғиботӣ аз моҳи август идома доранд. Маъмурони амниятӣ, аз ҷумла афсарони зан ба дасти мардум огоҳинома тақсим мекунанд ва ба онҳо қонунро мефаҳмонанд, ки сарпечӣ аз риояти он чӣ оқибат дорад.

Дар ноҳияҳои Қарасу, Узген ва Нукати вилояти Ӯш лавҳҳои бузурги телевизионӣ гузоштаанд, ки дар бораи ҷарима барои ниқоб видео нишон медиҳад. Ба гуфтаи мақомот, онҳо дар муддати ду рӯз бо 300 зани ниқобпӯш дар шаҳри Ӯш гуфтугу кардаанд.

Дар моҳи июл бо 80 зани дигар, ки дар кӯчаҳо бо ниқоб мегаштаанд, сӯҳбат анҷом додаанд. Ба гуфтаи пулиси Ӯш ба ин занон варақаҳо тақсим карда ва огоҳинома додаанд. Амалиёт бо ҳузури намояндагони Кумитаи амнияти миллӣ, Кумитаи дин сурат гирифтааст. Бар тибқи гузоришҳои пулис аз байни 29 зане, ки ҷарима шудаанд, 22 нафарашон сокинони шаҳри Ӯш будаанд. Дар амалиёт дар шаҳри Ҷалолобод 7 зани дигарро дар маконҳои умумӣ нигаҳ дошта ва сӯҳбат кардаанд.

Ривоҷ ёфтани ниқобпӯшӣ дар Қирғизистон, ки то як даҳсола пеш касе онро намепӯшид, дар байни сиёсатмадорон ва чеҳраҳои шинохта нигарониҳоро барангехтаааст, ки ин либоси исломиро як таҳдиди амниятӣ мешуморанд. Дигарон мегӯянд, ки ниқобпӯшӣ дар аз фарҳанги суннатии қирғизҳо нест. Порлумони Қирғизистон ва матбуот ҳам дар ин бора як даҳсола боз баҳс мекарданд. Шӯрои уламои Қирғизистон ҳам тарафдори мавзеъгирии ҳукумат аст, ки гуфтааст, “пӯшидани ҳиҷоб барои занон ҳатмист, аммо ниқоб на”. Аммо мунтақидони чунин сиёсат мегӯянд, ки манъи пӯшидани ниқоб занонро аз ҳукумат норозӣ мекунад ва як навъ маҳдуд кардани ҳуқуқи онҳост.

Пӯшидани ниқоб на танҳо дар Қирғизистон, балки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ манъ аст, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ки занон ҳақ надоранд, бо ҳиҷоб ба муассисаҳои давлатӣ ва ё донишгоҳ ворид шаванд. Қирғизистон ҳоло ягона кишвар дар минтақа аст, ки пӯшидани ҳиҷобро дар мактаб ва идораҳои давлатӣ иҷоза медиҳад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG