Ризо Вализода, хабарнигори пешини Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, ду сол боз дар Эрон зиндонист.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, тасмими Тоҷикистонро барои берун шудан аз узвияти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ танқид кард.
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оғози соли нави таҳсил баҳси ҳиҷоб дигарбора доғ шуд, зеро дар мактабҳои чанде аз кишварҳои минтақа пӯшидани ҳаргуна либоси динӣ манъ аст.
Идораи маорифи ноҳияи Ёвон як омӯзгореро, ки сарзаниш ва рафтораш бо як шогирди хурдсоли мактаб баҳси доғеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт, танбеҳ додааст.
Хабари бад барои муҳоҷирон. Аз 1-уми январи соли 2027, муҳоҷирони корӣ дар Русия вазифадор мешаванд, барои ҳар як узви оилаи бекори худ дар Русия пул супоранд.
Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷик рӯзи 10-уми сентябр дар зиндон 33-сола шуд ва ин рӯзро дар ҳалқаи шавҳару фарзандон ва падару модараш ҷашн гирифт. Яке аз наздиконаш имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аҳли хонавода барои ӯ як даста гули садбарг ҳадя бурданд.
Ҷейкоб Коксон, як корманди собиқи ширкати амрикоии Anthropic, ки ба офаридани моделҳои ҳушвора ва ё ҳуши маснуӣ машғул аст, сабаби истеъфои пурсарусадояш дар фазои маҷозиро шарҳ додааст.
Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон аз мақомоти интизомӣ хостааст, ки пеш аз интихобот муборизаро бо дигарандешӣ сахттар кунанд ва айни замон ҷавонони чеченро барои риши дарозу шими кӯтоҳашон танқид кардааст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сухан дар ҷаласаи идонаи бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон, Душанбе, 8 сентябри 2026
Нависанда ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Адаш Истад 7 сентябри соли 1946 дар Самарқанд ба дунё омадааст. Пас аз хатми донишгоҳ дар расонаҳои Узбекистон ва Тоҷикистон кор кардааст. Яке аз нахустин нависандагони фантасти Тоҷикистон буда, ҳамчун рӯзноманигор масъалаҳои доғро расонаӣ кардааст.
Ёфтҳои бештар