Мақомот дар Русия гуфтанд, сар аз соли 2027 муҳоҷирони корӣ бояд барои ҳар як узви бекори оилаашон, ки ҳамроҳи онҳо дар ин кишвар ба сар мебаранд, андоз супоранд. Вақти муаррифии ин қонуни нав, ки бо супориши президент Владимир Путин қабул шуд, Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия онро “андоз барои хеши бекор” номид, вале нагуфт, ки шарту шароит ваё ҳаҷми андоз чӣ гуна хоҳад буд. Радиои Озодӣ дар як тамос аз ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Валентина Чупик хост, шарҳ бидиҳад, ки андоз барои хеши бекори муҳоҷир чӣ маъно дорад?
Валентина Чупик: “Ин дуруст нест, ин андоз нест, ин маоши ҳадди аққалест, ки бояд муҳоҷири корӣ барои зиндагӣ дар Русия дошта бошад. Ҳар як муҳоҷир бояд маоше дарёфт кунад, ки ба маоши ҳадди аққали аз тарафи ҳар минтақа таъйиншуда ва бо шумори аъзои оилааш муносиб баробар бошад.
Масалан, марде бо се фарзанду ҳамсари бекораш дар як минтақаи Русия зиндагӣ мекунад. Яъне ин оила панҷ узв дорад. Яъне ӯ бояд панҷ маоши ҳадди аққали дар ҳамин минтақа таъиншударо ба даст оварад. Аз ҳамин маблағ ӯ андоз месупорад. Яъне як андозе ҷудогона барои ҳар як узви оила вуҷуд надорад. Як сатҳи поинтарини маош барои ҳар як узви оила вуҷуд дорад. Масалан, дар шаҳри Маскав он 39 ҳазору 731 рублро дар як моҳ ташкил медиҳад.
Мутаносибан дар мисоли як оилаи иборат аз панҷ нафар, маоши як нафар коргари ин оила бояд расман 198 ҳазору 655 рублро ташкил диҳад. Аз ин ҳаҷм ӯ 13% андоз, яъне 25 ҳазору 825 рубл месупорад. Агар ҳарду ҳамсарон кор мекунанд ва онҳо ду фарзанди бекор доранд, онҳо бояд чор маоши ҳадди аққали таъиншуда дар ҳамин минтақаро дошта бошанд. Ҳар минтақа нишондоди худро дорад.
Дар мисоли Маскав мегӯям, ки бояд 39 ҳазору 731 рублро ба чаҳор зарб занӣ. Онҳо бояд моҳе дар умум 159 ҳазору 924 рубл кор кунанд. Муҳим нест, ки шавҳараш 100 ҳазору занаш 60 ҳазор рубл кор кунад. Вале ин ҷо гап дар бораи маоши расмӣ меравад. Мутаассифона, бисёр муҳоҷирон ба имзои созишномаҳое розӣ мешаванд, ки он ҷо маоши расмӣ танҳо 30 ҳазор рубл навишта шудааст. Яъне дар натиҷа, онҳо гӯё даромади расмӣ надоранд.
Оиларо ихроҷ мекунанд, чунки даромади расмӣ надоранд. Ин 30 ҳазор рубл кофӣ нест. Қонун ингуна сохта шудааст, ки пули муҳоҷиронро аз соя берун биёранд. Вале ба бовари ман, муҳоҷирон як нақшаи санҷишӣ аст ва дар навбати баъдӣ ин корро бо шаҳрвандони Русия хоҳанд кард.”
Радиои Озодӣ: Дар ташаббуси мазкур кадом зермаъноҳое ҳаст, ки онро бояд мадди назар дошт?
Валентина Чупик: “Зермаънояш ин аст, ки Вазоркати корҳои дохилӣ мехоҳад, барномаи қабули гурӯҳии муҳоҷиронро ба кор пеш барад ва дар ин сурат гап дар бораи ғуломӣ меравад. Онҳо аз соли 2019 мехостанд, инро ҷорӣ кунанд.
Он замон номашро “Конспесияи сиёсати муҳоҷирати миллӣ” номиданд, ки барои солҳои 2020-2025 пешбинӣ мешуд. Ин санад аз 96 саҳифа иборат буда, он замон вазорат пораҳои онро нашр мекард. Ба миллатгароҳо тавре муаррифӣ мекарданд, ки муҳоҷирон ба ғулом табдил мешуданд, ба иқтисоддонҳо , чун муҳоҷирати қонунӣ ва даромадҳои расмӣ. Ба ҳомиёни ҳуқуқ мегуфтанд, ки муҳоҷирон мақоми доимӣ мегиранд. Ин санадро он вақт касе пурра нахонда буд. Вақте ман хондаму ба даҳшат афтодам, мо онро хеле танқид кардем, ба матбуот ҳам хабар додем.
Ташаккур ба шумо ва коршиносони зиёде, ки ёрӣ карданд ва ин санадро дигар ба баррасӣ нагузоштанд. Он ҷо ҳам ташаббуси эҷоди феҳристи афроди таҳти назорат ҷой дошт ва онро соли 2025 татбиқ карданд. Сохтани замимаи “Амина” ҳам бори аввал дар ҳамин санад буд. Дар натиҷа, ҳоло он бо беҳтарин шакл амалӣ шудааст. Дар маҷмӯъ, қонуни мазкур барои як муддати аввал, масалан як сол ё якуним сол бар зарари муҳоҷирон шавад. Вале баъд боиси рукуди иқтисоди Русия мешаваду дурудароз намемонад.»
Радиои Озодӣ: Шумо аз кори замимаи “Амина” ёдовар шудеду баҳои мусбат додед. Назаратонро шарҳ медодед.
Валентина Чупик: “Амина” як василаи хубе барои аз байн бурдани порагириҳои ҳаррӯза мебошад. Ба ман муроҷиат аз тамаъҷӯиву пораситониҳои ҳамарӯза хеле кам шудааст, то чор баробар. Масалан, ҳоло дигар барои истодан дар қайди муҳоҷират коғаз лозим нест.
Пеш ҳар як полиси сари роҳ метавонист аз дасти муҳоҷир ҳамин коғазчаи сабтиномашро мусодира карда бигӯяд, ки ӯ қайде надорад. Ҳоло ин қайд дар замима вуҷуд дорад ва онро пок карда наметавонанд. Номи онҳо дар база ё пойгоҳи иттилоотӣ вуҷуд дорад.
Полис агар бадӣ кардан хоҳад, телефони муҳоҷирро гирифта, геолокатсияро мекушад ва мегӯяд, “бубин, ту ин барномаро куштӣ, маълумот дар бораи ҳаракатҳои ту нест, ту қонунро вайрон мекунӣ”. Вале барқарор кардани он хеле соддаву осон аст. Агар бо шумо чунин коре карданд, ба ман занг занед, зуд ёрӣ мерасонам ва ин тӯҳматро ҳам бартараф мекунем. Ҳоло дар 92% қарорҳои ихроҷу ҷаримабандӣ мо баранда мешавем. Чунки полис бесаводона амал мекунад.
Росташро гӯям, “Амина” дар ҳимояти муҳоҷирон мусоидат мекунад, ҳарчанд он ҳуқуқи муҳоҷиронро ба ҳарими хусусӣ вайрон мекунад, чунки ҳамеша ҳаракату рафтуомадҳои инсонро назорат мекунад.»
Дар Русия бештар аз як миллион нафар аз муҳоҷирони тоҷик кору иқомат мекунанд, агарчӣ ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон теъдоди онҳо ба сабаби сахттар шудани қоидаҳои кор барои муҳоҷирон солҳои ахир камтар шудааст.
Гуфтугӯ