Раисҷумҳури Украина аз тасмими фиристодан ва ҷобаҷойии аз 30 то 50 ҳазор нерӯи артиши Кореяи Шимолӣ барои кумак ба Русия дар ҷанг бо Украина хабар дод, аммо шарҳ надод, ки маълумотро аз чӣ роҳе ба даст овардааст.
Ҷанги беш аз чорсолаи Русия алайҳи Украина зиндагии ҷонварону парандагонро низ дигар кардааст. Муҳаққиқони украинӣ мегӯянд, лонаҳои парандагонро ёфтанд, ки бо хати нахи нурӣ сохта шудаанд. Хатҳои нахи нуриро дар ҷанг ҳангоми ҳамла бо дрон ё паҳподҳо истифода мекунанд.
Бо афзоиши истихроҷи тило дар Афғонистон, дар баъзе аз гӯшаҳои вилояти Бадахшони он кишвар заминаи кор ва даромад барои ҳазорон нафар фароҳам шудааст. Аммо дар канори он, нигарониҳо дар бораи тахриби дарёҳо, заминҳои кишоварзӣ ва чарогоҳҳои минтақа низ афзоиш ёфтааст.
"Мо ба самти бӯй қадам мезанем. Шояд дар роҳ касеро ёбем. Аз ин ҷо... бӯйи ҷасад меояд." Олексий Юков зиндагии худро ба пайдо ва шиносоӣ кардани ҷасади сарбозони ҷонбохта дар вилояти Донетски Украина бахшида буд.
Дар як соли охир дар Русия ҷазо додани муҳоҷирону камшуморон ё ақаллиятҳои миллӣ барои адои намоз дар кӯча ва суҳбат дар бораи арзишҳои динӣ дар маконҳои умумӣ ё хусусӣ зиёдтар шудааст. Аз ҷумла, ду ҷавони тоҷикро ҳам барои ин кор ҷаримаҳои калоне баста, аз Русия ронданд.
Мақомоти Украина рӯзи чоруми август бо нашри наворе гуфтанд, ки як ҳавопаймои бесарнишин (дрон, паҳпод)-и Русия мардеро дар бозори вилояти Херсон таъқиб карда, ба ӯ зарба задааст.
Ҷей Ди Венс, муовини раисҷумҳури Амрико, рӯзи 5-уми август гуфт, музокирот барои даст ёфтан ба созиш бо Эрон "печида ва пурчолиш" хоҳад буд ва ба вақт ниёз дорад.
Бо амиқрафти ҷанги Русия бо Украина ва тақвияти ҳамкории Маскаву Чин, Эрон ва Кореяи Шимолӣ, Вашингтон роҳҳои муассири фишорро ба Кремл баррасӣ дорад.
Раисҷумҳури Амрико гуфт, пас аз илтимоси Эрон ва дархости ҳампаймонҳои кишвараш дар Халиҷи Форс, "бузургтарин ҳамла аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дувумро ба Эрон боздошт". Доналд Трамп афзуд, музокироти ду тараф рӯзи 3-юми август аз сар гирифта мешавад ва созиш дар мавриди тангии Ҳурмуз “ногузир аст”.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, субҳи 2-юми август эълон кард, ки ҳамлаҳои тоза ба Эронро мутаққиф кардааст.
Ёфтҳои бештар