“Толибон”, гурӯҳи тундрави ҳоким дар Афғонистон, дар пасманзари гузоришҳо дар бораи ин ки ҳукумати Амрико эҳтимол рӯзҳои наздик даҳҳо муҳоҷири афғонро ба воситаи Покистон ихроҷ кунад, аз Вашингтон хостааст, “масъулона рафтор кунад”.
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико гузоришҳоро дар бораи ихроҷи афғонистониҳо тасдиқ накард. Сухангӯйи вазорат дар баёнияе ба Радиои Озодӣ гуфт, “бори дигар таъкид мекунем, ҳамаи кишварҳо бояд ба гунае тавони идораи марзҳо ва равандҳои муҳоҷиратии худро дошта бошанд, ки амнияту субот ва рифоҳи шаҳрвандонашон таъмин гардад.”
Мақомоти Покистон дар бораи ин гузоришҳо изҳори назар накардаанд. Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар ба чандин талоши Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи телефонӣ ва хатӣ посух надод.
Пешниҳоди "ҳамкории созанда"
Созмони иҷтимоии AfghanEvac, ки дар Калифорния ҷойгир аст, гуфт, ҳукумати Амрико барои рондани беш аз 150 афғонистонӣ аз аёлати Луизиана омода мешавад. Шон ВанДайвер, раиси ин созмон, гуфт, ҳавопаймое, ки муҳоҷирони афғонистонӣ, аз ҷумла ду занро интиқол медиҳад, дар Исломобод поин хоҳад шуд. Ӯ гуфт, намедонад Вашингтон ва Исломобод дар ин масъала ба чӣ тавофуқ расидаанд.
Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" рӯзи 2-юми ноябр дар баёнияе аз Иёлоти Муттаҳида хост, ҳуқуқи афғонистониҳоеро, ки бо ихроҷ дучор ҳастанд, эҳтиром кунад. Дар баёния ҳамчунин гуфта шудааст, ки мақомоти "Толибон" омодаанд бо дарназардошти "воқеиятҳои мавҷуд ва нигарониҳои ду тараф" бо Вашингтон "ҳамкории созанда" кунанд.
Рӯзномаи The New York Times рӯзи 30-юми октябр бо такя ба нақли се мақоми амрикоӣ хабар дод, ки муҳоҷирони афғон ҳоло дар Луизиана нигаҳдорӣ мешаванд. Хабаргузории Associated Press низ бо такя ба ҳуҷҷате, ки ба гуфтааш аз додгоҳ аст, гузоришҳои монандеро нашр кард.
Азбаски Иёлоти Муттаҳида бо "Толибон" муносибати расмии дипломатӣ надорад, наметавонад ихроҷи боздоштшудагонро ба Афғонистон ташкил кунад. Ба ҷойи ин, онҳо ба Покистон фиристода мешаванд ва сипас Исломобод онҳоро ба Афғонистон мефиристад.
Толибон зоҳиран бо ишора ба Покистон гуфтаанд, "кишварҳои сеюм набояд барои ба даст овардани имтиёзҳои муваққатӣ ва маҳдуд ё бо дарназардошти мулоҳизаҳои дигар бар сари сарнавишти шаҳрвандони кишвари дигар муомила кунанд."
Ду ҳампаймон буданд, вале...
Покистон ва Толибони Афғонистон, ки даҳсолаҳо ҳампаймон буданд, аз моҳи октябри соли 2025 ба ин сӯ, дар пасманзари чанд даргирии хунин дар марзи ду кишвар, дар бунбасти дипломатӣ қарор доранд. Покистон Толибони Афғонистонро ба паноҳ додан ба ҷангҷӯёни Таҳрики Толибони Покистон дар кишвари худ муттаҳам мекунад. Толибони Афғонистон ин иттиҳомро рад карда, мегӯянд, ба ҳеч кас иҷоза нахоҳанд дод, ки қаламрави Афғонистонро бар зидди кишвари дигар истифода кунад.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон аз таҳдид ба ҷони касоне, ки ба Афғонистон ронда хоҳанд шуд, изҳори нигаронӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, дар миёни муҳоҷирони мавриди ҳадаф хешовандони афроде ҳастанд, ки пеш аз хуруҷи низомиёни Амрико дар соли 2021 ба нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида кумак карда буданд.
Refugees International, як созмони ҳомии фаъолиятҳои башардӯстона дар Амрико, гуфтааст, муҳоҷирони афғон бо "таъқиби ҳадафмандона" аз сӯи Толибон мувоҷеҳанд. Мудири ин созмон рӯзи 1-уми ноябр дар баёнияе гуфт, ҳарчанд "мо дар бораи тавофуқ бо Покистон ҷузъиёт надорем", рӯшан аст, ки "ҳавопаймо дар кишваре поин мешавад, ки ба ихроҷи иҷбории оммавии одамон ба Афғонистон даст задааст."
Покистон аз моҳи сентябри соли 2023 ба ин сӯ тақрибан 2,5 миллион афғонистониро ба кишвари ҷангзадаашон баргардондааст. Даҳҳо ҳазор афғонистонӣ баъд аз тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон дар моҳи августи соли 2021 аз кишвари худ фирор карданд. Ҳазорон нафари онҳо ҳамчунон дар Покистон ҳастанд ва мунтазири кӯчонидан ба кишварҳои сеюм мебошанд.
Дар ҳоле ки бисёре аз афғонистониҳо аз тарси чораҳои интиқомҷӯёнаи Толибон аз кишвари худ гурехтаанд, гурӯҳи дигар барои раҳоӣ аз мамнӯиятҳои Толибон бар озодиҳои шаҳрвандӣ, аз ҷумла таҳсил, мусиқӣ ва озодии баён, кишварро тарк карданд.
Афғонистон пайваста дар қатори бадтарин кишварҳои ҷаҳон аз нигоҳи поймоли ҳуқуқи инсон, бахусус ҳуқуқи занон, ҷой дода мешавад. Созмони Милал борҳо ҳушдор додааст, ки мамнӯиятҳои Толибон дар мавриди таҳсили духтарон дар Афғонистон як “насли гумшуда”-ро ба вуҷуд меорад. Бар асоси омори Созмони Милал, ки моҳи июн ба Шӯрои Амният пешниҳод шуд, қариб 3,8 миллион духтари афғонистонии аз 7 то 18-сола дар ин кишвар аз таҳсил маҳруманд.
Гуфтугӯ