Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон аз ҳалокати як сокини ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, ки бар асари тирандозии марзӣ ба ҳалокат расид, "ибрози таассуфи амиқ" карда, онро кори "афроди вайронкор ва фурсатталаб" донистааст.
Чаро “Толибон” дубора ба қудрат расид? Вазъи мардум, бавижа занону духтарон, дар Афғонистон чӣ шуд? Мухолифини “Толибон” чӣ кор карда метавонанд? Посухи ин ва пурсишҳои дигарро аз раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон, адиб ва назарияпардози шинохташуда, Латифи Пидром, пурсидем.
"Мо ҳамеша барои ӯ ғусса мехӯрем. Ҳеч гоҳ он рӯзҳои сахтро фаромӯш намекунем." Як зани ҷавон дар Афғонистон мегӯяд, хоҳараш Куброи 22-сола ҳангоми ба дунё овардани тифл аз хунравии зиёд ҷон бохт. Кӯдакаш ҳам зинда намонд.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки ҳудуди 2,4 миллион духтар дар Афғонистон аз соли 2021, пас аз бозгашти Толибон ба қудрат, аз таҳсилоти миёна маҳрум шудаанд.
Бо афзоиши истихроҷи тило дар Афғонистон, дар баъзе аз гӯшаҳои вилояти Бадахшони он кишвар заминаи кор ва даромад барои ҳазорон нафар фароҳам шудааст. Аммо дар канори он, нигарониҳо дар бораи тахриби дарёҳо, заминҳои кишоварзӣ ва чарогоҳҳои минтақа низ афзоиш ёфтааст.
Ҳаракати “Толибон” неруҳояшро дар вилояти Бадахшони Афғонистон ҷамъ меорад. Ин вилоят бо Тоҷикистон ҳаммарз аст.
Мақомҳои ҳукумати Толибон гуфтаанд, ки дар ҷараёни Форуми тиҷорӣ миёни Афғонистон ва Узбекистон даҳҳо созишномаи тиҷорӣ ба арзиши садҳо миллион доллар байни сармоягузорони афғон ва узбек, имзо шудааст.
Тибқи гузоришҳо, тайи ду рӯзи ахир дар чанд ноҳия ё вулусволии вилояти Бадахшони Афғонистон миёни нерӯҳои ҳукумати Толибон ва ҷангиёни мухолифи онҳо даргириҳо сурат гирифтааст. Бар пояи хабарҳо, чунин задухӯрдҳо аз ҷумла, дар ноҳияҳои Зебок, Дароим ва Хоҳон рух дода, талафоти ҷонӣ дар пай доштааст.
Мақомҳои ҳукумати Толибон дар вилояти Бадахшони Афғонистон тасдиқ карданд, ки маркази вулусволӣ ё ноҳияи Яфтали Поён шоми ҷумъа барои чанд соат ба дасти як гурӯҳи мусаллаҳ афтодааст.
Ёфтҳои бештар