Дар як ҳамоиши энержӣ дар Ишқобод дар охирҳои октябр Туркманистон эълони ғайричашмдоште кард. Пас аз солҳои дарози таъхир ва овозаҳои бекор шудан, ба ҳозирон гуфта шуд, ки лӯлаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон (TAPI) акнун “то даромадгоҳи Ҳирот расида, то охири 2026 ба кор андохта хоҳад шуд".
Оғози кораш номаълум, аммо иддаои "даромадгоҳи Ҳирот" дуруст ба назар мерасад. Тасвирҳои моҳвораӣ аз 7-уми ноябр нишон медиҳанд, ки лӯла аз марзи ҷанубии Туркманистон то ба 22-километрии ғарби Ҳирот расидааст.
Бино бар нақша дарозии лӯла 1800 километр хоҳад буд ва газро аз кони "Галкиниш"-и Туркманистон ба Афғонистон, Покистон ва ниҳоят Ҳинд хоҳад расонд.
Ин лоиҳа бори аввал дар солҳои 1990-ум ба миён омад, аммо ҷанги Афғонистон ва пархоши геополитикии қудратҳои шарик онро ба гӯшаи фаромӯшӣ андохт. То соли 2024 ба назар мерасид, ки Ҳиндустон аз TAPI рӯй тофта, майли Покистон ба он низ дар ҳамин давра суст шуд. Ин коҳиши таваҷҷуҳ, дар баробари арзиши лоиҳа, ки то 10 миллиард доллар баровард шудааст ва таъхир дар иҷрои он, боис шуданд, ки баъзе таҳлилгарон садоқати Туркманистонро ба TAPI зери суол баранд.
"Чизи аввал ифтихор аст," -- мегӯяд Ҷон М. Робертс, коршиноси аршади "Шӯрои Атлантик" (Atlantic Council) аз Бритониё ба Радиои Озодӣ, баъди он ки наздики Ҳирот расидани лӯла расонаӣ шуд, "ба фикрам, [Туркманистон] ончунон шефтаи лоиҳа буд, ки мехост, ҳарчӣ шуда, идома ёфтани корро нишон диҳад". Аммо сарсахтии Ишқобод дар иҷрои TAPI метавонад дар шароити бӯҳрони энержӣ, ки бар асари ҷанги Эрон пеш омадааст, ба он арзиши нав зам кунад.
Баста шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз аз ҷониби Теҳрон, ки интиқоли захираҳои энержиро аз Халиҷи Форс қатъ кард, эҳтимол таваҷҷуҳи Покистонро ба TAPI эҳё намудааст. Дар ҳамон ҳамоиши Ишқобод, ки пешрафти TAPI-ро эълон кард, Форёл Леғарӣ, сафири Покистон дар Туркманистон, гуфт, кишвараш ба пешбурди тарҳ "пойбанд" аст. Ин дар ҳолест, ки Ишқобод барои расондани лӯла то Ҳирот 600 миллион доллар ҷудо кардааст.
"Суоли калидӣ", ба гуфтаи Робертс, ин аст, ки оё онҳо метавонанд, пойи сармоягузори асосии минтақа — Чинро ҳам ба ин лоиҳа кашанд, зеро эҳтимоли он ки туркманҳо ба танҳоӣ пули тарҳро диҳанд, кам аст. Афғонистон, дар навбати худ, пешниҳод кардааст, ки Русия ба ин тарҳ сармоя гузорад.
Кобул мефаҳмад, ки на танҳо ба ин сӯзишворӣ дастрасӣ пайдо мекунад, балки дар сурати то Покистону Ҳиндустон расидани лӯла, барои транзити газ ҳар сол садҳо миллион доллар хоҳад гирифт.
Сокинони Афғонистон, ки шоҳиди сохтмони лӯла дар кишварашонанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, кор бо сахтӣ зиёд пеш меравад. Аз ҷумла роҳи лӯла бо минтақаҳои душвор ва минаҳои нотаркида рӯ ба рӯ мешавад. Ба гуфтаи онҳо, сохтмонро танҳо муҳандисон ва коргарони туркман бо истифода аз таҷҳизоти худашон анҷом медиҳанд. Вазифаи ҷониби Афғонистон танҳо таъмини бехатарӣ ба воситаи афроди мусаллаҳ аст.
"Ҳар субҳ дар гузаргоҳи марзии Турғундӣ дар байни Афғонистон ва Туркманистон микроавтобусҳо ё автобусҳои марбут ба туркманҳо коргаронро ба сохтмонгоҳ меоранд. Шомгоҳон коргаронро пас мебаранд," – гуфт як марди афғонистонӣ ба Радиои Озодӣ, ки номаш бо сабабҳои амниятӣ зикр намешавад.
Дар Ҳирот, ки дар моҳҳои охир сокинон аз болоравии нархи газ ва норасоии барқ азият кашида, фаъолияти корхонаҳо низ халал мебинад, мардуми маҳаллӣ аз наздик шудани лӯла истиқбол карданд.
Абуалӣ, як сокини Ҳирот, инро "нишонаи ҳақиқии умед" ва мояи хушҳолии ҳиротиён номид.
Абдулсабур Раҳмонӣ, як барномасози 27-сола, аз ҳоло дар фикри нарху навост: "Ман, мисли дигар сокинони Ҳирот, талаб дорам, дастрасӣ ба ин газ шаффоф бошад. Нархи он бояд танҳо каме аз нархи ҷаҳонӣ болотар бошад, на ин ки онро бо нархҳои афзояндаи ҳозира, балки каме арзонтар ба мо фурӯшанд".
Афғонистон дар қиёс бо ҳамсояҳои шарқияш пойгоҳи саноатии бисёр хурд дорад ва бино бар нақша танҳо тақрибан 5 дарсади гази ин лӯларо хоҳад гирифт, дар ҳоле ки 95 дарсади боқимонда бояд баробар байни Покистон ва Ҳиндустон тақсим шавад.
Ба гуфтаи Робертс, густариши минбаъдаи TAPI то бозорҳои энержии Ҳинду Покистон як ҳадафи комилан мантиқист, аммо бо назардошти номуайянии геополитикӣ дар минтақа ва ҳамчунин майл надоштани Туркманистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ ояндаи онро норӯшан мегузорад.
"Ҳеч кас ба ҳастии захираҳои азими Туркманистон шак надорад, аммо корбурди онҳо барои содирот масъалаи тамоман дигар аст," – афзуд Робертс.
Гуфтугӯ