Волкер Турк, Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон, ба зидди идомаи ихроҷи паноҳҷӯён ва муҳоҷирони афғонистонӣ аз кишварҳои мизбон, аз ҷумла Тоҷикистон садо баланд кард ва ин равандро нақзи қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва қонунҳои паноҳандагӣ хонд.
Дар баёнияи расмие, ки Созмони Милал рӯзи 22-уми май нашр кард, ӯ гуфтааст: "Занон, кӯдакон ва мардони афғонистонӣ аз кишварҳое, ки барои амният дар он ҷо паноҳ бурда буданд, ҳамчунон берун ронда мешаванд. Ин кор онҳоро маҷбур мекунад, ки бар хилофи хоҳиши худ ба Афғонистон баргарданд ва ба хатарҳои ҷиддӣ рӯбарӯ шаванд."
Бино ба гузориши Комиссариати Олии СММ Дар Умури Паноҳандагон (UNHCR), аз оғози соли 2026 то кунун, тақрибан 270 ҳазор шаҳрванди Афғонистон, асосан аз Эрон ва Покистон, ба кишварашон ихроҷ шудаанд. Дар баёния омадааст: “Ҳамчунин гузоришҳо дар бораи ихроҷи теъдоди камтари паноҳҷӯён аз Туркия ва Тоҷикистон низ дастрас шудаанд.”
Рӯзи 15-уми май дар ин муассисаи Созмони Милал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “аввали сол то кунун 882 афғонистонӣ аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд ва 540 нафари онҳо паноҳҷӯёне будаанд, ки ҳукумат сабти ном кардааст.” Бобур Балуч, сухангӯи созмон дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ин созмон “аз ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, даъват мекунад, ки ҳеч касро маҷбуран ба ҷое барнагардонанд, ки дар он ҷо ҳуқуқ ё озодиҳои ӯ зери хатар мемонад. Ҳама гуна бозгашт бояд ихтиёрӣ, амн ва шарафмандона сурат бигирад.”
Дар гузориши Дафтари Созмони Милал дар Афғонистон ва Дафтари Ҳуқуқи Башари СММ бо номи "Паноҳгоҳи ноамн", омадааст, теъдоде аз мардумеро, ки маҷбур ба Афғонистон баргаштаанд, Толибон худсарона боздошту зиндонӣ кардаанд ва ё ба онҳо бадрафториву шиканҷаро раво дидаанд.
Дар гузориш омадааст, занону духтарон, афроди вобаста ба ҳукумати пешин ва нерӯҳои амниятии он, кормандони расонаҳо, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ақаллиятҳои ҷинсӣ аз ҷумлаи касоне ҳастанд, ки ба хатари ошкори интиқомҷӯӣ ва нақзи ҳуқуқ рӯ ба рӯ ҳастанд.
Волкер Турк гуфтааст: "Баргардонидани маҷбурии афроди зери хатар ба Афғонистон, ба усули асосии ҳуқуқи байналмилалӣ мухолифат мекунад. Ман аз кишварҳо хоҳиш мекунам, ки ба аҳдҳои байналмилалии худ вафо кунанд ва аз ҳар гуна амале, ки ҳаёти афғонистониҳоро пас аз бозгашт ба хатар меандозад, худдорӣ намоянд." Соли гузашта беш аз 1,2 миллион афғонистонӣ аз Эрон ва 150 ҳазор нафар аз Покистон ихроҷ шуда буданд.
Аввали моҳи май мақомоти Тоҷикистон ҳудуди 250 муҳоҷири афғонистониро аз вилояти Суғд ба ватанашон бозпас фиристоданд. Ихроҷи дастаҷамъӣ баъди он сурат гирифт, ки мақомоти интизомӣ як ҷавони афғонистониро бо иттиҳоми қатли зане дастгир карданд. Дар гузашта ҳам мақомоти расмӣ, даҳҳо паноҳҷӯро шабу нимашаб аз хонаҳояшон бардошта ва ба Афғонистон ихроҷ кардаанд.
Бори аввал нест, ки Созмони Милали Муттаҳид ҳукумати Тоҷикистонро барои ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ танқид карда ва аз он хостааст, ки бо риояти ӯҳдадориҳои байналмилалии худ, ихроҷи ин паноҳҷӯёни мӯҳтоҷ ва таҳти хатарро бас кунад.