Баъзе расонаҳои маҳаллии Афғонистон бо истинод ба манбаъҳои худ хабар доданд, ки гӯё мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирони афғонистонӣ 15 рӯз муҳлат додаанд, то кишварро тарк кунанд. То ба ҳол мақомоти тоҷик расман дар ин бора изҳорот надодаанд.
Телевизиони Ому ва бархе расонаҳои дигари Афғонистон рӯзи 8-уми июл бо такя ба манобеашон хабар доданд, ки гӯё мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирони афғонистонӣ ду ҳафта муҳлат додаанд, то кишварро тарк намоянд.
“Давлати Тоҷикистон дар ҳоле муҳоҷиронро боздошт ва ба иҷбор ба Афғонистон ихроҷ мекунад, ки аксари онон мадорик (санад)-и қонунӣ дар ин кишварро доранд,” – гузориш додааст телевизиони Ому.
Ин расона аз қавли манобеаш хабар додааст, ки шумораи зиёди муҳоҷирон кормандони давлати пешини Афғонистон ҳастанд, ки пас аз суқути низоми ҷумҳурият дар соли 2021, аз тарси “таҳдид ва пайгард тавассути Толибон” ба Тоҷикистон паноҳ оварданд. Радиои Озодӣ мустақилона ин маълумотро тасдиқ карда наметавонад.
Дар ду рӯзи ахир миёни муҳоҷирони афғонистонӣ паёми хаттие ба таври густарда паҳн шудааст, ки дар он омадааст, агар паноҳандагон то ду ҳафтаи дигар Тоҷикистонро тарк накунанд, ба таври иҷборӣ ихроҷ хоҳанд шуд.
Радиои Озодӣ барои дарёфти шарҳи расмӣ ба Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиат кард, вале то лаҳзаи таҳияи ин гузориш посухе дарёфт накард. Идораи кор бо паноҳандагон дар тобеияти ҳамин вазорат қарор дорад.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ 9-уми июл бо чанд муҳоҷири афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдат суҳбат карданд. Онҳо дар суҳбати ғайрирасмӣ гуфтанд, ки чунин овозаҳо ба гӯшашон расидааст, вале то ҳол мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ ба онҳо чизе нагуфтаанд.
Дар Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти муҳоҷирони афғонистонии «Ориёно» низ гуфтанд, ки аз мақомоти тоҷик дар мавриди ихроҷи паноҳандагони афғонистонӣ ҳеч гуна огоҳии расмӣ нагирифтаанд.
Паҳн шудани чунин хабар дар ҳолест, ки дар як соли ахир гузоришҳо дар бораи бозгардонии иҷбории гурезаҳо ба Афғонистон зиёдтар шудааст. Вазорати муҳоҷирони ҳукумати Толибон рӯзи 31-уми май дар хабарномае эълом кард, ки 49 муҳоҷири афғон рӯзҳои 28-29-уми май «ба сабабҳои номаълум» аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.
Телевизиони Ому 8-уми июл гузориш додааст, ки давлати Тоҷикистон дар як ҳафтаи ахир рӯзона даҳҳо муҳоҷири афғонистониро ихроҷ карданд, ки бештарашон мардони хонавода буданд. Шарҳии расмии мақомоти Тоҷикистон дар ин бора дастрас нест.
Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури гурезаҳо чандин бор аз мақомоти Тоҷикистон дархост кардааст, ки ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ қатъ карда шавад. Бар пояи иттилои охирини Созмони Милал, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон тахминан 9 ҳазор паноҳҷӯи афғонистонӣ ба сар мебаранд.
Хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷи муҳоҷир аз Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран Ҷумҳурии исломии Эрон ҳазорон гурезаи афғонистониро ихроҷ кард. Як мақоми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии исломӣ 7-уми июл гуфт, аз нимаи дувуми моҳи март то кунун беш аз 700 ҳазор шаҳрванди Афғонистон аз Эрон ихроҷ шудаанд.
Бар асоси гузоришҳо ва омори нашршуда, раванди ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон пас аз ҷанги 12-рӯзаи Исроил ва Эрон шиддат гирифт. Тибқи маълумоти ниҳодҳои кор бо муҳоҷирон, миллионҳо афғон дар Эрон зиндагӣ мекунанд, ки бисёре аз онҳо иҷозатномаи расмии иқомат надоранд.
Гуфтугӯ