Cоли 2004 ба ҳайси хабарнигор дар вилояти Хатлон бо Радиои Озодӣ бипайваст. Дертар гузоришгар дар Душанбе таъин гардид.
Соли 1973 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Пас аз хатми факултаи журналистика ва тарҷумонии ДДМТ дар соли 1996 дар нашрияҳои "Ҷумҳурият" ва "Рӯзи нав" ба ҳайси мудири бахш кор кардааст.
Як ҷавон дар Душанбе робот сохтааст ва талош дорад, ки ба он зеҳни сунъӣ насб кунад.
Дар шаҳри Душанбе байни муштариёни як ширкати сохтмонии дигар моҷаро бархостааст. Сабаби даъво ва норизоиятӣ мутаввақиф шудани кор ва ҳам фурӯхтани як хона ба чанд нафар аст.
Дар шаҳри Душанбе байни муштариёни як ширкати сохтмонии дигар моҷаро бархостааст. Сабаби даъво ва норизоиятӣ мутаввақиф шудани кор ва ҳам фурӯхтани як хона ба чанд нафар аст. Харидорони ин хона рӯзи 21-уми январ дар назди бинои ниматамом ҷамъ омаданд ва аз кори ширкати “МФ сохтмон”, шикоят карданд.
Мақомоти интизомии Душанбе, зоҳиран дастур гирифтаанд, ки дигар иҷоза надиҳанд, ки мардикорон дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр ҷамъ шуда, ба истилоҳи мардумӣ “мардикорбозор” ташкил кунанд.
Фарқияти харид ва фурӯши доллар дар бонкҳои Тоҷикистон бархе муштариён, аз ҷумла тоҷирону соҳибкоронро нигарон намудааст. Дар баъзе бонкҳо 100 долларро 920-922 сомонӣ харида, 937 то 940 сомонӣ мефурӯшанд. Тоҷирон мегӯянд, фарқияти зиёди дар хариду фурӯши доллар ба кори онҳо зарар мерасонад.
Фарқияти харид ва фуруши доллар дар бонкҳои Тоҷикистон бархе муштариён, аз ҷумла тоҷирону соҳибкоронро нигарон намудааст. Дар баъзе бонкҳо хариди доллар 920-922 ва фуруши он 937то 940 сомонӣ ҳам ба роҳ монда шудааст.
Гушти гови беларусӣ ва гӯсфанди қазоқиву муғулӣ. Ин саҳна дар дӯконҳои гӯштфурӯшии аксари бозорҳои бузурги шаҳри Душанбе аз миёнаҳои моҳи декабр ба ин сӯ мушоҳида мешавад. Харидорон ва фурӯшандагон аз камчин шудани гӯшти гову гусфанди маҳаллӣ дар бозорҳо нигаронӣ мекунанд.
Дар остонаи соли нави милодӣ хабарнигорони Радиои Озодӣ аз Қурбони Собир, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик пурсиданд, ки агар тавоноии фавқулодае пайдо мекард ва кореро дар ҷаҳон тағйир медод, чӣ буд? Посухашро бубинед.
Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки пайваста барои маҳдуд кардани озодии дину баён ва саркӯби мухолифон танқид мешаванд, дар соли 2025 серташвиш буданд.
Соли 2025 шоҳиди ҳамоишҳои раҳбарони Осиёи Марказӣ бо раҳбарони қудратҳои ҷаҳонӣ будем. Раисҷумҳурони Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон давоми сол ҳам бо президенти Русия, раҳбари Чин ва раисҷумҳури Амрико дидору гуфтугӯҳо доштанд.
Дар шароите ки сокинони рустоҳои Тоҷикистон аз камбуди шадиди барқ азият мешаванд, ҳукумат нархи истифода аз нерӯи барқро барои аҳолӣ ва корхонаҳо зиёд кард. Бар асоси қарори ҳукумат, нархномаи нав аз 1-уми феврали соли 2026 иҷро мешавад. Мардум барои ҳар киловатт-соат чӣ қадар пул хоҳанд супурд?
Дар шароите ки сокинони рустоҳои Тоҷикистон аз камбуди шадиди барқ азият мекашанд, ҳукумат нархи истифода аз нерӯи барқро барои аҳолӣ ва корхонаҳо зиёд кард.
Дар маҳаллаҳои мавсум ба Гардиши Ленинград ва Гардиши Фабрикаи ноҳияи Рӯдакӣ барқ нест, аммо борбардорҳои ширкатҳои сохтмонӣ ва бархе коргоҳҳои хурду миёна кор мекунанд.
Дар маҳаллаҳои мавсум ба “Гардиши Ленинград” ва “Гардиши Фабрика”-и ноҳияи Рӯдакӣ барқ нест, аммо борбардорҳо ва баъзе аз коргоҳҳои хурду миёна кор мекунанд. Инҳо низ аз барқ маҳруманд, вале ба хотири ақиб наафтодани сохтмон ва аз даст надодани муштарӣ маҷбуранд аз генераторҳо истифода кунанд.
Дар Душанбе имрӯз маросими хоксупории Гули Зард, адиби тоҷик барпо шуд. Ӯ дирӯз дар синни 62-солагӣ даргузашт. Гули Зард дар осораш бештар сарнавишти занонро ба тасвир мегирифт.
Ёфтҳои бештар