Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Монеа ҳаст ё не? Посухи мансабдори тоҷик ба шикояти соҳибкорон аз Узбекистон

Хуршед Каримзода
Хуршед Каримзода

Дар Хадамоти гумрук шикояти баъзе аз соҳибкорони узбекистониро дар бораи монеагузорӣ барои овардани молу маҳсулоти бинокорӣ, аз ҷумла кошӣ ё кошин аз Узбекистон ба Тоҷикистон беасос хонданд.

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, гуфт, монеа нест, вале бо сабаби дуруст набудани санадҳои пешниҳодӣ дар бештари маврид ҳуҷҷатгузории молу маҳсулот бо таъхир ё дермонӣ сурат мегирад.

Ӯ рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт: "Натанҳо кошӣ (кошин), дигар намуди молҳо ҳам ҳаст. На танҳо нисбат ба Узбекистон. Дар аксар ҳолат воридкунандагони мол ҳуҷҷатҳоеро, ки тибқи Кодекси гумруки Тоҷикистон муайян карда шудааст, пурра пешниҳод намекунанд. Ҳамчунин, нархи арзнамудаи воридкунандагони мол шубҳанок аст.”

Чанде пеш баъзе аз соҳибкорони узбекистонӣ аз монеагузории мақомоти Тоҷикистон барои воридоти маҳсулоти сохтмонӣ шикоят карданд.

Аз ҷумла, намояндаи ширкати "Knauf" рӯзи 17-уми январи имсол дар нишасте бо ҳузури муовини нахуствазири Узбекистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки сарфи назар аз пешниҳоди бастаи ҳуҷҷатҳо, маъмурони гумруки Тоҷикистон маҳсулотро бо таъхир ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд ва ин боис ба афзоиши арзиши молу коло мешавад.

Вай афзуд, “аз 1-уми декабри соли 2025 Тоҷикистон барои воридоти кошӣ барои ҳар як тонна 450 доллар пардохти иловагӣ ҷорӣ кардааст. Агар қаблан бо дарназардошти роҳ ва боҷҳо арзиши як тонна тақрибан 2000 доллар буд, имрӯз он то 12 ҳазор доллар расидааст. Тоҷирони мо ба масъулони ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карданд ва ин маҳдудиятҳои ҷоришуда дар шакли боҷу пардохтҳои иловагӣ ба худи масъулони ҳукумати Тоҷикистон ҳам писанд нест.”

Дар ҳамин мулоқот муовини сарвазири Узбекистон Ҷамшед Хӯҷаев дастур додааст, ки кӯшиш шавад ин маҳдудиятҳо аз байн бурда шаванд ва агар натиҷа надоданд, чораҳои ҷавобӣ татбиқ гарданд.

Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ин маврид худи соҳибкоронро айбдор кард, ки нархи маҳсулотро мутобиқ ба нархи бозор нишон намедиҳанд. Хуршед Каримзода гуфт: “Ҳангоми содирот худи истеҳсолгарони мол аз ҷумҳурии Узбекистон нархро камтар нишон медиҳанд. Дар асл дар бозор омӯзиш мекунем, нархҳо ба маротиб зиёд аст. Норозигӣ асосан аз ҳамин ҳисоб буд, ки гуё нархи кошӣ баланд бардошта мешавад. Ва нисбат ба нархи семент ҳамин ҳолат аст.”

Содироти молу коло аз Тоҷикистон ба Узбекистон дар соли гузашта 87 миллион доллар зиёд шудааст. Воридоти мол дар ин давра аз Узбекистон зиёда аз 49 миллион доллар афзудааст.

Бино ба омори ҷониби Узбекистон, додугирифт миёни ду кишвар дар соли гузашта ба тақрибан 738 миллион доллар расидааст. Маълум нест, радду бадалҳои ду ҷониб дар бораи мушкили гумрукӣ дар оянда ба каму зиёдшавии додугирифт таъсире хоҳад дошт ё не.

XS
SM
MD
LG