Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Долони нав миёни Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон. Пайомаде дорад?

Роҳи нав миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар остонаи озмоиши як долони икмолотӣ (лоҷистикӣ, таъминотӣ) қарор доранд, ки созишномаи он 16-уми июл дар шаҳри Машҳади Эрон имзо шуд. Интизор меравад, аввалин корвон то поёни моҳи август аз ин долон гузарад.

Таъсиси масири нав дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки Иёлоти Муттаҳида роҳҳои содиротии Эронро маҳдуд кардааст ва эҳтимоли даргириҳои нав бар сари тангии Ҳурмуз дар ҳоли афзоиш аст.

Дар Машҳад имзо шудани қарордоди сеҷониба ишора ба он аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ ташаббускор ва манфиатдори боз шудани ин долон аст. Сиёсатшиноси тарафдори ҳукумати Тоҷикистон Сайфуллоҳ Сафаров мегӯяд, ин тасмим пайомадҳои калони геополитикӣ надорад.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

"Аз назари иқтисодӣ ё сиёсӣ гирем, бисёр кори хубест. Ин нақша чандин вақт буд, мутаассифона, рақобати кишварҳо дар инҷо бисёр сахт аст. Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон тавонистанд ба воситаи Осиёи Марказӣ як роҳе аз Чин ба тарафи Эрон кушоянд ва бо ҳамин пеши ин роҳро бастанд. Эрон давлати калон аст ва аз ин долон хеле кам истифода мебарад. Ин фақат барои Афғонистон ва Тоҷикистон каме кумак мекунад," – гуфт ӯ рӯзи 5-уми август ба Радиои Озодӣ.

Ба қавли ин коршинос, иҷрои тарҳ беш аз ҳама ба ҷониби Афғонистон бастагӣ дорад.

Иқтисоддон Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, дар ҳоли боз шуданаш, долони нав ба содироти маҳсулоти нафтӣ аз Эрон ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ҳоло беш аз 90 дарсади ин маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия оварда мешавад. Аммо тайи моҳҳои охир бар асари зарбаҳои Украина коркарди нафт дар Русия ба поинтарин ҳад уфтода, ба дараҷаи соли 2005 баробар шудааст. Бо ин ҳама, Русия талош дорад, бозори нафтии худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз даст надиҳад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ба гуфтаи Ҳоҷимуҳаммад Умаров, ҳоло вазъ тағйир ёфтааст: "Ҳодисаҳои охир нишон доданд, ки вазъи бо маводи нафтӣ таъмин намудани Русия бисёр мураккаб аст. Агар Русия ба ин масъала аз назари манфиатҳои давлатияш нигоҳ кунад, он гоҳ ба ин хулоса омаданаш мумкин аст, ки дар ҳолатҳои буҳронӣ бигзор ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон худашонро бо маҳсулоти нафтии Русияву Қазоқистон ва ҳам Эрон таъмин кардан гиранд."

Ҷузъиёти таъсиси долони нав маълум нест. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон то лаҳзаи таҳияи гузориш ба номаи Радиои Озодӣ посух надод.

Дар ҳоли ҳозир кашондани молу коло миёни Тоҷикистону Эрон асосан ба воситаи Туркманистон ва Қафқози Ҷанубӣ сурат мегирад. Тоҷикистон ва Эрон дар се моҳи аввали имсол ба маблағи 119,6 миллион доллар додугирифт кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 8 дарсад бештар будааст.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG