Аз соли 2017 дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе кор мекунад. Соли 1993 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон. Дар гузашта хабарнигори нашрияҳои "Самак", "Нигоҳ" ва хабаргузории TojNews буд.
Тибқи қонунҳои нави Швейтсария, волидайн дар вақти тарбияи фарзанд набояд аз “зӯроварӣ ҷисмӣ" истифода баранд. Дар Тоҷикистон бархеҳо ҷазо додани фарзандро як роҳи тарбия медонанд. Радиои Озодӣ аз сокинон дар Душанбе пурсид, ки чаро то ҳол бархеҳо ҷазои ҷисмониро як роҳи тарбия медонанд?
Пас аз танқидҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ иҷрои нақши Абдураҳмони Ҷомиро дар филми “Ахтарон” аз Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси идораи “Тоҷикфилм” гирифта, ба Қурбони Собир додаанд. Ин иттилоъро ду манбаи огоҳ рӯзи 26-уми август ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд.
Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо худдорӣ кунанд, дар акси ҳол ҷарима хоҳанд шуд. Мақомоти Тоҷикистон як сол аст маъракаи мубориза бо фолбин ва ҷодугарҳоро ба роҳ мондаанд.
Аз моҳи сентябри соли 2025 маоши омӯзгорон дар Тоҷикистон 30 дарсад боло меравад. Ба гуфтаи мақомот, баъди ин зиёдшавӣ маоши омӯзгорон ба 1700 то 2700 сомонӣ ($ 180-280) мерасад. Хабарнигорони Озодӣ аз ҷавонон дар Душанбе пурсиданд, ки дар шароити феълӣ ва бо чунин маош мехоҳанд омӯзгор шаванд?
Радиои Озодӣ баъзе ҷузъиёти парвандаи афсари милисаеро пайдо кард, ки барои шиканҷаи як гумонбар ба 13 сол зиндон маҳкум шудааст. Музаффар Маҳмудзода, муовини сардори яке аз шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур дар Душанбе буд ва баҳсаш дар чанд додгоҳ идома дошт.
Ҳукумати Тоҷикистон тарҳеро пазируфтааст, ки бо харҷи 324 миллион доллар бояд дастрасии 72%-и аҳолиро бо оби пок таъмин кунад. Бо вуҷуди таблиғоти расонаҳои давлатӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон барои ҳалли мушкили об дар ҷаҳон, беш аз нисфи аҳолӣ, бахусус сокинони деҳаҳо оби ошомиданӣ надоранд.
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, даҳҳо “майнинг-ферма”-ро ошкор кардаанд, ки “ғайриқонунӣ ба тавлиди асъори рақамӣ (криптовалюта) машғул буданд”. Ба иттилои Ҳабибулло Волҳидзода, соҳибони ин дастгоҳҳои пулсозии рақамӣ ба миқдори қариб 39 миллион сомонӣ барқро пинҳонӣ истифода бурдаанд.
Вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, дар зиндонҳои кишвар ба ҳама маҳбусони бемор ёрии пизишкӣ расонда мешавад. Изҳороти Музаффар Ашӯриён дар ҳолест, ки пайвандони баъзе аз чеҳраҳои шинохта аз бад шудани вазъи саломати наздиконашон дар зиндон шикоят доранд.
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон муҳлати барҳамдиҳии “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро то моҳи июни соли 2027 дароз кард. Намояндагони додгоҳ гуфтанд, мудирони махсус давоми ду соли оянда бояд амволи бонкро фурӯхта, пули амонатгузоронро баргардонанд.
Додгоҳи низомии вилояти Хатлон як сарбози неруҳои марзбониро бо гуноҳи ба марг расондани ҳамхизматаш 10 сол зиндонӣ кард. Ҳукм 29-уми июл эълон шуд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон як сокини шаҳри Турсунзодаро бо иттиҳоми шиканҷа ва ба марг расондани фарзандаш боздошт кардаанд.
Раиси Кумитаи сохтмони Тоҷикистон мегӯяд, нархи хона дар шаҳри Душанбе ба таври назаррас боло рафтааст. Ба омори расмӣ, нархи миёнаи як метри мураббаъ манзил дар пойтахти Тоҷикистон феълан 800 доллар аст. Сокинон мегӯянд, харидани манзил дар пойтахти Тоҷикистон рӯз то рӯз мушкил мешавад.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як занро барои қаллобӣ ва фиреби даҳҳо нафар, ба даҳуним сол зиндон маҳкум кард.
Ширкатҳои ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" эълон кард, ки баъди созиш бо ширкати литвонии "Скайроуд лизинг", як ҳавопаймоаш дар Маскав аз ҳабс озод шудааст.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз вазъи боздоштгоҳҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нигаронӣ карда, гуфтааст, ки дар ин маконҳо ба дастгиршудаҳо ғизо намедиҳанд.
Додгоҳи низомии вилояти Хатлон баррасии парвандаи марги Сунатулло Қодиров, сарбози 21-солаи неруҳои сарҳадии Тоҷикистонро оғоз кардааст.
Паҳн шудани хабари эҳтимолии ихроҷи кулли паноҳандагони афғонистонӣ аз Тоҷикистон боиси нигаронии ҷиддӣ миёни онҳо шудааст.
Дар Тоҷикистон маблағи сабтиноми ҳизб, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагии созмонҳои байнулмилалӣ ду баробар зиёд мешавад.
Ёфтҳои бештар