Пайвандони Рамазоналӣ Басиров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҳамлаи паҳподӣ ба Нижнекамск дар Тотористони Русия кушта шуд, мунтазири интиқоли пайкар ё ҷасади ӯ ба ватан ҳастанд. Ҳамла ба Нижнекамск шаби 9 ба 10-уми август рух дод. Дар ин ҳодиса ҳашт зодаи Узбекистон низ ҷон бохтаанд.
Рамазоналӣ Басиров 30 сол дошта, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст. Равшан Нуруллоев, тағои Рамазоналӣ, рӯзи 11-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, хоҳарзодааш солҳо боз ба ҳайси ронандаи мошини борбардор (кран) кор мекард.
"Рамазоналӣ чанд сол боз ба Русия рафта, меомад. Бори охир дар Душанбе дар кадом сохтмон кор мекард ва сипас ба Русия даъваташ карданд. Ба мо фақат гуфтанд, ки дрон задааст. Дигар чизе намедонем," -- афзуд ин ҳамсуҳбати мо.
Ба нақли тағояш, Рамазоналӣ соҳиби се фарзанд аст. Калонияш 8 сол дорад. "Хабарро ба падараш расондем, аммо то ҳол ба модараш нагуфтем. Ӯ фишорбаландӣ дорад. То овардани ҷасад сабр мекунем. Рамазоналӣ ягона писар буд. Ду хоҳар дорад. Ба мо гуфтанд, субҳи 13-уми август аз Қазон ба Хуҷанд ҳавопаймо меояд, шояд аз ҳамин роҳ ҷасадро фиристанд. Бачаи хуб буд, пул мефиристод, аз паси зиндагӣ ва падару модараш буд," -- афзуд Равшан Нуруллоев.
Дар миёни захмиён тоҷикон низ ҳастанд?
Дар ҳамин ҳол, як намояндаи ҷомеаи тоҷикон дар Нижнекамск, ки бо далелҳои амниятӣ номаш фош намешавад, рӯзи 11-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "Рамазоналӣ Басиров ҳамагӣ як моҳ пеш барои кор ба Русия омада буд".
"Рамазоналӣ дар ширкати туркии "Ямата" кор мекард. Ин ширкат дар Нижнекамск корхонаи кимиёӣ месозад. Коргарон дар хобгоҳ ё ҳостел мезистанд," - афзуд мусоҳиби мо.
Дар иҷозатномаи кор ё патенти муҳоҷири тоҷик, ки Радиои Озодӣ нусхаашро дастрас кард, шуғли Рамазоналӣ Басиров ронандаи мошини борбардор (кран) зикр шудааст.
Ба гуфтаи намояндаи ҷомеаи тоҷикон, "ширкати корфармо ва ҳукумати Тотористон ваъда доданд, ки хароҷоти фиристодани ҷасадро пардохт мекунанд ва ҳамчунин ба хонаводаи ин ҷавон ҷубронпулӣ медиҳанд". Радмир Беляев, волии Нижнекамск, гуфтааст, ба хонаводаи қурбониён 2 миллион рублӣ ва ба зарардидагон аз 300 то 600 ҳазор рублӣ пардохт мешавад.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин ҳамла ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон захмӣ шудаанд ва "дар шифохона ҳастанд".
Ҳамла чӣ гуна рух дод?
Ҳамла ба Нижнекамск шаби 9 ба 10-уми август рух дод. Мақомоти Русия иддао карданд, ки паҳподҳои украинӣ иншооти мулкӣ ва саноатии Нижнекамскро ҳадаф қарор додаанд. Ситоди кулли артиши Украина мегӯяд, нерӯҳои ин кишвар ба корхонаи истеҳсоли нафти "Танеко" зарба заданд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дод, ки дар ин ҳамла асосан шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 8 узбекистонӣ ва як тоҷикистонӣ кушта шуданд. Дар ин ҳодиса ҳамчунин ҳудуди 20 шаҳрванди дигари хориҷӣ захмӣ шудаанд. Шахсияти онҳо маълум нест.
Дар Тотористон рӯзи мотам эълон шудааст.
Русия дар моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард ва аз он замон даргирӣ идома дорад.
Украина тайи моҳҳои охир ва дар посух ба ҳамлаҳои Маскав корхонаҳои коркарди нафти Русияро ҳадаф қарор дода, сабаби буҳрони сӯзишворӣ дар ин кишвар гаштааст. Тоҷикистон ҳам, ки беш аз навад дарсади маводи сӯхтро аз Русия меовард, акнун дар ҷустуҷӯйи роҳҳои алтернативист.
Гуфтугӯ