Гурӯҳе аз зиндониёни тоҷик дар маҳбаси шаҳри Волгогради Русия мегӯянд, зиндонбонҳо онҳоро сахт зери фишор қарор додаанд, то бо артиши Русия қарордод имзо кунанд. Онҳо аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, ки ба маҳбасҳои ватани худ интиқол дода шаванд.
Ҳазорҳо муҳоҷири корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Русияро тарк карда, ба ватани худ бармегарданд. Ин раванд чанд моҳ боз ҷараён дорад. Сахттар шудани сиёсати Маскав дар бахши муҳоҷират, афзоиши назорат ва ҷалби муҳоҷирон ба артиш ва ҷанг алайҳи Украина ҷаззобияти бозори кори Русияро камтар кардааст.
Хабари бад барои муҳоҷирон. Аз 1-уми январи соли 2027, муҳоҷирони корӣ дар Русия вазифадор мешаванд, барои ҳар як узви оилаи бекори худ дар Русия пул супоранд.
"Тоҷикон, оҳ, шаҳрвандони мо. Шашумин миллат. Шумо чӣ кор мекунед?" Ин баёнияи эътирозомези Сергей Миронов, вакили Думаи давлатии Русия, дар як нишасти матбуотӣ дар Маскав садо дод.
Қазияи шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон, ки бо вуҷуди давраи табобати бемории рӯҳӣ ва он ҳам пас аз куштор, аз Амрико ба Тоҷикистон фирор кардааст, баҳсҳоеро дар он кишвар барангехт. Ин ҳодисаро дар Амрико як далели дурустии сиёсати президент Доналд Трамп меноманд.
Дар Русия тарҳеро баррасӣ доранд, ки мумкин аст, аз соли 2027 низоми ҷалби коргарони хориҷиро пурра дигар кунад. Бар асоси ин тарҳ, муҳоҷирони корӣ ба корфармо мутобиқ ба касбашон ва ба минтақаи муайян вобаста мешаванд.
Дар муддати камтар аз се соли гузашта мақомоти Русия беш аз 4500 нафарро аз ҳаққи шаҳрвандии ин кишвар маҳрум кардаанд. Омори навро Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия, 11-уми август эълон карда, сабаби онҳоро низ як-як баршумурд.
Як афсари Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳангоми оббозӣ дар канори дарёи Панҷ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ғарқ шуда, ҷон додааст. Мақомот ҳеч иттилоъ намедиҳанд. Як манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 12-уми август бо шарти фош нашудани номаш гуфт, “капитан Ҷаҳонгир Давлатов 26 сол дошт”.
Ёфтҳои бештар