Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирор аз Амрико. Шаҳрванди Тоҷикистон нуқли баҳсҳои сиёсӣ шуд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Қазияи шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон, ки бо вуҷуди давраи табобати бемории рӯҳӣ ва он ҳам пас аз куштор, аз Амрико ба Тоҷикистон фирор кардааст, баҳсҳоеро дар он кишвар барангехт. Ин ҳодисаро дар Амрико як далели дурустии сиёсати президент Доналд Трамп меноманд ва бархе ҷумҳурихоҳон додситони демократро пуштибони муҳоҷирати ғайриқонунӣ мешуморанд.

Абдулло Тошпӯлодзода соли 2009 ба Амрико қонунӣ ворид шуда, дертар ин мақомашро аз даст дод. Ӯро ба куштани соҳибхонааш, Муҳаммад Ҳимматиён, муттаҳам медонанд, аммо бо сабаби бемории рӯҳӣ аз соли 2022 дар шифохонаи Вирҷинияи Шимолӣ буд.

Вай соли 2024 бо иҷозаи додситон ва бар асоси қонун, як дафъа аз муассиса берун шуда, зери назари як нигаҳбон ба Вашингтон рафтаву он ҷо барои худ шиносномаи нави шаҳрванди Тоҷикистонро гирифтааст. Баъди ду сол, 6-уми июли соли 2026, Тошпӯлодзода бо истифода аз рухсатии дурӯзааш аз Вашингтон тавассути Истанбул ба Душанбе парвоз кардааст.

Мануэл Фернандес, маъмури тиҷоратии ширкати "Turkish Airlines", гуфтааст, билети сафари Абдулло Тошпӯлодзода аз Вашингтон ба Душанбе (ба воситаи Истанбул) ҳанӯз 25-уми июн фурӯхта шудааст.

Бо гузашти се рӯз аз нашри хабар дар расонаҳои амрикоӣ, мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин замина изҳори назар накардаанд ва маълум нест, Абдулло Тошпӯлодзода баъди бозгашт ба Тоҷикистон дар куҷо ва дар чӣ шароит аст.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон рӯзи 20-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз рӯйи ин парванда “кор мекунанд” ва “дар бораи боздошт шудан ё нашудани ин шахс бояд сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон хабар диҳанд”. Дар сафорати дигар ҷузъиёт надоданд.

Талоши Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бенатиҷа буд.

Танқиди додситони ҷумҳурихоҳ

Дар Амрико, ки дар остонаи интихобот рақобат шадидтар мешавад, баъзе аз сиёсатмадорон ин қазияро ангезаҳои сиёсӣ мебахшанд. Аз ҷумла, як сиёсатмадори ҷумҳурихоҳ ангушти иттиҳомро дар мавриди фирори Тошпӯлодзода ба сӯйи додситони ноҳияи Фейрфакси Вирҷиния Стив Дескано аз Ҳизби демократ дароз кард.

Ҷейсон Мияреси, собиқ додситони кулли аёлати Вирҷиния, дар шабакаи "Х" навишт: "Стив Дескано ба як марди хушунатзо ва гунаҳкор ба куштани соҳиби хонааш иҷоза дод, ки ба Вашингтон рафта, соҳиби шиноснома шавад”.

Ӯ афзуд, “дархости гирифтани шиноснома бояд бонги баланди хатар мешуд, вале бар иваз, ин ҳама нодида гирифта шуд ва ба ӯ иҷоза доданд, ки бемористони рӯҳиро тарк карда, ба кишвараш биравад. Ин дараҷаи ғайриқобили қабули ноуҳдабароӣ аст”.

Сомонаи dailywire.com навишт, раиси дастгоҳи Дескано – Лаура Бирнбаум – гуфтааст, дафтари додситон ба Абдулло Тошпӯлодзода “бо мақсади дуруст шудани санадҳояш” кумак кард ва қарори додгоҳ дар бораи гунаҳкор набудани ӯ дар куштор бо сабаби бемори рӯҳӣ буданаш “бар асоси хулосаи чандин мутахассиси мустақили тиббӣ гирифта шудааст”. Ӯ, инчунин, гуфтааст, қарорро дар бораи озодии дурӯза аз бемористони рӯҳӣ масъулони идораи тандурустӣ содир мекунанд.

Наворро дар инҷо бинед:

Парвандаи як тоҷик дар Амрико ҷанҷолӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Додгоҳ чӣ гуфт?

"Fox5" аз аввалин расонаҳои амрикоӣ буд, ки ин мавзуъро бозтоб до два матни пурраи қарори додгоҳро дар бораи парвандаи Абдулло Тошпӯлодзода нашр намуд.

Қарори додгоҳи ноҳияи Фейрфакси Вирҷиния 5-уми август дар ғайб ё набудани Абдулло Тошпӯлодзода содир шуда, додрас амр додааст, ки ӯ билофосила ба ҳабс гирифта шавад.

Додгоҳ ёдовар шудааст, ки баъди чор соли нигаҳдорӣ дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ, парвандаи Тошпӯлодзода рӯзи 29-уми июни соли 2026 бори дигар муҳокима шуд. Он замон қарор қабул шудааст, ки ӯ “ҳанӯз аз назари равонӣ бемор аст ва бояд таҳти муолиҷа қарор дошта бошад”.

Абдулло Тошпӯлодзода рӯзи 6-уми июл шифохонаро тарк кардааст. Ӯ бояд ду рӯз дар хонае меистод, ки онро барояш дар доираи барномаи муолиҷа фароҳам кардаанд, вале ӯ ба фурудгоҳи “Даллас”-и Вашингтон рафта, аз он ҷо ба Тоҷикистон парвоз кард.

“Ӯ фирорӣ аст. Иҷозаи аз бемористон берун рафтанаш бекор шуд. Дар пайгарди қонунӣ қарор дорад,” -- гуфта шудааст дар санади додгоҳ.

Бар асоси қонунҳои аёлати Вирҷиния, бемори муассисаи амрози рӯҳӣ метавонад бо иҷозаи шахси масъул ва бе қарори додгоҳ ба озодии муваққатӣ барояд, вале нозир ҳақ надорад ин шахсро ба озодии шартӣ ҷавоб диҳад. Бино ба санадҳои додгоҳӣ, аз назари қонунӣ бемористон ва дигар шахсони масъул бо муваққатан ҷавоб додани Тошпӯлодзода ба озодӣ қонунро вайрон накардаанд.

Дар додгоҳи Фейрфакс баёноти Мануэл Фернандес, маъмури тиҷоратии ширкати "Turkish Airlines"-ро ҳам баррасӣ кардаанд. Ба иттилои ӯ, билети сафари Абдулло Тошпӯлодзода аз Вашингтон ба Душанбе (ба воситаи Истанбул) ҳанӯз 25-уми июн фурӯхта шудааст.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бино бар маълумоти гуногун, аз 10 то 16 ҳазор зодаи Тоҷикистон зиндагӣ карда, асосан дар бахши тиҷорату нақлиёт ва хидматрасонӣ фаъоланд. Солҳои охир чанде аз онҳо бо иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла озори ҳамсар, поймоли қоидаи будубош ва пайравӣ аз созмонҳои мамнӯи ифротгароӣ дастгир ва бархе аз ҳудуди Амрико ронда шудаанд.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG