Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҷавони хатлониро ба зиндон андохтанд. Шарикашон дар Амрико?


Акси мазкурро дафтари матбуоти Кумитаи амнияти миллӣ дар хабаргузории "Ховар" нашр кардааст.
Акси мазкурро дафтари матбуоти Кумитаи амнияти миллӣ дар хабаргузории "Ховар" нашр кардааст.

Додгоҳи вилояти Хатлон ду сокини ин вилоятро бо гуноҳи қочоқи миқдори зиёди маводи мухаддир ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст.

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як баёнияи расмӣ дар хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, ки маҳкумшудагон Фирӯз Ҳикматов ва Абдулло Ҳусайнзода ба он муттаҳам мешаванд, ки қасд доштаанд, 102 килограм афюну ҳашиш ва амфиметамин ва метадоли воридкарда аз Афғонистонро бифурӯшанд.

Дар баёнияи кумита ҳамчунин омадааст, “аъзои дигари гурӯҳи трансмиллии нашъаҷалоб Зокиров Аъзам Искандарович, соли таваллудаш 1990, зода ва истиқоматкунандаи вилояти Хатлон... айни замон ҳамчун муҳоҷир дар ҳудуди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад.”

Назари афроди маҳкумшуда ва ё вакилони дифои онҳоро дар баёния наовардаанд, вале гуфтаанд, “102 килограмм маводи нашъаовари аз гурӯҳи ҷиноятии фаромиллӣ мусодирашуда метавонист, зиёда аз як миллион сокинро мубталои нашъамандӣ гардонад.”

Маълум нест, ки ҳукми додгоҳи Хатлон кай содир шудааст ва кай ин ду нафар дастгир шудаанд. Кумитаи амнияти миллӣ умдатан баъд аз чанд рӯзи содир шудани ҳукм дар бораи ҷиноятҳои сахт изҳороти расмӣ медиҳад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, яке аз бузургтарин тавлидкунандагони маводи мухаддир дар ҷаҳон 1300 километр марз дорад, ҳамчун як роҳи қочоқи маводи мухаддир ба дигар кишварҳо истифода мешавад.

Чаҳор рӯз пештар, Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи панҷ нафарие хабар дод, ки ба қавли кумита 180 килограм маводи мухаддирро аз Афғонистон қочоқ кардаанд ва мехостанд, ба хориҷ бурда фурӯшанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG