Хадамоти марзбонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт кардааст.
Ин ниҳод 25-уми июн дар саҳифааш дар Инстаграм навишт, ин зодаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро дорад, 10-уми июн зимни амалиёте дар минтақаи Фолбруки аёлати Калифорния дастгир шуд.
Дар хабари расмӣ омадааст, ин ҷавон соли 2022 тариқи барномаи CBP One аз Мексика вориди Амрико шуда, аммо ҳуҷҷатҳои қонунии будубошро надошт.
Идораи марзбонии ИМА гуфтааст, ин зодаи Тоҷикистон ба додгоҳи муҳоҷират ҳозир нашуд ва барои ҳамин 2-юми майи соли 2025 ғоибона қарори ихроҷаш содир шуд.
Де Ла Торре, сардори Хадамоти марзбонии бахши Сан-Диего дар шарҳи ин хабар гуфтааст, боздошти шахсоне, ки қонунҳои муҳоҷирати Амрикоро вайрон мекунанд, идома дорад.
"Пардохт ба гурӯҳҳои қочоқбар барои ворид шудан ба ИМА қобили қабул нест. Ин кор ба меҳнати ғайриқонунӣ оварда мерасонад, ки дар он одамон маҷбур мешаванд қарзи қочоқбарро пардохт кунанд ва ҳамзамон созмонҳои ҷиноиро маблағгузорӣ кунанд, ки дар қочоқи маводи мухаддир ба Амрико даст доранд," - гуфтааст ин масъули идораи марзбонии Иёлоти Муттаҳида.
Хадамоти марзбонии Амрико акси ин ҷавонро нашр карда, вале аз ӯ ном набурдаанд. Ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ҷавони дастгиршуда Улуғбек Элов аст, ки бо номи Иброҳим шинохта мешуд. Элов зодаи шаҳри Душанбе буда, 28 сол дорад.
Яке аз ҳамсабақони ин ҷавон бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Улуғбек Элов баъд аз хатми мактаби рақами 28-и пойтахт тариқи бурсия ё квота барои таҳсил ба шаҳри Красноярски Русия рафт.
"Пас аз хатми таҳсил аз Русия ба Туркия ба назди бародараш рафт. Як муддат дар Туркия истод ва сипас ба Амрико рафт," - гуфт ин ҳамсуҳбати мо.
Улуғбек Элов, блогери зодаи Тоҷикистон ба сабти номи одамон дар барномаи барномаи "Корти Сабз" ё "Грин корт" (DV) машҳур буд.
Ӯ ҳамроҳ бо чанде аз пайвандонаш дар Тоҷикистон ба ивази пул мушаххасоти одамонро ҷамъоварӣ карда, аз номи онҳо дар ин барнома ариза пур мекард.
Аммо ахиран ин маъракаи ӯ ҷанҷолбарангез шуд. Чун ӯ ва пайвандонаш пешакӣ аз даҳҳо нафар барои ариза супоридан ба ин барнома пул гирифта, баъди боздошта шудани барномаи "Корти сабз" аз баргардонидани пул ба мардум сарпечӣ кардаанд. Дар натиҷа даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин амалкарди ӯ шикоят карда, вайро ба қаллобӣ муттаҳам карданд.
Радиои Озодӣ мустақилона ин маълумотро тасдиқ карда наметавонад. Худи ӯ пештар дар чанд видео иттиҳоми монандро рад кардааст.
Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми нақзи қонунҳои муҳоҷират дар Амрико боздошт мешаванд. Соли 2025 номи 149 шаҳрванди Тоҷикистон ба рӯйхати онҳое ворид шуда буд, ки бояд аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ихроҷ ё депорт шаванд.
Ба гуфтаи коршиносон, мавҷи муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Иёлоти Муттаҳида баъд аз соли 2021 афзоиш ёфт. Бар асоси ҳисобҳои тахминӣ, дар солҳои 2021 то 2025 аз 12 то 25 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Амрико омадаанд. Бисёре аз онҳо тавассути барномаҳои муҳоҷиратӣ ва ё баъди дархости паноҳандагӣ дар сарҳади ҷанубии ИМА вориди кишвар шудаанд.