Дар Русия тарҳеро баррасӣ доранд, ки мумкин аст, аз соли 2027 низоми ҷалби коргарони хориҷиро пурра дигар кунад. Бар асоси ин тарҳ, муҳоҷирони корӣ ба корфармо мутобиқ ба касбашон ва ба минтақаи муайян вобаста мешаванд.
Мақомоти расмӣ мегӯянд, ҳадаф ба маҷрои қонунӣ даровардани муҳоҷират аст, аммо тарҳи мазкур аз ҳоло нигаронии коршинова доираҳои соҳибкориро афзудааст. Онҳо мегӯянд, маҳдудиятҳои сахттар метавонанд, муҳоҷирони кориро ба бахши ғайрирасмии иқтисод барад ва норасоии қувваи кориро дар кишваре, ки ба нерӯи муҳоҷирони кории заҳматкаш сахт эҳтиёҷ дорад, боз ҳам бадтар кунанд.
Аз 2027 то 2030
Агар корфармои ман бидонад, ки наметавонам ҷойи корамро ба осонӣ иваз кунам, муомила дар бораи маош ва шароитҳои дигар барои ман бисёр мушкил хоҳад шуд.Сарвар, муҳоҷири тоҷик
Тарҳи санҷишӣ ё озмоишии чаҳорсола, ки қарор аст, аз 1-уми январи соли 2027 то анҷоми соли 2030 идома ёбад, дар 87 минтақаи Русия, ба истиснои вилоят ва шаҳри Маскав, амалӣ мешавад. Мақомоти Русия тахмин мекунанд, ки тарҳи нав метавонад ба кори бештар аз 1,7 миллион коргари хориҷӣ, аз ҷумла теъдоди зиёди шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ асар гузорад.
Тарҳи нави кор механизми "патент"-ро, ки муҳоҷирони қонунӣ баъд аз гирифтани он кор мекунанд, беэътибор ё комилан дигар мекунад. Таври маълум, аксари шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон, ки бо Русия низоми раводид надоранд, бар асоси патент кор мекунанд.
Бино ба омори Вазорати корҳои дохилии Русия, соли 2025 шаҳрвандони хориҷӣ тақрибан 2,3 миллион патент ё иҷозаи кор гирифтаанд.
Русия бо вуҷуди баёнияҳои пайваста ба зидди муҳоҷирону муҳоҷирбезорӣ ҳамчунон ба нерӯи кори хориҷӣ сахт эҳтиёҷ дорад. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар аввали соли 2026 тақрибан 3 миллион хориҷӣ расман кор мекарданд ва шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ, бо шумули аъзои хонаводаҳои муҳоҷирон, аз 5,7 миллион нафар гузашта буд.
Ба асоси низоми нави пешниҳодӣ, муҳоҷирон ба Русия танҳо баъди он ворид мешаванд, ки корфармо ва ҷойи кории онҳо аз пеш муайян шуда бошад. Айни замон иттилои бештар аз муҳоҷир талаб мешавад. Масалан, бар иловаи гирифтани аксу нақши ангушт, муҳоҷирон маҷбур хоҳанд буд, аз муоинаи пизишкӣ бигзаранд. ДНК-и онҳо ҳам гирифта хоҳад шуд.
Ташвиши муҳоҷирони корӣ
Барои худи муҳоҷирон бузургтарин тағйирот метавонад, аз даст додани озодии табдили ҷойи кор бошад. Тибқи қоидаҳои пешниҳодӣ, коргароне, ки тавассути низоми нав ҷалб мешаванд, пас аз омадан ба Русия ҳақ нахоҳанд дошт, то поёни мӯҳлати қарордоди корӣ бо як муассиса, ба корхонаи дигар ва минтақаи дигар рафта кор кунанд.
Дар сурати риоят накардани ин қоида, мумкин аст, муҳоҷирро аз ҳаққи кор маҳрум карда, амр диҳанд, ки қаламрави Русияро фавран тарк кунад. Чунин коргарон танҳо пас аз як сол ҳақ пайдо мекунанд, дар системаи нави қабули кор дар Русия ворид шаванд ва ҳуқуқи корро ба даст оранд.
Сарвар, як муҳоҷири кории тоҷик, аз шаҳри Сургут ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар давоми тақрибан 15 соли ҳузур дар Русия ман ҳамеша дар як шаҳр зиндагӣ мекардам, аммо вобаста аз маблағ ва шароите, ки ширкатҳои сохтмонӣ пешниҳод мекарданд, ҷойи корамро чанд маротиба иваз менамудам.”
Ӯ афзуд: “Ман дар бораи ин тарҳ иттилои зиёд надорам, аммо нигаронам, ки агар корфармои ман бидонад, ки наметавонам ҷойи корамро ба осонӣ иваз кунам, муомила дар бораи маош ва шароитҳои дигар барои ман бисёр мушкил хоҳад шуд.”
Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, мегӯяд, ин маҳдудиятҳо коргаронро дар баробари корфармоёни беинсоф беҳуқуқу бепаноҳ месозад. Ӯ тарҳи навро “ғуломии созмонёфта” номид ва ба Радиои Озодӣ гуфт: “Муҳоҷир ҳеч ҳуқуқ нахоҳад дошт. Ӯ комилан ба корфармо пойбанд хоҳад шуд.”
Ҳукумати Русия мегӯяд, ҳадаф аз тарҳи нави қабули хориҷиён ба кор шаффофтар кардани раванди муҳоҷират ва коҳиш додани муҳоҷирати кории ғайриқонунӣ аст, зеро мақомот пеш аз омадани коргарон дар бораи онҳо иттилои пурра мегиранд. Ба қавли мақомот, ин низом масъулияти корфармоёнро низ бештар хоҳад кард.
“Омад, кор кард, пулашро гирифт, равад”
Тағйироти пешниҳодӣ коршиносони соҳаи муҳоҷиратро ба ду сангар тақсим кардааст. Михаил Бурда, раҳбари Маркази пажӯҳишҳои муҳоҷират дар Пажӯҳишгоҳи “Тсарград”-и Маскав, ба ин назар аст, ки Русия ба далели бузургии бозори кор ва пайвандҳои мустаҳкамаш бо Осиёи Марказӣ ҳамоно ҷозибаашро барои чӣ муҳоҷирони тоҷик ва ё қирғизу узбек ҳифз хоҳад кард.
Ӯ мегӯяд: “Ҷалби созмонёфтаи муҳоҷирони корӣ бояд ягона роҳи фаъолият дар Русия бошад. Яъне, омад, кор кард, пулашро гирифт, баргашта равад. Дигар ҳеч истисное набошад.”
Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ақидаи комилан мухолиф дорад. Ӯ мегӯяд, ки маҳдудиятҳои иловагӣ метавонанд, омадани коргарони Осиёи Марказиро ба Русия мушкилтар гардонад.
“Бо боварӣ гуфта метавонам, ки дар ин тарҳ ҳеч чизи хубе нест. Дареғ, оқибатҳои он на фақат барои муҳоҷирони тоҷик, балки барои ҳамаи муҳоҷирон бад хоҳад буд,” – гуфт Каримҷон Ёров.
Вай афзуд, низоми нави ҷалби коргарони хориҷӣ метавонад заминаро барои фасоду фиребгарӣ дар Русия фароҳам орад, зеро миёнаравҳо метавонанд, барои пайдо кардани кор ё шомил кардан ба рӯйхати корҷӯён маблағҳои иловагӣ талаб кунанд. Ёров мисол овард, ки дар гузашта агар иҷозаи кор аз 1000 то 2000 рубл қимат дошт, онро баъзан аз 20 000 то 50 000-рублӣ мефурӯхтанд.
Доираҳои соҳибкории Русия низ аз пайомадҳои эҳтимолии низоми нави ҷалби коргарони хориҷӣ нигаронанд. Иттиҳоди саноатӣ ва соҳибкорони Русия ба ҳукумат гуфтааст, ки ба як корфармо вобаста кардани муҳоҷирон метавонад бахше аз коргаронро ба иқтисоди ғайрирасмӣ барад.
Ин иттиҳод хостааст, ба муҳоҷирон иҷоза дода шавад, ки барои якчанд корфармо кор кунанд ва раванди иваз кардани ҷойи кор низ осонтар карда шавад. Гурӯҳи соҳибкорон инчунин пешниҳод кардааст, ки озмоишро аз соли 2027 ба соли 2028 ба таъхир гузоранд ва давраи гузариш дусола бошад ва дар ин давра муҳоҷирон тавонанд бо патент ҳам кор кунанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ