Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар Русия мушкилӣ зиёд аст, вале дар ватан интихоби беҳтаре нест"

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бо наздик шудани соли нави таҳсил муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия дар баробари интихоби сахте мондаанд. Ё бояд фарзандони худро ба Русия баранд, ки қоидаҳои имтиҳони забони русиро сахттар кардааст ё онҳоро дар ватан дар назди хешовандон бигузоранд.

Раҳмат, муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, ки моҳи август озими Русия мешавад, танҳо ҷомадони либосҳояшро намегирад. Ӯ ду фарзанди 7 ва 9-солаашро низ бо худ мебарад, ки чанд моҳи охир барои таҳсил дар мактабҳои Русия омодагӣ гирифтаанд.

“Ҳамсарам барои кӯдакон аз деҳа муаллим гирифт. Бачаҳо барои такмили забонашон видеову барномаҳои русиро тамошо мекарданд,” – гуфт ин муҳоҷири кории тоҷик, ки нахост насабаш бурда шавад.

Барои қабул дар мактабҳои Русия фарзандони Раҳмат бояд аз имтиҳони сахти забони русӣ гузаранд. Раҳмат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ман ҳаққи иқомати муваққатӣ дорам ва мехоҳам, оилаам дар барам бошад. Аммо дар ташвишам, ки агар бачаҳо аз имтиҳон нагузаранд, маҷбурам онҳоро дубора ба Тоҷикистон, ба назди бобою бибиашон баргардонам.”

Мисли Раҳмат миллионҳо муҳоҷири кории Осиёи Марказӣ дар Русия низ ба ҳамин далел нигарон шудаанд. Онҳо дар остонаи соли нави таҳсил, 1-уми сентябр, интихоби сахте доранд, ки ё кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд, то таваккал карда имтиҳони забони русӣ супоранд ё онҳоро дур аз худ дар ватан бигузоранд.

"Дар як сол қариб 44 ҳазор донишомӯз кам шуд"

Мақомоти Русия дар моҳи апрели соли 2025 талаботро барои қабули фарзандони муҳоҷирон ба мактабҳо сахттар карданд. Акнун супурдани имтиҳони забони русӣ ва нишон додани ҳаққи қонунии иқомат дар маҳалли зист шарти ҳатмӣ барои қабули фарзандони онҳо ба мактаб аст.

Пайомади ин қарор зуд ба чашм расид. Шумораи донишомӯзони хориҷӣ дар мактабҳои Русия дар соли таҳсили 2025-2026 қариб 44 ҳазор нафар кам шуд. Ин оморро Вазорати маорифи Русия низ тасдиқ кардааст. Бахши зиёди донишомӯзони хориҷӣ дар Русия фарзандони муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳастанд.

Даҳсолаҳост, ки Русия мизбони аслии миллионҳо муҳоҷири кории ин кишварҳост, ки дар ватани худ ҷойи кори муносиб ва шароити хуби зиндагӣ намеёбанд. Мақомоти рус мегӯянд, сахттар кардани қоидаҳо барои он аст, ки кӯдакон дарсҳоро дуруст фаҳманд ва ба муҳити мактаб мутобиқ шаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ бар онанд, ки ин амр ҳазорон кӯдакро аз ҳуқуқи таҳсил маҳрум мекунад.

Ин қоидаҳои наву сахтгирона дар ҳоле ҷорӣ мешаванд, ки фишору бадбинӣ нисбат ба муҳоҷирон боло гирифта, бархӯрди сахти мақомоти Русия бо муҳоҷирони Осиёи Марказӣ беш аз пеш шиддат мегирад.

Муҳоҷирситезӣ ва бадбинӣ нисбат ба муҳоҷирон баъд аз ҳамлаи хунин ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав дар моҳи марти соли 2024 авҷ гирифт. Дар пайи он чанд шаҳрванди Тоҷикистон дастгиру зиндонӣ шуданд.

Таъсири қарори Русия ба мактабҳои кишварҳои муҳоҷирфирист

Раҳим Саидзода
Раҳим Саидзода

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, дар оғози ҳамин сол гуфт, ки ҳудуди 9 ҳазор кӯдак аз Русия ба ватан баргаштаанд. Ӯ афзуд, бархе аз ин кӯдакон моҳҳо аз таҳсил берун монданд.

Бозгашти ин кӯдакон ба низоми маорифи Тоҷикистон фишори иловагӣ ворид кард. Анвар, сокини шаҳри Бохтар, мегӯяд, духтараш шикоят кард, ки соли таҳсили гузашта дар синфхона барои ҳама ҷо намерасад. Ба ҷойи ду нафар дар як миз се кӯдак менишастаанд. Анвар гуфт: "Вақте аз муаллима пурсидам, ки чаро чунин шуд, гуфт, чанд кӯдак аз Русия баргаштанд ва якбора ҷойи нишаст камӣ кард. Муаллима гуфт, дар пайи ҳалли ин мушкиланд."

Як омӯзгор аз вилояти Суғд рӯзи 27-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бозгашти кӯдакон равандро тамоман тағйир дод. Ин муаллима, ки нахост, номаш зикр шавад гуфт: "То соли 2025 мушкили мо дигар буд. Кӯдакони зиёде ба Русия мерафтанд ва мо маҷбур мешудем синфҳоро бандем ё ду синфро якҷо кунем. Аммо имсол бори аввал шоҳиди бозгашти дастаҷамъонаи хонандагон шудем."

Ба гуфтаи ӯ, мактабҳо синфхона ва муаллими кофӣ доранд, аммо мушкили асосӣ, халалдор шудани раванди таҳсили кӯдакон ва ақиб мондани онҳо аз барномаҳои таълимӣ аст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Авввал имтиҳони забони русӣ, баъд..."
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:08 0:00

"Дар ватан ҳам интихоби беҳтаре нест"

Яке аз мактабҳои Русия. Акс аз соли 2022
Яке аз мактабҳои Русия. Акс аз соли 2022

Хонаводаҳо дар Қирғизистон низ бо чунин сарнавишти номаълум рӯ ба рӯ шудаанд. Вазорати маорифи Қирғизистон теъдоди дақиқи кӯдаконеро, ки давоми як соли охир аз Русия баргаштаанд, ошкор накардааст. Аммо ин ниҳод рӯзи 28-уми июл ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар Қирғизистон айни замон беш аз 140 ҳазор кӯдаке таҳсил мекунанд, ки падару модарашон дар хориҷ кору иқомат мекунанд.

Ҳукумати Қирғизистон чанде пеш барномаи панҷсолаи ба ватан баргардонидани муҳоҷиронро тасдиқ кард, ки кумак дар ёфтани кор, омӯзиш ва дастгирии иҷтимоии онҳоро ҳам дар бар мегирад. Дар ин кишвар ҳамчунин, барои кӯдаконе, ки имкони ба мактаб рафтанро надоранд, роҳҳои алтернативӣ меҷӯянд.

Дар Қирғизистон соли 2025 мактаби онлайнии "Тунгуч"-ро ҳамчун тарҳи озмоишӣ боз карданд, ки ба фарзандони шаҳрвандони муқими хориҷ хидмат мекунад. Дар соли таҳсили 2025-2026 ҳудуди 2540 хонанда дар ин мактаб сабти ном шудаанд.

Вале барои хонаводаҳое мисли оилаи Раҳмат, бо вуҷуди ҳама номаълумиву хатарҳо, Русия ҳамчунон ягона умед барои пешбурди зиндагӣ мемонад. Раҳмат, муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон мегӯяд: "Бале, дар Русия мушкилӣ зиёд аст, аммо дар ватан ҳам барои мо интихоби беҳтаре нест."

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG