Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зери шиканҷа шартномаи рафтан ба ҷангро имзо кард"


Як шаҳрванди 20-солаи Қирғизистон, ки дар яке аз зиндонҳои Русия адои ҷазо мекард, дар тамрингоҳе дар вилояти Луҳански Украина пайдо шуд. Наздиконаш мегӯянд, ин ҷавон дар зери шиканҷа шартномаи рафтан ба ҷангро имзо кард. Дар Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтанд, дар пайи аниқ кардани масъала ҳастанд.

Наздикони ҷавони қирғизистонӣ, ки номаш фош намешавад, аввали моҳи сентябр баъди як занги шубҳанок фаҳмиданд, ки ӯ дар яке аз минтақаҳои ишғолшудаи Украина аст. Ба гуфтаи падараш, нафаре, ки худро корманди комиссариати ҳарбӣ муаррифӣ кард, ба онҳо хабар дод, ки фарзандашон бо Вазорати дифои Русия шартнома баста, давраи омӯзиширо дар Луҳанск мегузаронад.

Рискелди Назаров, падари ҷавон мегӯяд, нафари ношиносе ба онҳо занг зада худро корманди комиссариати ҳарбӣ муаррифӣ кард ва гуфт, ки писараш барои рафтан ба "амалиёти махсус" шартнома имзо кардааст. Русия ҷангашро дар Украина "амалиёти махсус" меномад.

"Ин нафар дар телефон гуфт, маълумотҳои шиносномаи писаратонро фиристед маблағро ба шумо мегузаронем. Баъди ин суҳбат фавран ба писари калониам занг задам. Онҳо ба мақомоти дахлдор муроҷиат карданд ва бо вакили дифоъ дар Русия тамос гирифтанд. Ҳуқуқшинос гуфт, ки ин рақам ба комиссариат ягон алоқа надорад. Мо ба натиҷае расидем, ки қаллобон ба мо занг заданд", - афзуд падари ҷавон.

Видеоро инҷо бинед:

"Иҷозат надиҳед, ки писарам дар ҷанг кушта шавад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:29 0:00

Ба гуфтаи пайвандонаш, ҷавон дар яке аз маҳбасҳои ҷумҳурии Тиваи Русия адои ҷазо мекард. Хонавода танҳо ба воситаи мактуб бо писарашон тамос доштанд ва охирон бор моҳи август аз ӯ нома гирифтаанд. Дере нагузашта худи ҷавон тамос гирифта гуфтааст, ки 15 рӯз боз дар тамрингоҳ асту ӯро барои фиристодан ба ҷанг омода мекунанд. Ҷавон ба наздиконаш хабар додааст, ки шартномаро дар зери шиканҷа имзо кардааст.

Чолпон Мамбетқулова, модари ҷавон мегӯяд, "писарам гуфт, ки ӯро ҳар рӯз шиканҷа карданд, азоб доданд. Рӯзона ӯро маҷбур кардаанд, ки кор кунанд ва шабона боз задаанд. Барои ҳамин маҷбур шудааст ба шартнома имзо монад. Ӯ писари ором ва шармгин аст".

Ба гуфтаи ин зан, писараш моҳи феврали соли гузашта барои кор ба Русия рафта буд. Моҳи май пулис ӯро бо гумони қасди таҷовузи як зан боздошт кардааст. Тафтишот зиёда аз ним сол давом кард ва дар моҳи декабр додгоҳ ҷавонро ба се сол зиндон маҳкум кард. Наздиконаш бовар доранд, ки ҷавон қурбонии туҳмат шудааст.

Урмат Аманат уулу, бародари ҷавон мегӯяд, дар видеое, ки дурбинҳои назоратӣ сабт карданд дида мешавад, ки додараш занро танҳо тела додааст. "Зан дар ҳолати мастӣ буд. Додгоҳ ҳамаи ин далелҳоро нодида гирифт. Ягон ҳолати зӯроварӣ набуд. Бародарамро бидуни далел ҷазо доданд".

Падари ҷавони қирғиз мегӯяд, онҳо дар бораи маҷбуран ба ҷанг фиристодани маҳбусон дар Русия огоҳ буданд. Барои ҳамин аз рӯзи аввали боздошт фарзандашонро огоҳ карданд, ки дар зери ҳеч шароите шартномаро имзо накунад.

"Мо ҳамаамон дар ин бора медонистем. Бародари калониаш ба назди писарам ба боздоштгоҳи муваққатии Маскав даромада ба ӯ ҳушдор дод, ки дар ҳеч шароит шартномаро имзо накунад. Писарам ваъда дод, ки шартномаро имзо намекунад", - мегӯяд Рискелди Назаров.

Ба гуфтаи бародари ҷавон, то оғози мурофиаи додгоҳӣ низ мақомоти Русия талош карданд, ки ин ҷавонро бо ваъдаи маблағи зиёд ва озодӣ ба ҷанг фиристанд.

Эрланбек Токтосунов, ки аз ҳуқуқҳои ин ҷавони қирғиз дар додгоҳ ҳимоят кардааст мегӯяд, зерҳимояаш мехост давраи адои ҷазоро дар ватанаш гузаронад ва ҳуҷҷатҳо барои интиқоли ӯ ба Қирғизистон омода буд. Ҳомии ҳуқуқ низ бовар дорад, ки ҷавон дар зери фишор шартномаи рафтан ба ҷангро имзо кардааст.

Эрланбек Токтосунов, вакили дифоъ аз Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ва сафорати ин кишвар дар Русия дархост дорад, ки ба қазия дахолат кунанд.

"Онҳо вазифадоранд пурсанд, ки ҷавон шартномаро ихтиёран имзо кардааст ё дар зери фишор? Агар ӯ дар ҳақиқат бо ихтиёри худ шартномаро имзо карда бошад, бояд дар ин бора забонхат нависад. Вале агар гӯяд, ки шартномаро дар зери фишор имзо кардааст, бахши консулӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ вазифадоранд дар ин бора чора андешанд", - афзуд вакили дифоъ.

Пайвандони ҷавони қирғиз аз ҳукумати кишварашон дархости кумак доранд, ки "то фарзанди онҳоро аз ҷанги бегона наҷот диҳанд". Онҳо тарс доранд, ки писарашон кушта мешавад.

Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтанд, ба Сафорати ин кишвар дар Русия дастури фаврӣ фиристодаанд то масъаларо рӯшан карда, чораи зарурӣ андешанд.

Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз маҷбуран ба ҷанг фиристода шуданашон аз сӯи мақомоти Русия шикоят доранд. Давоми се соли ҳамлаи Русия ба Украина, хабарҳои зиёде дар бораи фиристода шудани муҳоҷирон ба ҷанг алайҳи Украина расонаӣ шудааст. Як қисми ин муҳоҷиронро бо ваъдаи озодӣ аз зиндонҳои Русия ба ҷанг бурдаанд.

Наздикони зиндониён аз идомаи ҷалби маҳбусон нигарон ҳастанд, чун бовар доранд, ки Русия ба зудӣ ба ҷанг поён доданӣ нест ё дар пайи тақвият додани артишаш барои фишори бештар ба Украина ҳаст.

XS
SM
MD
LG