Кирил Нисанбоев пас аз адои хидмати ҳарбӣ дар ватанаш, Қазоқистон, тирамоҳи соли 2023 барои кор ба Русия рафт. Зодгоҳи ӯ, шаҳри Рудний, дар камтар аз садкилометрии Русия ҷойгир аст. Барои мардуми онҷо корҷӯйӣ дар кишвари ҳамсоя маъмулист.
Нисанбоев дар корхонае дар шаҳри Челябинск кор мекард, вале ҳамагӣ пас аз чанд моҳ бо хонаводааш аз Боздоштгоҳи муваққатӣ тамос гирифт. “Вай гуфт, дар пайванд ба як мавриди ғоратгарӣ дастгир шудааст. Нақл кард, ки афсарони рус дар боздоштгоҳ ӯро зада, маҷбур мекунанд, (барои ширкат дар ҷанги зидди Украина) шартнома имзо кунад,” – гуфт Комила, хоҳари Нисанбоев ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.
Ба нақли Комила, Нисанбоев гуфтааст, ки афсарони рус нафақат ӯ, балки боздоштшудаҳои дигарро низ шиканҷа ва таҳдид кардаанд, то бо Вазорати мудофиаи Русия қарордод баста, ба ҷанг раванд. Кирил Нисанбоев дар моҳи марти имсол дар вилояти Донетски Украина кушта шуд. Аъзои оилааш танҳо дар моҳи июн хабардор шуданд.
Комила мегӯяд, мақомот дар Қазоқистон алайҳи бародараш бо иттиҳоми зархаридӣ парванда боз карда буданд ва хонавода ночор тасмим гирифт, ки ҷасадро дар Челябинск гӯронад.
“Пулиси Рудний ба мо гуфт, агар ҷасадро биёрем, тафтиш алайҳи аъзои оила оғоз мешавад ва барои ин камаш як сол зарур меояд. Пулис маслиҳат дод, ки беҳтараш ӯро дар Русия дафн карда, аксу наворашро фиристем, то бовар кунанд, ки мо ҷасадро қочоқӣ ба Қазоқистон наовардем,” – афзуд ӯ.
Шумори дақиқи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки ба артиши Русия пайваста, ба майдони ҷанг дар Украина фиристода шудаанд, маълум нест. Тарҳи давлатии “Зистан мехоҳам” дар Украина теъдоди онҳоро, ки зархаридони хориҷӣ меномад, чанд ҳазор нафар шумурдааст.
Ин лоиҳа дар моҳи апрел феҳрасти беш аз 2000 шаҳрванди Узбекистон ва зиёда аз 930 зодаи Тоҷикистонро, ки дар сафи нерӯҳои Русия ҷангидаанд ё ҳанӯз меҷанганд, нашр кард. Дертар, дар моҳи август, рӯйхати 620 тоҷики дигарро расонаӣ кард, ки ба қавли муаллифонаш дар шаҳ моҳи аввали имсол бо артиши Русия қарордод бастаанд.
Ба итилои манбаъ, аз аввали имсол 529 шаҳрванди Қазоқистон ва 327 шаҳрванди Қирғизистон низ бо Вазорати дифои Русия барои ҷангидан дар Украина шартнома имзо кардаанд. Феҳрасти шаҳрвандони Туркманистон пешниҳод нашуд. Аммо ин тарҳ чанде пеш хабар дод, ки фармондеҳони Русия дастикам 68 зархариди туркманро аз майдони ҷанг дар Украина ҷавоб намедиҳанд, агарчӣ қарордодҳояшон ба поён расидааст.
Радиои Озодӣ ном ва рақамҳои нашркардаи лоиҳаи украиниро мустақилона тасдиқ карда наметавонад. Киев мегӯяд, "зархаридон" аз гӯшаҳои дигари шӯравии пешин ва ҳамчунин Чину Покистон, Ҳинд ва баъзе аз кишварҳои африқоӣ ба нерӯҳои Русия дар Украина пайвастаанд.
"Агар ба ҷанг равӣ, қарзатро медиҳем"
Аз моҳи феврали соли 2022 ба ин сӯ дар бораи он ки мақомоти Русия муҳоҷирону боздоштшудаҳо ва зиндониён аз Осиёи Марказиро дар ин кишвар нишон гирифтаанд, гузоришу иддаои зиёде мерасад. Пулиси Русия низ пайваста дар маҳалли кору хобгоҳ ва масҷидҳо алайҳи муҳоҷирон амалиёт мегузаронад.
Ба гуфтаи баъзе аз шоҳидон ва фаъолон, афсарони рус муҳоҷирони беҳуҷҷат ва онҳоеро, ки муҳлати иқомат ё иҷозаи корашон гузаштааст, дастгир карда, бо ҳабс ва ихроҷ метарсонанд. Юсуф, як муҳоҷири корӣ аз Узбекистон, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки моҳи апрели имсол дар чунин амалиёт дар Маскав боздошт шуд. Афсарон ба ӯ ошкоро гуфтаанд, ки бояд ба нерӯҳои Русия дар Украина бипайвандад.
“Гуфтам, ки шаҳрванди Узбекистон ҳастам ва барои хидмат дар артиши Русия маҷбур нестам. Сипас ҳуҷҷатҳоямро тафтиш карда, фаҳмиданд, ки аз бонки Русия қарздорам. Пешниҳод карданд, ки ба ҷанг рав, қарзатро медиҳем,” -- нақл кард Юсуф.
Вай афзуд, маъмурони интизомӣ ду дафъа ӯро бо калтак зада, аз гарданаш гирифтанду ба девор заданд. Юсуф ба афсарон гуфтааст, дар ин бора ба сафорати Узбекистон дар Русия шикоят мекунад ва танҳо баъди ин ӯро раҳо намудаанд.
Як сокини вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон, бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти Русия ҷияни 37-солаи ӯро аз зиндон ба ҷанг дар Украина бурдаанд. Ин зан гуфт, ҷиянаш аз соли 2019 бо гуноҳи ғоратгарӣ дар маҳбасе дар Русия буд.
“Вай пас аз шаш моҳи ҷангидан дар Украина ба Суғд баргашт. Гуфт, ки доғи судияшро тоза карда, пул низ додаанд. Хушҳолем, ки озод шуд, аммо мутмаин нестам, ки барои ҷомеа фоидаовар аст ё на,” – илова кард ӯ.
Русия аз оғози ҷанг дар Украина ҳазорҳо маҳбусро дар ивази раҳоӣ ва пул ба артиш ҷалб кардааст. Дар байни онҳо шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ зиёд буданд. Гузоришҳои сершумори маҳбусон, хешовандони онҳо ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар бозгӯи онанд, ки мақомоти Русия шароитро дар зиндон тоқатфарсо карда буданд, то маҳбусон осон барои пайвастан ба артиш розӣ шаванд.
“Фикр мекунам, мардуми мо набояд ба Русия раванд. Бисёриҳо худашон ба Русия мераванд ва пас аз он шикоят мекунанд. Ман ҳушдор медиҳам, ки аз рафтан ба Русия худдорӣ кунанд,” – гуфт Комила, ки бародарашро дар ҷанги Русия алайҳи Украина аз даст додааст.