Аммо ба фарқ аз кишварҳои ҳамсоя, дар Тоҷикистон касе "барои иштирок дар даргириҳои Украина", ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст. “Азаттик Азия” дар матлабе талош кардаст ин мавзӯъро таҳлил кунад.
“Дар зиндон метавон зинда монд, вале ин ҷо не”
Ҳазорон муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон, ки барои кор ва пешбурди зиндагӣ ба Русия рафта буданд, бо ҳар шева ба ҷанги алайҳи Украина пайвастанд. Бархе бо роҳи бастани қарордод бо Вазорати мудофиаи Русия ва барои иҷрои қарзи шаҳрвандии худ ва қисми дигар зери фишор ва бо умеди дарёфти пули бештар, вориди майдони ҷанг шуданд.
Агарчӣ қонун дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, ширкати шаҳрвандон дар низоъҳои хориҷиро манъ мекунад, вале дар асл хеле кам шудааст, ки нафаре баъди бозгашт аз ҷанги Украина дар кишвараш муҷозот ё зиндонӣ шуда бошад. Аксаран ба ин афрод ҳукми шартӣ дода мешавад.
Дар Тоҷикистон вазъ пурра фарқ дорад: Ин ҷо ба фарқ аз Қазоқистон, Қирғизистону Узбекистон ягон нафар "барои ширкат дар муҳорибаҳои Украина", ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст. Ҳарчанд дар гузоришу пажӯҳишҳо аз ҳузури садҳо ва кушта шудани даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар ҷанг хабар дода шудааст.
Мурод – зодаи 29 солаи Тоҷикистон, ки солҳои зиёд дар Русия зиндагӣ карда, шиносномаи ин кишварро дорад, 3 сол пеш ба ҷанги зидди Украина сафарбар шуд. Ӯ дар сӯҳбат бо тарҳи Мигрант.Медиа гуфт дар ин муддат шоҳиди марги ҳамватанони зиёди худ шудааст. Ба гуфтаи вай пайвастани тоҷикон ба ҷанг идома дорад ва ҳамоно яке ба хотири шаҳрвандии Русияву дигаре ба таври иҷборӣ ё бо роҳи фиреб ба майдонҳои ҷанг бурда мешаванд.
Бино ба нақли Мурод, дар бисёр ҳолат зодагони кушташудаи Тоҷикистон беному нишон шудаанд ва хонаводаҳои онҳо эҳтимол ҳаргиз намедонанд, ки писар ё бародари онҳо дар куҷо ба хок супурда шуд. Вай яке аз чунин ҳолатҳоро ба ёд овард:
“Марде аз Зафаробод буд, номаш Хуршед. Вай 40 ё 45 сол дошт. Оиладор сощиби фарзанд. Вай ду сол пеш кушта шуд. Ҷасадаш ҳанӯз онҷост. Касе ба бурданаш наомад. Касе суроғ накард.”
Мурод мегӯяд, ба чанде аз ҳамватанони худ барои фирор аз ҷанг кӯмак кардааст. “Онҳо 18 – 19 сола буданд. Ҳайрону тарсон, намефаҳмиданд, ки ба куҷо афтидаанд. Бигзор дар кишвари худ барои зархаридӣ зиндонӣ шаванд. Дар маҳбас метавон зинда монд, инҷо – не” – афзуд, Мурод.
Ягон кас ҷазо нагирифтааст
Барои тоҷиконе, ки дар ҷанги Украина ширкат кардаанд, хатари дар ватан таъқибу зиндонӣ шудан таҳдид намекунад. Аз рӯи қонун шаҳрвандоне, ки аз ҷониби Русия дар Укарина меҷанганд, бояд тибқи моддаи “зархаридӣ”-и Кодекси ҷиноӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ин банди қонун ширкат дар амалиёти низомӣ ба нафъи артиши кишвари дигарро манъ мекунад. Дар гузашта афродеро, ки барои ҷанг ба нуқтаҳои доғи Ховари миёна мерафтанд, бо ин модда ҷазо медоданд.
Моҳи августи имсол, Ҳабибулло Воҳидзода Додситони кулли Тоҷикистон расман тасдиқ кард, ки дар кишвар касе барои ширкат дар ҷанги Украина ҷазо нагирифтааст. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки “Дар ҳоле ки шаҳрвандии ягон кишварро қабул мекунед, талабот ва ӯҳдадориҳои он давлатро бояд риоя кунед.” Манзури ӯ Тоҷикистониёне буд, ки шиносномаи русӣ гирифтаанд.
Воҳидзода афзуд, ки шумори расмии зодагони Тоҷикистонро, ки дар Украина меҷанганд мавҷуд нест.
Ин дар ҳолест, ки ба ҳисоби тарҳи давлатии Зистан мехоҳам" (Украина) аз оғози соли равон беш аз 600 зодаи Тоҷикистон бо артиши Русия қарордод баста, ба ҷанг рафтаанд. Ин тарҳ дар маҷмӯъ номи 930 Тоҷикистониро нашр кард, ки ба ҷанг пайвастаанд ва тақрибан 200 нафарашон ҳам кушта шудаанд. Ба гуфтаи муаллифони пажӯҳиш, аксарият аз зиндонҳо ва қисме ҳам аз сохтмону бозорҳо ба ҷанг сафарбар шудаанд. Ба ин роҳ онҳоро бо ваъдаи раҳоӣ аз зиндон, пули калон ва ё пешниҳоди шиносномаи русӣ ҷалб мекарданд.
Ба гуфтаи Фаридун Саидзода, ҳуқуқшиноси байналмилалӣ, новобаста ба вуҷуди як модда дар кодекси ҷиноӣ, оғози парванда барои Тоҷикистон ин ӯҳдадории байналмилалии нест.
“Барои оғози парванда далелҳои боэътимод ва арзёбии ҳуқуқӣ ба ҳолатҳои мушаххас талаб мешавад. Ӯҳдадориҳои байналмилалӣ танҳо дар бахшҳои ҷиддиву мушаххас, масалан дар доираи мубориза бо терроризм ба миён меояд. Дар ҳолатҳои дигар ин ба салоҳияти ниҳодҳои давлатӣ вогузор шудааст ва аз онҳо вобаста аст. ” – гуфт, Саидзода ва афзуд: “Конуни ҷиноӣ имкони истисно ё сабук кардани ҷавобгариро дар ҳолатҳое мисли фишори ҷисмонӣ ё рӯҳӣ, фиреб додан, шароити вазнини зиндагӣ пешбинӣ мекунад", - гуфт вакили дифоъ.
Ҳуқуқшиноси дигари тоҷик, ки нахост муаррифӣ шавад, гуфт: “Агар одам ба далели фишор, таҳдид ва ё шантаж ба ҷанг рафта бошад ӯ бештар ҷабрдида аст, на ҷинояткор. Аммо ин ғайриқонунӣ будани амали ширкат дар даргириҳои мусаллаҳонаи давлати дигарро бекор намекунад."
Брюс Панниер, журналист ва муҳаққиқе, ки солҳои зиёд ба омӯзиши Осиёи Марказӣ машғул аст, мегӯяд, беамалии Душанбе дар нисбати тоҷикистониёне, ки дар Украина ҷангидаанд, ба омилҳои инсондӯстона вобаста нест. Ба гуфтаи ӯ ин як мавзеъгирии сиёсӣ аст ва Душанбе бо ин роҳ мехоҳад, садоқати худро ба Маскав нишон диҳад.
“Раҳмон дид, ки Ҳукумати Русия ба амалкарди Қирғизистон ва Узбекистону Қазоқистон, ки барои ширкат дар ҷанг аз тарафи Русия, шаҳрвандони худро таъқибу парванда карданд, оҷилан вокуниш нишон дод.” – шарҳ дод, Панниер.
Маҳз ба ин далел, ба бовари таҳлилгар, ҳукуматдорони Тоҷикистон аз сӯҳбату изҳорот дар бораи ширкати шаҳрвандони худ дар ҷанги Украина худдорӣ мекунанд ва ҳатто масъалаи ҷалбӣ маҳбусонро аз зиндонҳои Русия ба ҷанг намебардоранд. Гузашта аз ин, Душанбе марги шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украинаро эътироф намекунад, то Кремл хашмгин нашавад.
Сиёсатшиноси тоҷик Муҳаммад Шамсиддинов ҳам бар ин аст, ки Тоҷикистон аз Маскав вобастагии зиёд дорад, махсусан дар самти муҳоҷирати корӣ, бинобарин эҳтимол дорад агар мавзӯи ширкати тоҷикон дар ҷанг бардошта шавад, вокуниши Кремл дардовар хоҳад буд.
Таҷрибаи кишварҳои дигари минтақа
Соли 2023 Думаи давлатии Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ бар ивази хидмат дар артиш, шаҳрвандии ин кишварро пешниҳод кард. Ҳукуматҳои кишвраҳои Осиёи Марказӣ дар посух эълон карданд, ки ширкат дар низоъҳои хориҷи кишвар ҷиноят аст ва барои зархаридӣ ҷазо дода мешавад.
Дар миёни кишварҳои минтақа, Қазоқистон бештар дар ин самт фаъол буд. Дар ин кишвар барои ширкат дар ҷанги давлати дигар бо ду модда ҷазо пешбинӣ шудааст. Моддаи 170 — “зархаридӣ” (то 17 соли зиндон) ва моддаи 172 — “ширкат дар амалиёти низомии хориҷи кишвар (то 9 соли зиндон)
Бино ба оморҳои расмӣ, дар додгоҳҳо ин кишвар то моҳи август барои ширкат дар “даргириҳои кишвари хориҷ” 94 парванда боз шуда, 5 парвандаи дигар бо моддаи “зархаридӣ ” дар баррасӣ аст.
Моҳи август хабар дода шуд, ки як сокини Атирау ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ барои ширкат дар даргирии мусаллаҳона, дар хориҷ зиндонӣ шуд. Бар асоси қарордод бо Вазорати дифоъ вай дар Донетск ба ҳайси духтури низомӣ кор кардааст.
Охири ҳамон моҳ як сокини Талдиқурғони Қазоқистон, ки низ чун духтур дар майдони ҷанг кор мекардааст, ба 4,5 соли зиндон маҳкум шуд.
Дар Қирғизистон ва Узбекистон ҳам якчанд нафар барои зархаридӣ ва ширкат дар ҷанги Украина ҷазо гирфта буд. Ҳарчанд маҳкумшудаҳо аксаран шартан озод мешуданд. Бархе ҳам афв карда шуданд. Дар Қирғизистон кодекси ҷиноӣ барои ин амал то 10 соли зиндонро пешбинӣ кардааст, аммо дар амал ба гунаҳкорон ҷазои камтар дода мешавад.
Соли 2023 Аскар Кубаничбеки 31 сола барои ширкат дар ҷанги Украина аз тарафи Русия 10 сол зиндонӣ шуд. Ин Кремлро ба ғазаб овард ва баъди чанде зери фишор ҳукми ӯ ба ҷазои шартӣ иваз карда шуд. Мард ба Русия баргашта, қарододи нав баст ва ваъда дод, ки аз “манофеи ватан” ҳимоя хоҳад кард.
Дар Узбекистон барои зархаридӣ аз 5 то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Вале боз ҳам, бо вуҷуди исбот шудани гуноҳ, бо ҳукми додгоҳҳо аксари ширкатдорони ҷанги Украина бо ҷазои шартӣ аз зиндон раҳо мешаванд.
Бино ба иттилои бахши узбекии радиои Озодӣ, соли 2023 дастикам чаҳор нафар ширкатдори ҷанги Украина дар озодӣ монданд. Яке аз онҳо дар мурофиаи додгоҳӣ дар Андиҷон эътироф карда буд, ки дар ҷанг “беш аз 10 сарбози украиниро куштааст.” Ӯ шартан озод шуд.
“Мо мебинем, ки додгоҳҳо ҷазои сабук пешниҳод мекунанд. Мисли ҷазоҳои шартӣ, маҳдуд кардани озодӣ ва ё афв. Ҳатто агар ширкати ӯ дар амалиёти низомӣ ва кушторҳо ҳам исбот шавад.” – мегӯяд, таҳлилгар бе бурдани номаш.
Чунин бархурд ба гуфтаи коршинос низоми ҳуқуқии давлатро ба ҳам мезанад. “Агар одам баъд аз ҷанг ҷазои шартӣ мегирад ва ё ним сол пас тариқи афв озод мешавад, чунин бардошт мешавад, ки ҷазои ҷиддие вуҷуд надорад. Кремл щам ваъдаҳои хуб медиҳад, мисли шаҳрвандӣ, пул ва имтиёзҳо. Дар ин ҳолат тарс аз ҷазо гирифтан гум мешавад.” – таъкид кард, таҳлилгар.
Гуфтугӯ