Пас аз таркиш дар тарабхонаи Balzi Rossi дар Маскав, пойтахти Русия, ки панҷ кушта ва қариб бист захмӣ барҷой гузошт, тафтиши пайкрасонҳо (боррасонҳо, курйерҳо) аз Осиёи Марказӣ сахттар гаштааст. Мақомоти Русия гуфтанд, таркиш рӯзи 1-уми август бар асари бомбе рӯй дод, ки як зани боррасон оварда буд. Он ҳангом дар тарабхона яке аз генералҳои рус зодрӯзашро таҷлил мекард.
Санҷиши зиёд
Як муҳоҷири пайкрасон (боррасон, курйер) аз Осиёи Марказӣ, ки номаш ба далели амниятӣ нашр намешавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз таркиш дар тарабхона ӯро се дафъа тафтиш кардаанд. Ба мушоҳидаи ӯ, "полиси Русия акнун борҳоро ҷиддӣ бозрасӣ мекунад."
"Санҷиши боррасонҳое, ки бо мошин ё дучарха кор мекунанд, сахттар шудааст. Ман ҷиҳози муштариёнро мебурдам. Ба ман гуфтанд, ки бастаҳоро боз кунам. Як ё ду қуттиро кушода, нишон додам. Онҳо ҷиҳозро тафтиш карданд. Ин ҳолате буд, ки худи ман аз сар гузарондам," -- нақл кард ӯ.
Санҷиши муҳоҷирони боррасон (курйер) бо мошину дучарха баъд аз таркиши рӯзи 1-уми август дар тарабхонаи Balzi Rossi дар шаҳри Маскав бештар шудааст. Ба навиштаи расонаҳои Русия, маводи таркандаро ба онҷо як зани боррасон оварда буд. Дар умум, бо шумули худи боррасон, панҷ нафар кушта, 21 тани дигар маҷруҳ шуданд.
Мақомоти тафтишотӣ дар Русия ин эҳтимолро сарфи назар намекунанд, ки шояд зани боррасон намедонист, дар дохили қуттӣ чӣ ҳаст ва зоҳиран таркиш аз дур идора шудааст.
Ҳурмат, муҳоҷири боррасон аз Қирғизистон (номаш дигар карда шудааст), гуфт, маъмурони амниятии Русия беш аз даҳ қуттиеро, ки ӯ мебурд, кушода, дохилашро дидаанд.
Вай афзуд: "Маро дар Балашиха нигоҳ доштанд. Қуттиҳоро кушодам. Дар дохилашон ҷӯроб буд. Ба ман гуфтанд, “ҳамаашро кушо”. Борҳоро тафтиш карданд ва азбаски ҳуҷҷатҳои ман дуруст буданд, ҷавоб доданд. Тақрибан даҳ қуттиро боз карда, дохили онро бо даст санҷиданд ва бо дастгоҳҳо низ тафтиш карданд."
Роҳбари диаспора ё ҷомеаи қирғизистониҳо дар Маскав аз муҳоҷирони кории боррасон хостааст, эҳтиёт кунанд. Кубаничбек Осмонбеков гуфт: "Ҳангоми қабули бор ва ҳангоми супурдани он бодиққат бошед. Ба шахсе, ки бор фиристодааст, низ таваҷҷуҳ кунед. Агар чизи шубҳаовар бошад, нагиред."
Нигаронии муҳоҷирон
То ҳол маълум нест, ки ҳадафи суиқасд дар тарабхонаи Balzi Rossi дар Маскав кӣ ё чӣ буд. Полис ва хадамоти вижаи Русия дар ин бора иттилоъ надодаанд. Баъзе аз нишонаҳо ғайримустақим бозгӯйи онанд, ки дар тарабхона зодрӯзи фармондеҳи Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия Александр Чайко таҷлил мешуд. Вай 27-уми июл 55-сола шуд.
Чайкоро дар Украина ба ҷиноятҳои ҷангӣ дар Буча ва бомбаборони иншооти ғайринизомӣ дар вилояти Киев дар баҳори соли 2022 муттаҳам мекунанд.
Мақомоти Русия таркишро дар тарабхона амали террористӣ номида, вале номи ҷонбохтагон ва ҳувияти боррасонро ошкор накардаанд. Аз миёни мақомоти Русия танҳо шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфт, ки гумонзадҳо ба ҷиноят муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
Азирет Атабеков, соҳибкоре аз Қирғизистон, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунад, гуфт, муҳоҷирон баъди таркиш дар ташвиш афтодаанд: "Санҷишҳои сахт ҷараён доранд. Мо як гурӯҳи пӯшида дорем. Ронандагон дар онҷо аз ҳамдигар маслиҳат мепурсанд ва ба якдигар ёрӣ мерасонанд. Агар расман муайян шавад, ки дар таркиши тарабхона муҳоҷир гунаҳкор аст, ин барои мо бисёр хатарзо хоҳад буд."
Бори аввал нест, ки пас аз ҳамлаҳои террористӣ ва таркишҳо дар Русия санҷиши муҳоҷирони корӣ бештар мешавад. Ду сол пеш, баъд аз ҳамлаи террористӣ ба толори консертии "Крокус Сити Ҳол" дар вилояти Маскав, ки 140 кушта барҷой гузошт, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ бо фишори афзун рӯ ба рӯ гаштанд. Мақомоти Русия чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ин ҳодиса гунаҳкор ва ба зиндон маҳкум карданд.
Сахттар шудани сиёсати зидди муҳоҷирон дар Русия, сабаби коҳиши сафари зодагони Осиёи Марказӣ ба ин кишвар шудааст. Аз ҷумла, дар нимаи аввали соли 2026 сафари шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон ба Русия дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 15 дарсад кам гашт.
Ба ҳисоби мақомоти Русия, шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистону Қирғизистон аз моҳи январ то июни соли 2026 бо ҳадафи ёфтани кор тақрибан 1,9 миллион бор ба Русия ворид шудаанд. Як сол пеш ин шумора аз 2,3 миллион бештар буд.
Гуфтугӯ