Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андоз барои хеши бекори муҳоҷир... Ба Путин аз вазъи муҳоҷират гузориш доданд

Бадрафторӣ бо муҳоҷирон дар Русия як навъ "расм" шудааст.
Бадрафторӣ бо муҳоҷирон дар Русия як навъ "расм" шудааст.

Хабари бад барои муҳоҷирон. Аз 1-уми январи соли 2027, муҳоҷирони корӣ дар Русия вазифадор мешаванд, барои ҳар як узви оилаи бекори худ дар Русия пул супоранд. Дар ин бора рӯзи 10-уми сентябр зимни гузориш ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ хабар дод.

Ӯ дар ҷараёни мулоқот бо Путин омори якуним соли гузаштаро овард ва гуфт: “Болоравии нишондодҳои муҳоҷирати қонунӣ дида мешавад. Пеш 45% буд, 50% шуд. Ин шохиси хуб аст. Дар чаҳорчӯби Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷират, шумо вазифадор карда будед, ки ҳузури аъзои бекори оилаҳои муҳоҷирони корӣ дар Русия маҳдуд карда шавад. Дастоварди мо аз 1,7 миллион нафар то 20 дарсад кам шудани шумори онҳост. Яке аз сабабҳояш қоидаҳои нави қабули кӯдакони муҳоҷирон ба мактаб мебошад. Инчунин аз 1-уми январи соли 2027 қонуни наве ба иҷро медарояд, ки супурдани андоз барои ҳар як узви оилаи бекори шаҳрванди хориҷиро, ки дар Русия қарор дорад, пешбинӣ мекунад.»

Ҳаҷми дақиқи ин андоз маълум нест. Вадим Коженов, раиси Маркази ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон дар сӯҳбат бо сомонаи «Виберу.ру» гуфтааст: “Вазорати корҳои дохилӣ бояд як тартиби муайяни ҳисоби дурусти ин андозро нашр кунад. Ҳоло чизе фаҳмида намешавад. Агар 3 ҳазор ё 5 ҳазор рубл супоранд, барои буҷа тағйири зиёде намеорад. Агар маҷбур кунанд, ки аз 30 ҳазор рубл бештар супоранд, шумори муҳоҷирони корӣ боз ҳам камтар мешавад. Камбуди нирӯи корӣ ҳам якбора сахттар мешавад”.

Зери по шудани ҳуқуқи муҳоҷирон, фиреби онҳо аз тарафи корфармо ва бадрафтории маъмурони милиса бо ин табақаи осебпазир яке аз мавзуъҳои доғ дар расонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Зимни гузориш дар ҳузури Владимир Путин, Андрей Кикот инчунин гуфт, Русия соле то 9 миллион коргари хориҷиро мепазирад ва дар пайи назорати шадид ва ҷорӣ шудани меъёрҳои сахти тафтиш, шумори муҳоҷирони расмии кориро тавонистаанд то 50 дарсад афзоиш диҳанд. Ба қавли ӯ, дар саросари Русия ҷинояткории муҳоҷирон 40% кам шуда дар ним соли гузашта 14,5 ҳазор мавридро ташкил додааст. Муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия гуфт, дар амалиётҳои маъмурони милиса 100 ҳазор муҳоҷирро кишвар ихроҷ ва бозгашти тақрибан 200 ҳазор нафарро барои муддатҳои гунонгун манъ кардаанд.

Ба иттилои Кикот, чораҳои сахттари назорати муҳоҷирон ба буҷаи давлатӣ фоидаи зиёд оварда, дар якуним соли охир 321 миллиард рублро ташкил додааст, ки ин 30% бештар аст. Путин дар посух ба гузориши Кикот гуфт, тадбирҳои нав ба манфиати кишварҳои фиристандаи муҳоҷирони корӣ ҳам мешавад, чун, ба гуфтааш, ҳуқуқи онҳо низ риоя мегардад.

Русия макони кору даромади садҳо ҳазор нафар аз Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аст ва бо вуҷуди баёнияҳои пайваста ба зидди муҳоҷирону муҳоҷирбезорӣ ҳамчунон ба нерӯи кори хориҷӣ сахт эҳтиёҷ дорад. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар аввали соли 2026 тақрибан 3 миллион хориҷӣ расман кор мекарданд ва шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ, бо шумули аъзои хонаводаҳои муҳоҷирон, аз 5,7 миллион нафар гузашта буд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG