Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дигар рафтан намехоҳам." Чаро баъзе аз муҳоҷирон аз Русия бармегарданд?

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳазорҳо муҳоҷири корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Русияро тарк карда, ба ватани худ бармегарданд. Ин раванд чанд моҳ боз ҷараён дорад. Сахттар шудани сиёсати Маскав дар бахши муҳоҷират, афзоиши назорат ва ҷалби муҳоҷирон ба ҷанг алайҳи Украина ҷаззобияти бозори кори Русияро камтар кардааст. Онҳоеро, ки аз Русия бармегарданд, дар ватан чӣ интизор аст?

"Кору зиндагӣ мушкил шуд"

Шамсиддини 34-сола аз шаҳри Конибодоми вилояти Суғд дар аввали соли 2025 ба Русия рафт ва дар як сохтмон дар шаҳри Санкт-Петербург кор мекард. "Шароит мушкил буд, аммо ҳар моҳ ба аъзои оилаам дар Тоҷикистон пул мефиристодам ва каме ҳам пасандоз мекардам," – нақл кард ӯ.

Ӯ пас аз як сол аз Русия баргашт ва шаш моҳ дар Тоҷикистон монд. Моҳи августи соли 2026 тасмим гирифт, ки боз барои кори мавсимӣ ба Санкт-Петербург равад, аммо дар Фурудгоҳи Пулково барояш иҷозаи гузаштан аз марзро надоданд. Ба ин шаҳрванди Тоҷикистон гуфтаанд, ки даромаданаш ба Русия манъ аст.

"Вақте сабаб пурсидам, афсари марзбон посухи рӯшан надод. Маҷбур шудам бо бародаронам дар Санкт-Петербург тамос гирам, ки бароям билети бозгашт бихаранд. Ҳамин тавр, ба Тоҷикистон баргаштам," – ба ёд овард ӯ.

Пас аз ин сафар Шамсиддин тасмим гирифт, ки ҳатто баъди ба поён расидани муҳлати манъи вурудаш дигар ба Русия наравад.

"Кору зиндагӣ дар Русия душвор шудааст, ҳатто барои даромадан ба ин кишвар мушкилӣ пеш меоранд. Яъне, ҳанӯз ба Русия ворид нашудаӣ, аммо аллакай мушкилот оғоз шудааст. Ҳар қадаматро назорат мекунанд. Муносибат бо зодагони Осиёи Марказӣ таҳқиромез аст. Албатта, дар Русия одамони хуб ҳам ҳастанд, аммо сафи онҳое, ки бадбинии худро пинҳон намекунанд, бештар шудаанд," -- мегӯяд Шамсиддин.

Вай баъди бозгашт ба зодгоҳаш, шаҳри Конибодом, ба як гурӯҳи бинокорӣ ҳамроҳ шуд. Ба гуфтааш, ҳоло дар шаҳр сохтмони хонаву баландошёнаҳо авҷ гирифтааст ва кор кофист. Дар рӯз 200 сомонӣ, каме бештар аз 20 доллар, ба даст меорад. Ин пули чандон зиёд нест, аммо барои худашу ҳамсар ва ду фарзандаш мерасад. "Дигар намехоҳам ба Русия равам," -- мегӯяд ӯ.

Русия дигар ҷаззоб нест?

Ботирҷон Шермуҳаммад, коршиноси узбекистонӣ, мегӯяд, ҷаззобияти бозори кори Русия дар ҳақиқат коҳиш меёбад. Ба гуфтаи ӯ, санҷишу маҳдудиятҳо нисбат ба муҳоҷирон афзуда, харҷи зиндагӣ ва таҳияи санадҳо низ зиёд шудааст.

Гулнора Дербишева, мудири як бунёди иҷтимоӣ дар Қирғизистон, сахттар шудани қоидаҳои будубош дар Русия ва афзоиши эҳсоси ноамниро аз сабабҳои дигар донист. Ба гуфтаи ӯ, пас аз ҳамлаи террористӣ ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав (2024), муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ бештар аз санҷишҳо, афзоиши бегонаситезӣ ва фишор шикоят мекунанд.

Гулнора Дербишева
Гулнора Дербишева

Мақомоти Русия дар моҳи апрели соли 2025 талаботро барои қабули фарзандони муҳоҷирон ба мактабҳо низ сахттар карданд. Акнун супурдани имтиҳони забони русӣ ва нишон додани ҳаққи қонунии иқомат дар маҳалли зист шарти ҳатмӣ барои қабули фарзандони онҳо ба мактаб аст. "Ин монеаи иловагӣ ба муҳоҷироне аст, ки бо ҳамсару фарзандон дар Русия қарор дорад. Дар баъзе маврид ба тасмими бозгашти онҳо ба ватан таъсир мерасонад," -- мегӯяд Дербишева.

Дар солҳои охир мақомоти Русия рӯйхат ё феҳрасти "шахсони зери назорат"-ро ҷорӣ карда, иҷозат доданд, ки хориҷиён бе мурофиаи додгоҳӣ аз ин кишвар ихроҷ карда шаванд. Ин чора якҷоя бо маҳдудиятҳои дигар барои коргарони хориҷӣ, аз ҷумла зодагони Осиёи Марказӣ, душвориҳои зиёд пеш овардааст.

Бар асоси маълумоти Шӯрои амнияти Русия, то 1-уми апрели соли 2026 дар ин кишвар зиёда аз шаш миллион хориҷӣ қарор доштаанд, ки нисбат ба соле пеш 700 ҳазор нафар камтар будааст. Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия, моҳи сентябри соли 2026 гуфт, дар якуним сол қариб 100 ҳазор хориҷӣ аз ин кишвар ронда шуда, вуруди қариб 200 ҳазор нафари дигар маҳдуд гашт.

Ҷанг ва сафарбарӣ

Дар баробари сахттар шудани қоидаҳои муҳоҷират ва бештар шудани санҷишҳо, ҷанги Русия алайҳи Украина низ метавонад ба тасмими бозгашти муҳоҷирон ба зодгоҳҳояшон таъсир расонад. "Дар миёни муҳоҷирон изҳори нигаронӣ аз эҳтимоли ҷалби хориҷиҳо ё касоне, ки нав шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ба хидмати ҳарбӣ боқӣ мондааст. Чунин нигарониҳо ва сарусадо дар бораи сафарбарии умумӣ воқеан ба тасмими одамон таъсир мерасонанд," -- мегӯяд Гулнора Дербишева.

Валентина Чупик
Валентина Чупик

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, бар ин назар аст, ки коҳиши ҷараёни муҳоҷират ба Русия хеле пештар оғоз шуда буд. Вай ин равандро аз ҷумла ба оғози таҷовузи Маскав ба хоки Украина ва сафарбарии умумӣ ё басеҷ дар соли 2022 дар Русия пайванд дод. "Муҳоҷиронро ба таври густурда дар кӯчаҳо, ҷойи зисту маҳалли корашон боздошт карда, маҷбурӣ ба ҷабҳа мефиристоданд," -- мегӯяд ҳомии ҳуқуқ.

Коҳиши ҷаззобияти бозори кори Русия маънои онро надорад, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ омодаанд аз кор дар хориҷа даст кашанд. Миллионҳо зодаи минтақа ҳанӯз ҳам дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, аммо ҳамзамон таваҷҷуҳи онҳо ба кишварҳои дигари мизбони муҳоҷирон бештар мешавад.

"Албатта, як тамоюли муайян вуҷуд дорад, аммо ман ҳоло инро беруншавии оммавӣ аз Русия намегуфтам," – шарҳ дод коршиноси узбекистонӣ Ботирҷон Шермуҳаммад. Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз муҳоҷирон муваққатан ба ватан бармегарданд ва сипас боз барои кор ба хориҷ мераванд.

"Тобистон ва аввали тирамоҳ мавсими тӯйҳост ва дар ин давра одамон метавонанд барои ширкат дар маросими хурсандии хешовандон низ ба ватан биёянд. Бозгашти шумораи зиёди одамон дар як муддати кӯтоҳ ҳанӯз маънои онро надорад, ки онҳо Русияро барои ҳамеша тарк кардаанд. Дурусттар мешавад, ки на аз бозгашти оммавӣ, балки аз дигар шудани тадриҷии самтҳои муҳоҷирати корӣ суҳбат кунем," -- мегӯяд коршинос.

Ботирҷон Шермуҳаммад
Ботирҷон Шермуҳаммад

Ба гуфтаи ӯ, Узбекистон талош дорад имкониятҳои бо кор таъмин кардани шаҳрвандонашро дар Кореяи Ҷанубӣ, Аврупо, Ҷопон ва кишварҳои дигар бештар кунад. Дар поёни соли 2025 шумораи шаҳрвандони Узбекистон, ки дар ин кишварҳо ва минтақаҳо зиндагӣ мекарданд, ба тақрибан 320 ҳазор нафар расидааст. 8 дарсад бештар назар ба як соли пеш.

Мақомот дар Тоҷикистон низ солҳои охир талош доранд, ки роҳи муҳоҷирони тоҷик ба ҷуз аз Русия ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Қатару Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Куриёи Ҷанубӣ боз гардад. Ҳамчунин, шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Бритониё фиристода мешаванд, аммо шумораи онҳо зиёд нест.

Гулнора Дербишева, мудири як бунёди иҷтимоӣ дар Қирғизистон, мегӯяд, Русия барои бахше аз муҳоҷирон дигар ягона самти кору даромад нест. "Мо ҳоло на танҳо бозгашт ба ватан, балки раванди васеътари гуногун шудани муҳоҷиратро мебинем. Мардум ба Аврупо, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия ва кишварҳои дигари Осиё таваҷҷуҳ мекунанд," -- мегӯяд Дербишева.

Валентина Чупик ҳам аз муҳоҷироне мегӯяд, ки тасмим гирифтаанд дигар ба Русия нараванд, вале дар айни замон дар ватани худ кори мувофиқ пайдо карда натавонистаанд. Ба гуфтаи ӯ, афроде ба вай муроҷиат мекунанд, ки имкони кори қонуниро дар Бритониё, Олмон, Лаҳистон, Маҷористон, Чехия, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ ва Вйетнам меҷӯянд.

Аммо тағйири самти муҳоҷирати корӣ вақт ва сармоя мехоҳад. Барои кор дар кишвари дигар мумкин аст донистани забон, тасдиқи тахассус, гирифтани раводид ё виза ва хароҷоти иловагӣ зарур шавад. Аз ин рӯ, имкони кор дар хориҷ на танҳо ба хоҳиши муҳоҷирон, балки аз он низ вобаста аст, ки бозорҳои нави кор то чӣ андоза барои онҳо дастрас хоҳанд буд.

"Биёед, ҷойи кор ҳаст"

Дар ҳамин ҳол, мақомоти баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳоҷирони кориро ба бозгашт ба ватан даъват карда, ба онҳо ваъдаи кумак медиҳанд.

Содир Ҷабборов
Содир Ҷабборов

“Биёед, ҷойҳои корӣ ҳаст,” -- гуфт раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 11-уми октябр дар мулоқот бо сокинони вилояти Бодканд. Ӯ гуфт, теъдоди шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар хориҷа кор мекунанд, вақтҳои охир рӯ ба камшавӣ овардааст, аммо муҳоҷирати корӣ пурра бас нашудааст.

Дар Узбекистон низ тамоюли бозгашти муҳоҷирон аз Русия мушоҳида мешавад. Ба иттилои Оҷонси муҳоҷирати ин кишвар, дар як муддати кӯтоҳ, аз 25-уми август то 5-уми сентябри имсол, 96 ҳазору 415 нафар аз Русия баргаштаанд. Мақомот ҳамчунин аз бо кор таъмин шудани садҳо муҳоҷири собиқ хабар медиҳанд.

Дар Тоҷикистон низ мақомот аз коҳиши шумораи онҳое хабар медиҳанд, ки барои кор ба хориҷ мераванд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонси омор, моҳи июли соли 2026 гуфт, дар шаш моҳ ин нишондиҳанда 1,7 дарсад кам шудааст, аммо ӯ рақами дақиқ ва сабабҳои коҳишро нагуфт.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

​
XS
SM
MD
LG