17-уми октябр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фақр эълон шудааст. Мавзӯи бебизоатию нодорӣ барои Тоҷикистон нав нест. Ҳар нафари панҷум дар Тоҷикистон зери хати фақр ба сар мебарад, яъне аз рӯи меъёрҳои Бони Ҷаҳонӣ даромади рӯзонааш камтар аз 3 доллар мебошад. Дар миёни қишри ниёзманду мӯҳтоҷ занҳои танҳову партофташуда кам нестанд.
Садбарг Қурбонова яке аз онҳо аст, ки бо панҷ духтараш танҳо ва дар бебизоатии шадид дар шаҳри Ваҳдат ба сар мебарад. Ӯ ба умеди кӯмакпулиҳои давлат аст, чун бо сабаби хурдсолии фарзандон наметавонад онҳоро танҳо гузошта аз паи кор шавад. Духтари хурдиаш 5 ва калониаш 16-сола аст.
Қурбонова мегӯяд, як миқдор пиёзу картошкае, ки ҳоло дар хонааш ҳаст, то як ҳафтаи дигар тамом мешавад ва намедонад онҳоро чӣ интизор аст. Ду сол пеш бо кӯмаки хайрхоҳон дар як қитъае дар байни кӯҳҳо аз паи бунёди манзиле шуд ва ҳоло он ҳам нотамом аст.
"Дар сохтмони хонаи ман ёрии муҳоҷирон расидааст. Ман як падари пир дорам, ӯ ҳам бемор асту кор карда наметавонад", - гуфт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Садбарг Қурбонова, сокини маҳаллаи Файзрези шаҳри Ваҳдат.
Ба қавли ӯ, то ба ин охирҳо падараш ба ӯ ҳамеша ёрӣ медод ва ҳам аз ҳисоби алименти фарзандон моҳе 120 сомонӣ маблағ ба даст меомад. Вале, ба гуфтааш, ин ҳам "ҳеҷ чиз намешавад. Падарам бечора гиря мекунад ва дигар ёрӣ дода наметавонад ва мегӯяд, "худат аз куҷое меёбӣ, кор кун, зиндагиатро бар". Зиндагиам ҳамин хел вазнин аст”, - гуфт Қурбонова.
Ӯ мегӯяд, танҳо дар мактаби миёна таҳсил кардааст, ҳеҷ касбу ҳунаре надорад ва баъди аз ҳам пошида шудани хонаводааш, тамоман дар як ҳолати ночорӣ мондааст.
Ӯ мегӯяд, азбаски хонааш девор надорад, аз амнияти худу фарзандонаш ҳам нигарон аст, вагарна шояд метавонист кӯдаконро дар хона гузошта, ба ҷое барои кор биравад. Аз сӯи дигар, кор пайдо кардан барои ин зани таҳсилнокарда ҳам осон нест.
Ӯ мегӯяд, исмаш расман дар руйхати камбизоатони давлат ҳаст, вале на ҳамеша аз кӯмакҳои пешбинишуда бархудор мешавад. “Ду ё се бор 130-сомонӣ гирифтаам. Вақте баъди ин муроҷиат кардам, чанд дафъа гуфтанд, ки "бонк кор намекунад, дигар ба шумо пул намедиҳанд".
Мисли Садбарг дар Тоҷикистон садҳо ҳазор хонавода аз нодориву камбизоатӣ азият мекашад ва гоҳе нигарониҳо аз нокофӣ будани кӯмакпулиҳо ё набуди шаффофият дар тақсими кӯмакҳо садо медиҳад.
Мақомот мегӯянд, онҳо ҳамеша дар фикри чунин хонаводаҳо ҳастанд.
Фахриддин Юсуфзода, сардори раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ мегӯяд, давлат масъулияташро дар баробари ин қишри аҳолӣ иҷро мекунад.
“Дар як сол додани 825 сомонӣ барои як оила пешбинӣ шудааст, - шарҳ дод Юсуфзода. - Ва махсусан боз барои оилаҳое, ки ду ва ё зиёда кӯдак доранд, кӯдаки маъюб доранд, барои кӯдаконаш алоҳида боз ду нишондиҳандаи дигар иловатан пардохт мегардад ва дар маҷмӯъ ин метавонад аз ҳазор сомонӣ ҳам бигузарад”. Беш аз ҳазор сомонӣ бо қурби имрӯза ба ҳисоби миёна 110 доллар мебошад ва ин маблағ ҳам барои бисёриҳо кифоят намекунад, чун, масалан, нархи як кило гӯшти гов дар бозорҳои Тоҷикистон 100 сомонӣ аст.
Фахриддин Юсуфзода гуфт, камбизоатон ҳаққи истифодаи ройгон аз хидматрасониҳои тиббиро доранд.
Коршиносон мегӯянд, имконияти иҷтимоии давлат ҳам номаҳдуд нест, вале воқеият ин аст, ки ин кӯмакҳои таъиншуда дар асл кифоят намекунанд. Масалан, ба бовари иқтисодшиносон, сатҳи фақру нодорӣ дар Тоҷикистон дар даҳсолааҳои ахир аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ коҳиш ёфтааст.
Абдулло Ашуров, коршиноси иқтисодӣ мегӯяд, такя кардан ба саҳми доимии муҳоҷирон дуруст нест, чун ҳодисаҳои солҳои охир рӯшан нишон дод, ки вазъи муҳоҷирон дар Русия, ки макони калидии кору даромади муҳоҷирон мебошад, босубот нест.
"Риски ин воқеият дар он аст, ки он муҳоҷирон зуд кори худро, манбаи даромади худро аз даст диҳанд. Ё ки рафта натавонанд ё мисли Русия, ки онҳо ихроҷ шаванд аз онҷо. Ё намедонам ба ягон касал гирифтор шаванду манбаи даромади худро аз даст диҳанд, кор карда натавонанд. Яъне бисёр риск, таваккалҳои зиёде дар инҷо аст, ки беҳбуд ёфтани некуҳаволии хонаводаҳо бисёр ларзонак аст, устувор нест, яъне ки аз манбаъҳои дохили нест. Бино бар ин Тоҷикистон бояд чунин сиёсатеро пеш гирад, ки хонаводаҳо пеш аз ҳама дар дохил манбаи даромади устувори худро дошта бошанд, ки аз муҳоҷират сахт вобаста набошанд”.
Бино ба гузориши "Шохиси ҷаҳонии фақр", ки соли гузшта нашр шудааст, 8,7 дарсад аҳолии Тоҷикистон бо камбуди доимии ғизо рӯбарӯ ҳастанд. Тибқи ин раддабандӣ, Тоҷикистон дар байни 127 кишвар дар зинаи 65-ум - байни Никарагуа ва Ғано ҷойгир шудааст.
Дар Вазорати тандурустӣ гуфтанд, дар Тоҷикистон ҳоло тақрибан афроди фақир вуҷуд надорад, балки хонаводаҳои камбизот аст, ки ҳар сол омораш коҳиш меёбад. Ба иттилои расмӣ, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ аз 83% то 20% коҳиш ёфтаааст. Вале шакку шубҳаҳо ба дурустии чунин омор ҳамеша вуҷуд дорад.