Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ вазъи расонаҳоро дар шароити имрӯза "муташанниҷ" номида, гуфт, солҳои охир дар кишвар "худсензура зиёд шудааст".
“Оё намешавад, ки Ҳулбукро низ ба мисли қалъаи Хуҷанд ва қалъаи Истаравшан таъмиру азнавсозӣ кард, то сайёҳон омада, дар бораи мо хулосаи хуб ва мусбат бароранд? То кай ба онҳо вайронаҳоро нишон медиҳем?”
Дар рафти як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе суол дар бораи тармими ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон баҳсеро барангехт. Яке аз хабарнигорон пурсид, ки чаро мақомот ёдгориҳои қадимаи нимавайронаро таъмир намекунанд, то сайёҳон бубинанд.
Кумитаи кор бо занон дар Тоҷикистон бо ибрози нигаронӣ аз зиёд шудани хушунати шаҳвонӣ, аз ҳукумат хостааст, ки ҷазоро барои хушунати ҷинсӣ сахттар кунад.
Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ эътироф карданд, ки ҳамла ба корхонаҳои нафтии Русия ба бозори сӯзишвории Тоҷикистон “бевосита таъсир расондааст”. Онҳо дар ин маврид аз ибораи “нооромиҳои сиёсӣ” низ истифода карданд, аммо шарҳ надоданд.
Дар пайи муваққатан манъ шудани содироти сӯзишвории ҳавопаймо аз Русия, мақомоти Тоҷикистон талош доранд аз кишварҳои дигар маводи сӯхт ворид кунанд. То ин вақт Тоҷикистон сӯзишвории мавриди ниёзаш, аз ҷумла барои ҳавопаймоҳоро аз Русия мегирифт.
Дар Русия на камтар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат мекунанд ва аз ноноварони аслии хонаводаҳояшон дар кишвар ҳастанд. Ҳамкори мо, Шаҳлои Абдулло, дар Душанбе аз чанд раҳгузар пурсид, ки оё фарзанд, ё бародаронашон ба онҳо кумаке мекунанд, пул мефиристанд?
Пас аз як тасмими Оҷонсии инноватсия ва фанновариҳои нави Тоҷикистон дар ду-се рӯзи ахир бештари нуқтаҳои савдо ва хидматрасонии Душанбе аз пазируфтани пардохтҳо тавассути ҳамёнҳои электронӣ даст кашидаанд.
Тоҷикистон дар поёни моҳи май мизбони конфронси СММ оид ба масоили об хоҳад буд ва барои иштирок дар ин ҳамоиш дар Душанбе қарор аст коршиносон ва мақомот аз беш аз сад кишвар ҷамъ шаванд.
Дар шаҳри Душанбе дар як нишасте бахшида ба рӯзи матбуот дар бораи аҳволи матбуот ва хабарнигорони тоҷик сӯҳбат карданд. Чӣ гуфтанд?
Вожаи “худсонсурӣ” ё “самосензура” аз калимаҳое буд, ки дар анҷумани “Рӯзи ҷаҳонии озодии баён” дар Душанбе бештар садо дод.
Пайвандони як сарбози Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки худро ба дарёи Кофарниҳон партофт, аз мақомот мехоҳанд, воқеро таҳқиқ ва сабабҳои даст ба ин амал даст задани Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзодаро рӯшан кунанд.
Наздикони зане, ки ҷасади овехтааш дар деҳаи Шӯрхоки шаҳри Турсунзода пайдо шуд, ба марги ӯ шубҳа доранд.
Як хонаводае дар шаҳри Турсунзода аз мақомот талаб доранд, ки сабабҳои марги духтари 41-солаашонро маълум кунанд. Ҷасади модари се фарзандро дар хонаи шавҳар овехта пайдо карданд ва модараш мегӯяд, мумкин аст, ҷабру ситам ба духтараш сабаби қасди ҷони хеш кардани ҷигарбандаш шудааст.
Дар шаҳри Кӯлоб хонаводаи ду модари ҷавон ва як кӯдаке мотам доранд, ки домоди хонавода рӯзи 2-уми апрел бераҳмона онҳоро кушт. Қатли зан ба дасти шавҳар дар Тоҷикистон дар ду соли ахир зиёдтар шудааст ва то ҳадде, ки ҷомеашиносон мегӯянд, ба тамоюл табдил ёфтааст.
Боло рафтани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон як мушкили дигари ҷиддӣ барои ронандаҳои таксие шудааст, ки мошинҳояшон бо нерӯӣ барқ ҳаракат мекунанд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба мардум ҳушдор додааст, ки вақти сафар ба Русия дар фурудгоҳҳо ба дархости маъмурони амниятӣ барои тафтиши телефонҳояшон мухолифат накунанд, зеро онҳоро ба Русия роҳ намедиҳанд.
Додситонии ҳарбӣ ба таҳқиқи марги як навсарбози Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон шуруъ кардааст. Исрофил Азимзодаи 25-сола пас аз тақрибан ду ҳафтаи хидмат ба ҳалокат расид. Ҷасади ӯро 14-уми апрел дар зодгоҳаш, ноҳияи Рӯдакӣ, дафн карданд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсиданд, ки дар Тоҷикистон шароит барои омода кардани мутахассисон мавҷуд аст?
Ёфтҳои бештар