Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Пул гирем, андоз супорем. Ҷабр аст”. Назарҳо ба андозбандии ҳамёнҳои электронӣ

Дар Тоҷикистон ҳоло бисёре аз пардохтҳо онлайнӣ ва ё бо код анҷом мегиранд.
Дар Тоҷикистон ҳоло бисёре аз пардохтҳо онлайнӣ ва ё бо код анҷом мегиранд.

Пас аз як тасмими Оҷонсии инноватсия ва фанновариҳои нави Тоҷикистон дар ду-се рӯзи ахир бештари нуқтаҳои савдо ва хидматрасонии Душанбе аз пазируфтани пардохтҳо тавассути ҳамёнҳои электронӣ даст кашидаанд.

Наимҷон Наимзодаи донишҷӯ низ мегӯяд, маҷбур шудааст, ки аз бонкоматҳо пули нақд биҷӯяд, зеро дар чанд ҷой ҳангоми пардохт ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст: “Бисёр таксиҳо ҳам намегузаронанд, мегӯянд, ки молиёт месупорем. Барои ҳамин дигар қабул намекунанд, пули нақд мепурсанд. Номаълум дигар чӣ кор мекунем. Магар инки пулгирӣ равем, аз мо фоизи зиёд мегирад. Пас мо ҳам андоз супорем”.

Оҷонсии инноватсия ва фанновариҳои нав 1-уми апрел тарҳи озмоишиеро барои танзими андозбандии соҳибкории инфиродӣ пешниҳод кардааст, ки минбаъд амалиёти тиҷоратӣ тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад. Тарҳ дар миёни шаҳрвандон ва тоҷирону соҳибкорон чӣ ҳангоми додугирифти маъмулӣ ва чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронӣ ва норизоиятиҳоро ба бор овардааст.

Нодира Азимова, фурӯшандаи ҷавоҳирот дар маркази тиҷоратии “Садбарг” таъйид мекунад, ки аз муштариён танҳо пули нақд мегиранд, зеро тавассути ҳамёнҳо бар зарари онҳо аст: “Ҳозир аз банкомат агар пул гиред, худаш фоиз мегирад. Бо ин андозро монданд. Чаро ҷабр фақат ба савдогарон аст? Чӣ даркор аст ин чиз? Пул гирем, андоз месупорем, пул равон кунанд, боз андоз месупорем. Мо дигар қабул намекунем. Ба мизоҷ мегӯем, ки пули нақд диҳед. Рафта аз банкомат гиред, мегӯем.”

"Чизе мешавад, дарав андоз мебанданд"

Бархе аз сокинони Душанбе аз ин тарҳи озмоишӣ аст, истиқбол намекунанд. Аммо Сомони Бахтиёр, як фурӯшандаи телефонҳои мобилӣ дар Душанбе мегӯяд, маҷбур аст, ин “андози нав”-ро супорад, зеро “кори мо бисёраш бо карта аст, қабул мекунем, андоз бошад, месупорем, чӣ хел саркашӣ мекунем?”

Нодира Азимова мегӯяд, ин кор ба рушди тиҷорати онҳо халал мерасонад. Ин тоҷир мехоҳад, ки мақомот аз ин тарҳ даст кашанд: “Барҳам диҳанд. Барои ҳамёнҳои электронӣ молиёт чӣ даркор? Бигзоранд, савдогарон андаке кор кунанд. Чизе мешавад, дарав андоз мебанданд. Аз куҷо яктои шумо дуто мешавад. Чӣ даркор аст ин чизҳо?»

Бо вуҷуди саргардониву нигарониҳои тоҷирону сокинон, дар Оҷонсии инноватсия ва фанновариҳои нави Тоҷикистон нахостанд, ҷузъиёти тарҳро ба Радиои Озодӣ шарҳ диҳанд.

Аммо дар матолибе, ки ин ниҳод дар сафҳаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои давлатӣ нашр кардааст, гуфта мешавад, ки “интиқоли одии маблағ байни аъзои оила, дӯстон, наздикон ва дигар шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои электронӣ” андозбандӣ намешавад.

Вале дар яке аз бандҳои замимаи ин тарҳ, ки дар ихтиёри расонаҳо қарор гирифтааст, гуфта мешавад, ки агар аз як шахси воқеӣ ба шахси воқеии дигар дар як рӯз тавассути ҳамёнҳои электронӣ бештар аз 10 пардохт бо ҳадафи тиҷорат анҷом диҳад, ин амалёт андозбандӣ мешавад.

Оҷонсӣ нагуфтааст, ки тарҳ чӣ гуна муайян мекунад, ки кадоме аз пардохт тиҷоратӣ асту кадоме хусусӣ. Ҳарчанд дар замимаи ин тарҳ омадааст, ки ин низом маълумотро дар ихтиёри мақомоти андоз мегузорад ва онҳо соҳибкор будан, ё набудани соҳиби ҳамёни электрониро дақиқ мекунанд.

Ин ниҳод, бар хилофи нигарониҳои сокинони кишвар, дар як баёния рӯзи 19-уми май эълон кард, ки ҳадафи тарҳ овардани сабукӣ ба соҳибкории инфиродӣ дар Тоҷикистон аст, аз ҷумла меъёри андоз барои ин гурӯҳи соҳибкоронро ба ҷойи 6 дарсади қаблӣ 3 дарсад пешбинӣ мекунад.

Аммо гуруҳе аз соҳибкорон дар як нома ба Радиои Озодӣ рӯзи 18 май навиштаанд, ки раванди мазкур на танҳо боиси гароншавии молу хадамот мегардад, балки "эътимоди мардумро ба низоми рақамӣ" коҳиш медиҳад. Ин дар ҳолест, ки низоми рақамӣ, ба гуфтаи ин соҳибкорон, ояндаи иқтисоди Тоҷикистон аст. Муаллифони нома ҳамчунин аз таъсири он ба муштариёни хориҷӣ низ нигаронӣ кардаанд.

Баъди сарусадои зиёд дар бораи тарҳ Бонки миллии Тоҷикистон ҳам маҷбур шуд, бо баёнияи кӯтоҳе масъаларо шарҳ диҳад. Дар ин баёния аз рӯзи 20-уми май омадааст, ки “лоиҳаи нави озмоишӣ ба амалиётҳои интиқоли маблағ байни шахсони воқеӣ (аз ҷумла байни аъзои оила, хешу табор ва дигар шаҳрвандон), ки хусусияти тиҷоратӣ надоранд, дахл надорад ва чунин амалиётҳо андозбандӣ карда намешаванд.“

Ба қавли Бонки миллӣ, ҳадафи асосӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, содагардонии равандҳои андозбандӣ ва рушди муомилот ва пардохтҳои ғайринақдӣ аст. Қарор аст, ин тарҳ пас аз марҳилаи озмоишӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 иҷро шавад.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG