Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши телефонҳо муҳоҷиронро "ба дод овардааст"

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба мардум ҳушдор додааст, ки вақти сафар ба Русия дар фурудгоҳҳо ба дархости маъмурони амниятӣ барои тафтиши телефонҳояшон мухолифат накунанд, зеро онҳоро ба Русия роҳ намедиҳанд.

Телефони ҳамроҳ моҳҳо боз барои муҳоҷирони тоҷик ҳангоми сафар ба Русия ба як дарди сар табдил ёфтааст. Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, баробари расидан ба фурудгоҳҳои Русия тафтишу тагурӯ кардани телефонҳо сар мешавад ва гоҳе сабаби ихроҷи онҳо мегардад.

Рустам, як муҳоҷири ихроҷшуда мегӯяд, "Вотсап, Телеграм бошад, ягон чизи исломӣ бошад, боздошт мекунанд. Чӣ рамзе доранд, ки мезананд, ҳамааш мебарояд".

ТАВСИЯИ НАВИ МАҚОМОТ БА МУҲОҶИРОН

Мақомоти Тоҷикистон 16-уми апрел бо нашри эълоне ба муҳоҷирон тавсия додаанд, ки барои тафтиши телефону дастгоҳҳои дигари электронӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадии Русия монеа эҷод накунанд.

Муҳоҷирони тоҷик. Акс аз бойгонӣ.
Муҳоҷирони тоҷик. Акс аз бойгонӣ.

Ба таъкиди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, марзбонони Русия ҳақ доранд, ки ҳангоми даромадан ба ин кишвар телефону компютери ҳар нафарро тафтиш кунанд.

Ҳушдор дода шудааст, ки дар сурати саркашӣ аз ин амри марзбонон, муҳоҷирон метавонанд ҷарима ё то 15 рӯз ба ҳабс гирифта шаванд.

"НАҚЗИ ҲУҚУҚИ МУҲОҶИРОН АСТ"

Чанде аз муҳоҷирон ва ҳуқуқдонҳое, ки Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, ин амали марзбонони русро поймоли ҳуқуқ донистанд.

Хуршед, сокини Душанбе мегӯяд, "ин нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон аст. Дар Сарқонун омадааст, ки чунин чиз мумкин нест. Ин озодии одамро маҳдуд кардан аст. Маълумоти шахсиро талаб мекунанд, ки чунин набояд бошад. Ҳақ надоранд барои ин хел чизҳоро пурсидан, ҳатто ҳақ надоранд шиносномаро ба даст гиранд".

Тавсияи нави вазорат ба муҳоҷироне, ки ба Русия мераванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Муҳоҷирон мегӯянд, дар фурудгоҳҳои Русия барои тафтиши телефон соатҳо интизор мемонанд. Марзбонон ба WhatsApp, Telegram ва мессенҷер ё паёмрасонҳо даромада, аксу наворҳои дохили онро месанҷанд.

Агар соҳиби он суханронии рӯҳониён, таронаи динӣ ё хабарҳои вобаста ба Украинаву Ғаззаро дидаву гӯш кардааст, метавонад ронда шаванд. Онҳое ҳам, ки хотираи телефони худро пок мекунанд, зери шубҳа мемонанд.

"ПАНҶ СОАТ МАНЪ КАРДАНД"

Сафаралӣ Раҳматов, муҳоҷири дигари тоҷик мегӯяд, телефонашро кофтанд, азият доданд, 5 соат манъ карда, 5 ҳазор гирифтанду баъд ҷавоб доданд. Телефонашро дигар надоданд.

"Ҳар як қоидаи наве, ки мебарояд, мушкилӣ дорад. Таҳияи ҳуҷҷат, даводав, азият бениҳоят зиёд аст. Моро бурда, 14 рӯз маҳкам ва аз марз берун карданд",-мегӯяд ӯ

Мусоҳиби дигари мо мегӯяд, санҷишҳои тӯлонӣ сабаб шуд, ки билеташро ба як шаҳри дигар аз даст дод ва зарар дид.

"Ман бо даъватнома меравам. Ширкатҳо даъват мекунанд, пули билет медиҳанд, хӯрок медиҳанд. Ҳама чиз расмӣ буд. Ман бе патенту документ намегардам. Ба кор даъват карданд ва аз Душанбе то Маскав билет гирифтанд ва аз он ҷо ба Сургут. Рафтам, аз рӯйи ҳамин санҷиш дар Маскав билети Сургут, ки ду соат пас буд, сӯхт. Маҷбур аз нав билет гирифтам",-мегӯяд Рустам.

ҲАДАФ ЧИСТ?

Ҳадаф аз тафтиши телефони муҳоҷирон дар фурудгоҳҳои Русия расман "таъмини амният ва муқовимат бо ифротгароӣ" гуфта мешавад. Аммо ба андешаи баъзе аз мусоҳибони мо, ки солҳо дар муҳоҷират будаанд, "мақсад чизи дигар аст".

"Мо, тоҷиконро аз ҳамон ҷо кам кардан мехоҳанд. Бе ин ҳам кам карданд, боз камтар кардан мехоҳанд. Ҳадафашон ҳамин аст".

Раҳмон Улмасов, коршиноси масоили муҳоҷират.
Раҳмон Улмасов, коршиноси масоили муҳоҷират.

Бо ин ҳол, Раҳмон Улмасов, коршиноси масоили муҳоҷират мегӯяд, тасмиму қоидаҳои нав ҳам наметавонад раванди муҳоҷирати тоҷиконро ба Русия суст кунад. Ба таъкиди ӯ, муҳоҷирон бояд ин қоидаҳоро донанд ва иҷро кунанд.

"Аз сабаби он, ки мо бо хоҳиши худамон ба онҷо меравем, бояд тамоми қоидаҳоеро, ки дар Русия ҳаст, ҳатман иҷро кунем. Ин ҳеч вақт шумораи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия кам намекунад. Бояд, ки омода бошанд. Вақте мақсади рафтан ба Русия доранд, бояд тайёрӣ бинанд ва донанду огоҳ бошанд".

Солҳои охир дар Русия тафтишу боздошт ва ҳабсу ихроҷи муҳоҷирон афзуда, даҳҳо қонуну қоидаи нав қабул шуд, ки кору зиндагии онҳоро сахту душвор гардонд.

Созмони байнулмилалии Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch соли 2025 онро "Зиндагӣ дар тарсу таҳқир" номида, аз ҳукумати Русия хост, нагузорад, ҳаққу ҳуқуқи муҳоҷирон зери по шавад. Дархосте, ки зоҳиран Маскав нодида гирифтааст.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG