Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия фарзандони муҳоҷирони тоҷикро саргардон кардааст

Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз он изҳори ташвишу нигаронӣ кард, ки теъдоде аз кӯдакони муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз таҳсил дур мондаанд.

Суҳайлӣ Қодирӣ, гуфт, оморе, ки онҳо дар ин бора мегиранд, «бисёр нигаронкунанда аст.» Пештар аз ин, вазири маориф гуфт, дар як соли охир беш аз 9 ҳазор кӯдаки тоҷик, ки аз мактабҳои Русия ронда, ё дар онҷо аз таҳсил маҳрум шудаанд, ба Тоҷикистон баргаштаанд. Омори мушаххаси кӯдаконе, ки ҳанӯз дар Русия ҳастанд, вале дар ягон ҷо намехонанд, дақиқ нест. Теъдоди тахминии онҳо ҳазорон нафар гуфта мешавад.

Суҳайлӣ Қодирӣ, мудири шӯъбаи ҳифзи кӯдакон дар идораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон ҳафтаи гузашта дар як нишасти хабарӣ гуфт: “Мо дар тамоми робитаҳое, ки бо ҷониби Русия дорем, аз уҳдадориҳои ин давлат дар самти амалисозии Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ёдоварӣ мекунем. Дуюм масъалае, ки дар ҳамин ҷо аз назорат берун мемонад, ин аз оила дур шудани кӯдак аст. Мутаассифона, кӯдаконе, ки дар он ҷо ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд, эҳтимоли ба кишвар баргаштани онҳо зиёд мешавад. Мутаносибан эҳтимоли дубора ба кишвар баргаштани падару модар низ зиёд мешавад. Бинобар наёфтани ҷойи кор мушкилоти муайяни иҷтимоӣ ба миён меояд.”

"Кӯдакони ихроҷшуда" таҳсилро дар Тоҷикистон идома медиҳанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Дар пайи дигаргуниҳои зиёд дар қонунгузорӣ ва сиёсати муҳоҷират дар Русия дар ду соли гузашта, қоидаҳои қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳо душвортар шуд. Онҳо бе супурдани имтиҳони забони русӣ ҳаққи таҳсил надоранд. Чизе, ки ҳомиёни ҳуқуқ танқид карданд.

Аз сӯйи дигар, худи муҳоҷирон ҳам бояд қонунӣ будани иқомати худро дар Русия исбот кунанд. Ин сахтгириҳо сабаб шуд, ки моҳи сентябри соли 2025 беш аз 87 дар сади фарзандони муҳоҷирон дар Русия аз мактаб берун монанд.

Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, ки соли гузашта ҳазорон кӯдакеро, ки аз Русия баргаштанд ва дар мактабҳои кишвар ба таҳсил фаро гирифтанд. Коре, ки бо мушкилоти зиёде печида аст,

Раҳим Саидзода, вазири маорифи Тоҷикистон: “Инҳо фарзандони худи мо ҳастанд, фарзандони Тоҷикистон ҳастанд. Вақте ба мо муроҷиат карданд, онҳоро ҷобаҷо кардем. Фақат дар баъзе ҳолатҳо мушкилоте шудаанд, ки онҳо дар Русия ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд. Масалан дар Тоҷикистон хондааст, Синфи 7-ум, рафтааст, як сол нахондааст. Баргашта меояд ва мехоҳад дар синфи 8 ё 9 гузарад. Ин мумкин нест.»

Ҳарчанд мушкилоти аз таҳсил дур мондани фарзандони муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳанӯз ҳам мондааст, ба назар мерасад ҷониби Тоҷикистон барои ҳалли он бо Русия вориди гуфтугӯ намешавад.

Суҳайлӣ Қодирӣ, мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки идораи Омбудсмен: “Ин мавзуъ дигар бо Русия баррасӣ карда намешавад, зеро онҳо аллакай дар сатҳи қонунгузорӣ тағйирот ворид кардаанд. Ин аллакай масъалаи ҳалшуда аст, дар он ҷо. Агар дар шакли баррасӣ, ё лоиҳа мешуд, мо чизе мегуфтем, аммо аллакай ба қонунгузорӣ ворид шудааст ва ин мушкилот боқӣ мемонад. Минбаъд онҳо марҳила ба марҳила ҳамин низомро ба танзим дароварданӣ ҳастанд”.

Вазорати кору муҳоҷират ва ниҳодҳои дигари Тоҷикистон солҳои охир аз омори муҳоҷирони тоҷик дар Русия худдорӣ меварзанд. Бино ба оморҳои гуногун тақрибан як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар он кишвар кору иқомат мекунанд.

Танҳо соли 2025 мақомоти Русия, беш аз 36 ҳазор муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардаанд, ё аз фурудгоҳу гузаргоҳҳои марзӣ пас гардонидаанд, ба қаламрави он кишвар роҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG