Афзоиши истеъмоли навъҳои нави маводи мухаддир, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо номи лирика ва ё кристалл маъруфанд, мояи нигаронии амиқи ҷомеашиносон шудааст. Кор ба ҳадде расидааст, ки баъзе аз ҷавонон баъди истифодаи онҳо касеро бераҳмона мекушанд. Ё масалан гӯши касеро газида мекананд.
Мақомоти корҳои дохилӣ қариб ҳар ҳафта дар бораи боздошти ин ё он ҷавону ноболиғ барои истифода аз маводи мухаддиру маводи психотропие чун “лирика” гузориш медиҳанд.
Мақомот дар Тоҷикистон аз чаҳор фарзанди соҳибкор ва сиёсатмадори зиндонӣ Зайд Саидов талаб кардаанд, ки хонаҳои худро холӣ кунанд, чун онҳо ба фоидаи давлат мусодира хоҳанд шуд.
Як дархости мақомоти тоҷик дар бораи худдории сокинон аз истифодаи таксиҳои ғайрирасмии маъруф ба "10 сомонӣ" ва рӯй овардан ба таксиҳои расмии "Jura" баъзе аз ронандаҳоро дар Душанбе бештар эҳтиёткор кардааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, сокинон то 10-уми апрел метавонанд бепул аз муоинаи пизишкон гузаранд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз роҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе пурсиданд, ки ҳар сари чанд вақт ба назди табибон мераванд ва оё аз ташхис гузаштан осон аст? Посухҳоро дар видео бинед.
Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон арзёбии як созмони хориҷиро дар бораи олудагии ҳаво дар кишвар дур аз воқеият номид. Чанде пеш як созмони ғайриҳукуматии муқими Швейтсария бо нашри гузорише Тоҷикистонро дар радифи кишварҳое қарор дод, ки ҳавояшон олуда ва барои сиҳатии инсон зиёновар аст.
Мақомот дар Русия дастрасиро ба аксар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо, аз ҷумла WhatsApp ва Telegram масдуд ва истифода аз онҳоро ҷурм эълон карданд. Наздикони муҳоҷирон мегӯянд, ин тасмим тамоси онҳоро бо пайвандони роҳдурашон душвор кардааст.
Хабаргузории "Азия Плюс", ки сӣ соли пеш дар замони ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфта буд, аз камтарин расона дар Тоҷикистон аст, ки талош дорад, то барои хабаррасонӣ аз шеваҳои наву пешрафта истифода кунад.
Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз мизбони гурӯҳе аз хориҷиён буд. Шумораи дақиқи онҳо эълон нашудааст, вале баъзеяшон эрониҳое ҳастанд, ки пеш аз шурӯи ҷанг аз Ҷумҳурии Исломӣ омадаанд ва ё эрониҳое, ки дар кишварҳои ғарбӣ кору зиндагӣ мекунанд.
Дар ноҳияи Шаҳринав, дар тақрибан 50-километрии пойтахти Тоҷикистон, сегоник (се писар) таваллуд шудааст. Волидон мегӯянд, ҳарчанд аз муноисбати пизишкон розиянд, ба таваҷҷуҳ ва пуштибонии бештар ниёз доранд.
Орзуву омоли сокинони Душанбе дар арафаи Иди Фитр ва Наврӯз
Бо гузашти як рӯз аз кушта шудани Саломатшо Ғалчаеви 34-сола (падари панҷ фарзанд) аз сӯйи як афсари Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷ, мақомот то кунун ҳодисаро шарҳ намедиҳанд.
Рӯзи 18-уми март аз таваллуди Отахон Латифӣ, рӯзноманигори маъруф, муовини сарвазир ва яке аз чеҳраҳои калидии музокироти сулҳи тоҷикон аз ҷониби нерӯҳои мухолиф, 90 сол гузашт.
Пас аз нашри мустанаде аз сӯйи пулиси Душанбе, мавзӯи набудани имкони таълими динӣ барои наврасон дубора доғ шуд.
Кумитаи сохтмон ва меъморӣ мегӯяд, соли гузашта нархи хона дар Душанбе қариб 3 дарсад боло рафта, арзиши ҳар метри мураббаи он дар пойтахт ба 8207 сомонӣ ё 877 доллар баробар аст. Мо аз сокинон ва меҳмонони Душанбе пурсидем, ки нархи хона то куҷо дастрас аст?
Дар Тоҷикистон солҳост, ки мушкили партовҳои бадбӯй дар гирду атрофи хонаҳо як масъалаи доғ аст ва ҳам масъалаи коркарди онҳо, ки суст ба роҳ монда шудааст. Масъала то ҳадде ҳалталаб шудааст, ки то ба мизи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рафтааст.
Эҳтимоли бесуботӣ ва баста шудани роҳҳои тиҷорату ҳамлу нақл. Таҳлилгарони тоҷик ба ин паёму пайомади ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ишора мекунанд.
Номи деҳаи Жамак (Жамаг) дар ноҳияи Ванҷ солҳои охир ба сабаби боздошти гурӯҳе аз зодагонаш бо иттиҳоми тундгароиву терроризм зиёд расонаӣ мешавад. Ҳоло ҳукумати ноҳия мехоҳад, онро дигар кунад. Ин баҳс дар Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ҳам бархост.
Мақомот дар ноҳияи Ванҷ дар андешаи тағйири номи деҳае ҳастанд, ки ба гуфтаи онҳо бинобар рафтори гурӯҳе аз сокинонаш бадном шудааст. Деҳаи Жамак дар ҷамоати Язгулом ҷойгир аст.
Тоҷикистон бозори як замони гарми сементашро дар Афғонистон ва Узбекистон қариб аз даст додааст. Вазири саноат ва фанновариҳои нав далели ин вазъро шарҳ дод.
Ёфтҳои бештар