Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду рӯзноманигори тоҷик аз зиндон раҳо шуданд

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ. Акс аз бойгонӣ
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ. Акс аз бойгонӣ

Завқибек Саидаминии 43-сола ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаи 48-сола, ду рӯзноманигори зиндонии тоҷик, рӯзи 18-уми июл бар асоси қонуни афв озод шуданд. Мақомот ҳардуи онҳоро дар соли 2022 бо айбномаи ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистон гунаҳкор карданд, аммо худашон ва наздиконашон напазируфтанд.

Яке аз наздикони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 18-уми июл ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки рӯзноманигор аз маҳбаси шаҳри Хуҷанд раҳо шудааст. Ӯ ҷузъиёт надод ва нагуфт, ки рӯзноманигор чӣ ҳол дорад. Пештар пайвандонаш аз вазъи саломати ӯ дар зиндон изҳори ташвиш доштанд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода моҳи декабри соли 2022 бо айбномаи узвият дар созмонҳои мамнуъ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. Вале худаш дар номае аз боздоштгоҳ навишт, аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш "бофтаву сохта"-ро ба дӯш бигирад.

Завқибек Саидаминӣ пас аз раҳоӣ дар назди зиндони "Якум Советский" дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳад ба кори рӯзноманигорӣ баргардад, аммо дар оғоз майл дорад, ба соҳибкорӣ машғул шавад.

Ба пешвози Завқибек модару ҳамсар ва бародарону хешовандони дигараш омада буданд. Худаш гуфт, дар замони дар зиндон будан як амаку як аммааш аз дунё гузаштаанд ва ӯ дар аввал мехоҳад барои дуову фотиҳа ба хонаи онҳо биравад. "Сипас ба деҳа меравам, ки фарзандон он ҷо интизоранд," - афзуд хабарнигор.

Завқибек Саидаминӣ ҳангоми дидор бо модараш. Шаҳри Душанбе, 18-уми июли 2026
Завқибек Саидаминӣ ҳангоми дидор бо модараш. Шаҳри Душанбе, 18-уми июли 2026

Ин рӯзноманигор дар бораи шароити нигаҳдорияш дар маҳбас гуфт, бо ӯ ба далели собиқаи кор ва тахассусаш муносибати хос мекарданд.

Завқибек Саидаминӣ гуфт, як рӯз пеш аз раҳоӣ бо Аҳмади Иброҳим, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Хушрӯз Ғулом ва рӯзноманигорони дигари зиндонӣ, ки дар як маҳбас бо ӯ адои ҷазо мекарданд, хайрухуш кардааст.

Пас аз эълони ҳукм дар моҳи ноябри соли 2022, Завқибек дар номае таҳқиқи парванда ва мурофиаашро дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ "якҷониба ва нопурра" номид ва аз Додгоҳи Душанбе хост, ҳукмро бозбинӣ ва беэътибор кунад, аммо посухи рад гирифт.

Ҳоло мегӯяд, пас аз раҳоӣ бояд бубинад, ки фазо чӣ бардоштҳое мекунад, аммо “мо гапи мегуфтаамонро нисбат ба парвандаамон аз ҳари роҳе, ки имкон буд, гуфтем”.

Пас аз зиндонӣ шудани Завқибек Саидаминӣ ва беш аз 10 рӯзноманигору блогнависи дигари тоҷик, бархе аз созмонҳои байнулмилаӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, созмони Гузоришгарони бидуни марз, International Partnership for Human Rights, Norwegian Helsinki Committee ва баъзе аз сафоратхонаҳои ғарбии муқими Тоҷикистон раҳоии ӯро аз Тоҷикистон талаб карда буданд.

Дар бештар аз 4 соли охир даҳ рӯзноманигору блогери тоҷик – Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Аҳмади Иброҳим ва Рухшона Ҳакимова – аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG