Хабарнигорони тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ се сол боз иди касбии худро паси панҷара, дар гӯшаи зиндону дур аз наздикон таҷлил мекунанд. 11-уми март дар Тоҷикистон Иди матбуот ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз Радиои Озодӣ бо пайвандони ин рӯзноманигорони зиндонӣ суҳбат кард.
"Азоби рафтану омадан, саргардонӣ, бепулӣ"
Ба Далери Имомалӣ, хабарнигори зиндонии тоҷик, сипосномаву ифтихорнома додаанд, вале на дар Иди матбуот, балки дар маҳбас ва барои ҳунару рафтораш. Аз ҳабси ӯ қариб чаҳор сол мегузарад.
Шодигул Бобиева, модари Далери Имомалӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш дар зиндон касбу ҳунар омӯхтааст. "Касбҳое, ки хонду дипломашро гирифт: кандакорӣ ва кафшергарӣ. Мегӯяд, аз ҳама касби беҳтарин. Дар хона мешинам, ҳамсарам дӯзандагӣ мекунад ва худам ҳамин касбҳоро пеш мебарам."
Модар аз касбомӯзии Далер хушҳол аст, вале мегӯяд, ӯ бегуноҳ зиндонӣ шудааст ва ин ҳолат ба зиндагияшон бетаъсир намонд.
Шодигул Бобиева гуфт: "Ҳар гоҳе ба назди бачаам равам, як ҳафта аз рӯйи ҷойгаҳ хеста наметавонам. Пир шудам. Дигар тоқат карда наметавонам. Ба зиндон даромадан бисёр душвор аст. Одам бисёр. Навбат намерасад. Фишорам баланд шудааст, чашмонам хуб намебинанд. Азобҳо бо гуфтан тамом намешаванд. Азоби рафтану омадан, саргардонӣ, бепулӣ. Ин кори осон нест. Беҳад азоб кашидам."
Хонаводааш бори охир Далери Имомалиро 13-уми феврали имсол дидаанд. Мегӯянд, ӯ аз шароити зиндон ё вазъи саломатияш шикоят надорад, вале аз ҳукми додгоҳ норозист.
Додгоҳ ӯро бо айбномаи соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ даҳ сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Худаш онро беасос медонад.
"Вақте ӯ он тараф ва мо ин тараф мондем"
Хабарнигори дигари зиндонӣ, ҳамкору ҳамтақдири Далер, Абдулло Ғурбатӣ аст, ки ба қавли ҳамсараш Муборак Қосимзода, ҷудоӣ аз ӯ беш аз ҳама барои ду фарзандаш сахт аст.
Муборак Қосимзода, ҳамсари Аблулло Ғурбатӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “духтарам дусола аст. Падарашро бениҳоят дӯст медорад. Дафъаи охир, вақте аз диданаш бармегаштем, вақте ӯ он тараф ва мо ин тараф мондем, духтарам дада гуфта гиря кард. Ҳатто ба хона омадем, аз гиря кардан намонд. Дарро қапида, дада мегуфту мегирист. Писарам Масъуд низ тез-тез мепурсад, ки кай ба пеши дадаам меравем”.
Муборак мегӯяд, бе Абдулло хонавода зиндагии душвореро аз сар мегузаронад. Додрас дар охири соли 2022 Абдулло Ғурбатиро бо гуноҳи задану таҳқири намояндаи ҳокимият ва пайравӣ аз созмонҳои мамнуъ ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ин ҳукмро беасос донист.
Ба мисли Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ ҳашт хабарнигору блогери дигар дар зиндон ҳастанд. Пештар дар бораи бад шудани вазъи саломатии баъзе аз онҳо хабар расида буд.
Бародари рӯзноманигори зиндонӣ Завқибек Саидаминӣ моҳи декабри соли гузашта дар Фейсбук навишт, ки "саломатияш хуб нест". Моҳи сентябри ҳамон сол наздикони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода хабар доданд, ки вазъи ӯ дар зиндон бад шуда, аз ҳуш рафтааст ва мақомот ӯро барои муолиҷа ба шифохонаи яке аз зиндонҳои шаҳри Ваҳдат интиқол додаанд.
Додгоҳҳои Тоҷикистон аз соли 2022 то нимаи соли 2025 даҳ рӯзноманигор ва блогерро аз 7 то 21 сол ба зиндон маҳкум карданд. Далери Имомалӣ, Абдуллои Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Хуршеди Фозил, Аҳмади Иброҳим ва Рухшона Ҳакимова аз ҷумлаи онҳо ҳастанд.
Созмону кишварҳои ғарбӣ ба мисли Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон ва Гузоришгарони Бидуни Марз борҳо мақомоти Тоҷикистонро барои чунин рафтор танқид карда, озодии фаврӣ ва бе қайду шарти хабарнигоронро хостанд, вале посух нагирифтанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷо: