Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз “парокандагии хонавода” то “қанду фишор”. Пайомадҳои парвандаи сол


1. Аҳмадшоҳ Комилзода бо духтараш Шаҳноз Комилзода. 2. Шокирҷон Ҳакимов бо ҳамсараш Фариза Ҳакимова. Аксҳо аз бойгонии хонаводаҳо
1. Аҳмадшоҳ Комилзода бо духтараш Шаҳноз Комилзода. 2. Шокирҷон Ҳакимов бо ҳамсараш Фариза Ҳакимова. Аксҳо аз бойгонии хонаводаҳо

Пайвандони баъзе аз чеҳраҳои шинохта, ки дар доираи "парвандаи табаддулот" зиндонӣ шудаанд, барои табрики солинавии азизонашон ба маҳбас мераванд. Хонаводаҳои ин афрод мегӯянд, талоши исботи бегуноҳии онҳо дар соли 2025 ҳам бенатиҷа буд, аммо умедашонро пурра аз даст надодаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2025

  • Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони шинохта ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ;
  • Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси Ҳизби демократ;
  • Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ;
  • Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ;
  • Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократ;
  • Абдулфайз Атоӣ, дипломати собиқ;
  • Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигор ва ду сарҳанги амниятро бо иттиҳоми хиёнат ба давлат, кӯшиши табаддулот ва ғасби ҳокимият аз 8 то 27 сол зиндонӣ кард. Шикоятҳои онҳо аз болои ҳукми додгоҳ бетағйир гузошта шуд.

“Аз миёни оҳани сахту сард гунаҳояшро бӯсидам”

“Рафтам назди қафас. Падарам аз ҷояш бархост ва аз пушти милаҳои оҳанин ба ман лабханд заду ишора кард, ки ҳолаш хуб аст. Ҳатто дар чунин ҳол намехост маро озурда кунад. Дастонамро аз лояҳои панҷара базӯр даровардаму ӯро сахт ба оғӯш гирифтам. Аз миёни оҳани сахту сард гунаҳояшро бӯсидам. Ба чашмонаш нигоҳ карда, дидам, ки рӯҳаш қавӣ аст, нашикастааст. Он рӯз падарам ягон калом нагуфт. Аммо дар чашмонаш бегуноҳиро хондам ва бо доштани чунин падар ифтихор кардам.”

Ин манзараро Шаҳноз Комилзода, духтари Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини собиқи раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, аз лаҳзаи дидор бо падараш дар ҷаласаи додгоҳ ба ёд овард. Комилзода барои 19 сол ба зиндон маҳкум шудааст. Духтараш мегӯяд, пас аз панҷ моҳи боздошти падар (моҳи ноябри 2024), вақте дар додгоҳ шаҳодат медод, аз додрас хост, ӯро аз пеш бинад. Аз тамоми фарзандону наздикони ҳамаи маҳкумшудаҳо ин “саодат” танҳо насиби Шаҳноз шуда буд, зеро дигарон ё шоҳид набуданд ва ё ба онҳо ин иҷоза дода нашуд.

Ҳоло Шаҳноз Комилзода мегӯяд, зиндонӣ шудани падараш тамоми зиндагии онҳоро тағйир дод. “Хонаводаи сарҷамъамон пароканда шуд. Ҳоло ману бародарам берун аз кишвар кору фаъолият дорем, бахши дигар дар Тоҷикистон,” – нақл кард ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Аҳмадшоҳ Комилзода
Аҳмадшоҳ Комилзода

Наздикони Аҳмадшоҳ Комилзода бори охир ӯро 18-уми декабр, дар зодрӯзаш (73-сола шуд) дидаанд. Ин дидорҳо ҳар чор моҳ як бор иҷоза аст.

Ба гуфтаи пайвандон, вазъи саломати Комилзода бар асари пирӣ дар зиндон чандон хуб нест ва ҳоло аз мақомот хостаанд, ки дар фасли сармо ӯро ба утоқи гармтаре интиқол диҳанд, чун бисёр азоб мекашад. Ҳанӯз намедонанд ин дархосташон пазируфта шудааст ё не.

“Чашмонаш хеле дард мекард ва биноиаш ҳам бисёр заиф шуд. Дар ҳамон бемористони зиндон, вале бо масрафи мо ҷарроҳӣ карданд. Хушбахтона, ҷарроҳӣ хуб гузашт, аммо чун ҳаво сард ва синнаш болост, захмҳои ҷарроҳӣ хеле дер шифо ёфтанд. Азоб кашид,” – мегӯяд Шаҳноз Комилзода.

Ӯ афзуд, аз бархӯрди раҳбарият ва кормандону пизишкони зиндон дар баробари падарашон розиянд ва умед доранд, ки чунин шева идома хоҳад ёфт. Ҳоло ягона умедвории хонавода ин аст, ки парвандаи падарашон бозбинӣ мешаваду ӯро озод мекунанд. “Падари ман комилан бегуноҳ аст. Ӯ ҳаргиз ба касе, бахусус ба давлату миллати худаш хиёнат накардааст. Сарнавишт ва услуби зиндагияш инро борҳову борҳо исбот кардааст. Вай фарзанди сарсупурдаи миллати тоҷик аст,” – исрор дорад Шаҳноз Комилзода.

"Набераҳо мепурсанд, бобоямон ку?"

Барои оилаи Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони шинохта ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон соли 2025 сахт буд. Фаризахон Ҳакимова, ҳамсари Шокирҷон Ҳакимов, мегӯяд, “пас аз зиндонӣ шудани шавҳарам фарзандон асабонӣ, худам асабонӣ, аз ин асабоният фишорам паст намешавад, бемории қанд пайдо кардам”.

Ҳакимов дар моҳи феврали 2025 дар доираи парвандаи машҳури "қасди табаддулот" бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ва барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ ба 18 сол зиндон маҳкум шуд. Худаш ва наздиконаш аз ҳукм розӣ нестанд.

Шокирҷон Ҳакимов дар зиндони шаҳри Ваҳдат адои ҷазо мекунад ва ҳар се моҳ бо пайвандонаш вомехӯрад. Наздиконаш мегӯянд, ин ҳуқуқдон аз он зиёд асабонӣ мешавад, ки “бе ягон гуноҳ зиндонияш кардаанд.”

“Асабашон вайрон шудааст. Он рӯз ҳаб (таблетка) бурдем, фоида накард, баъд сӯзандору бурдем. Бисёр асабонӣ мешаванд, ҳатто бо телефон гап мезананд маълум, ки асабонӣ ҳастанд”, - мегӯяд ҳамсари Шокирҷон Ҳакимов.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Ягона василаи дилхушии Шокирҷон Ҳакимов дар зиндон шоҳмотбозӣ будааст. Ҳакимов то зиндонӣ шудан ҳамроҳи дӯстонаш дар маҳаллаи Қазоқони Душанбе шоҳмотбозӣ мекард.

“Телефон карданд, ки шоҳмотамро биоред. Шоҳмотро бурдем ва ду бор дар мусобиқаи зиндон аз шоҳмот ҷойи якумро гирифтаанд. Хурсанд шуданд, ки ҷойи якумро гирифтанд. Хандида гуфтем, ки шумо шоҳмотбози моҳир, дар шоҳмот ҳам профессор ҳастед,” – мегӯяд, Фаризахон Ҳакимова, ҳамсари Шокирҷон Ҳакимов.

Соли 2025 хонаводаи Шокирҷон Ҳакимов барои “исботи бегуноҳӣ” ба Додситонии кул, Додгоҳи олӣ, Дастгоҳи иҷроияи президент ва ниҳодҳои дигар муроҷиат карданд, аммо ба гуфтаашон, ҳама ин муроҷиатҳо фоида надошт. Ҳамсари Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ягона дархосташон ин аст, ки “бегуноҳии шавҳарамро ба инобат гирифта, ӯро озод кунанд”.

“Набераҳо доим мепурсанд, ки бобоямон ку? Доим мегӯям, ки бобоятон роҳи дур рафтаанд. Гуфта наметавонам, ки дар зиндонанд. Монда шудам охир, то кай ба набераҳоям гапи дурӯғ мезанам?” - афзуд ҳамсари Шокирҷон Ҳакимов.

Хабари нав дар қазияи ин Шокирҷон Ҳакимов пеш омадааст. Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Женева гузоришеро дар бораи зиндонӣ шудани Шокирҷон Ҳакимов омода кардааст. Ҷузъиёти ин гузориш маълум нест ва намояндагони СММ дар ин бора расман чизе нагуфтаанд. Хонаводаи Шокирҷон Ҳакимов мегӯянд, моҳи декабр намояндагони Созмони Милал ин хабарро ба онҳо расонда, гуфтаанд, ки гузоришро ба ҳукумати Тоҷикистон мефиристанд.

“Бо зарби дору истодааст”

Ҳамрохон Зарифӣ. Акс аз соли 2013
Ҳамрохон Зарифӣ. Акс аз соли 2013

Наздикону пайвандони Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки дар доираи ин парванда 27 сол гирифт, аз оғози қазия аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд. Аммо яке аз наздикони ин вазири зиндонӣ, рӯзи 26-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки саломатии Зарифӣ хуб нест.

“Бемории қанду дил дорад. Болои ин камшунаво ҳаст. Умуман маззааш нест. Бо зарби доруву дармон истодааст,” – гуфт ин пайванди Зарифӣ. Ба қавли ӯ, мисли зиндониёни дигари ин парванда онҳо ҳам дар 3-4 моҳ як бор ҳақ доранд ӯро бубинанд. Вале доруву дармонро ҳамеша барояш мефиристанд.

Яке аз маҳбусони собиқ, ки ҳамроҳ бо Зарифӣ дар як зиндон буда ва чанд моҳ пеш озод шудааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “дар зиндон хидматҳои давраи вазирии ӯро ягон зарра ба инобат намегирифтанд.”

“Аҳволаш хуб аст”, вале “бисёр асабонӣ мешавад”

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Наздикони Саидҷаъфар Усмонзода зиёд нахостанд дар бораи ӯ суҳбат кунанд. Рӯзи 25-уми декабр хабарнигори Радиои Озодӣ ба манзили Усмонзода дар Душанбе рафт. Пайвандонаш танҳо гуфтанд, “аҳволаш дар зиндон хуб аст ва ҳар се моҳ бо ӯ вомехӯранд.”

Саидҷаъфар Усмонзода ҳамроҳи Шокирҷон Ҳакимов ва Акбаршоҳ Искандаров дар зиндони шумораи 3/1 ва Аҳмадшоҳ Комилзодаву Абдулфайз Атоӣ дар маҳбаси шумораи 3/2-и Ваҳдат адои ҷазо мекунанд. Ҳамрохон Зарифӣ ба унвони афсари собиқ амният ҳамроҳ бо Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Бобоев, сарҳангҳои бознишастаи мақомоти амниятӣ дар зиндони вижа барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигаҳдорӣ мешаванд.

Як манбаи огоҳ аз қазия бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, “Усмонзода дар зиндон бисёр асабонӣ мешавад”. Саидҷаъфар Усмонзода аввалин нафаре буд, ки моҳи майи соли 2024 дар доираи парвандаи “кӯшиши табаддулот” боздошт шуд. Ӯ аз камтарин вакилони порлумон буд, ки бо расонаҳо суҳбат мекард.

Акбаршоҳ Искандаров. Акс аз соли 2015
Акбаршоҳ Искандаров. Акс аз соли 2015

Наздикони Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон низ аз суҳбат ва додани ҷузъиёти вазъи саломатӣ ва будубоши ин сиёсатмадори пешин дар зиндон худдорӣ карданд. Як манбаи наздик ба ин хонавода мегӯяд, ки пайвандонаш ҳам ба ӯ ба зиндон доруву дармон мебаранд ва ҳар се моҳ як бор ба мулоқот мераванд.

Талошҳои мо барои пайдо кардани хонаводаи Абдулфайз Атоӣ бенатиҷа буд. Наздикони ӯ ба паёмҳои мо посух надоданд. Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини раёсати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба 17 сол зиндон маҳкум шудааст.

Ҳарчанд наздикони сиёсатмадорони зиндонишуда аз ироаи ҷузъиёти марбут ба мусодираи молу мулкашон дар доираи ин парванда худдорӣ карданд, бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон хона, мошин, пул ва дороиҳои дигари баъзе аз сиёсатмадорону мансабдорон ва рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова ба фоидаи давлат мусодира шудааст. Тафтиш ва баррасии ин парванда ба таври махфӣ ва ҳукми додгоҳ дар боздоштгоҳи муваққати ё СИЗО эълон шуд.

XS
SM
MD
LG