Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, бар асоси қонуни нави афв ҳукми зиндони хабарнигорон Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Аҳмади Иброҳим, Хуршед Фозилов ва Рухшона Ҳакимова сесолӣ кам шудааст.
Баъзе аз онҳо соли 2022 боздошт ва бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ, ки худашон эътироф накардаанд, аз ҳафт то даҳ сол зиндонӣ шудаанд.
Рухшона Ҳакимова соли 2025 бо гуноҳи ба гуфтаи мақомот “хиёнат ба давлат” ҳашт сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ин банди қонуни ҷиноӣ шомили афв намешавад, аммо ҳукми ӯро барои зан буданаш се сол поин овардаанд. Худи ӯ ва наздиконаш ҳеч вақт иттиҳомро эътироф накарда, ҳабси ӯро дорои ангезаи сиёсӣ донистаанд. Наздикони ин хабарнигор умед доштанд, ки ӯ бар асоси қонуни афв озод ва ба назди ду фарзанди хурдсолаш бармегардад.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Завқибек Саидаминӣ баъди се сол кам шудани ҳукми зиндонаш, 18-уми июли имсол яъне баъди камтар аз як моҳи дигар озод хоҳад шуд. Саидаминӣ соли 2022 ба 7 сол зиндон маҳкум шуда буд.
Абдулло Ғурбатӣ, хабарнигори дигари зиндонӣ бо се сол кам шудани муҳлати зиндонаш, охири моҳи декабри имсол раҳо хоҳад шуд. Додгоҳ Ғурбатиро ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум карда буд.
Наздикони Хуршед Фозилов рӯзи 23-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, се сол ҳабси ин хабарнигор кам шуда, дар назар аст, ӯ моҳи марти соли оянда аз зиндон озод шавад. Додгоҳи шаҳри Панҷакент соли 2023 Фозиловро ба 7 сол зиндон маҳкум карда буд.
Ба гуфтаи пайвандонаш, аз 10 солу 4 моҳ ҳукми зиндони Далери Имомалӣ, блогер ва рӯзноманигори тоҷик низ се солашро кам кардаанд.
Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири рӯзномаи “Пайк”, ягона нашрияи мустақил дар шаҳри Кӯлоб низ се сол барвақттар озод мешавад. Ин рӯзноманигор соли 2024 ба 10 солу 4 моҳ зиндон маҳкум шуда буд.
Дар бораи шомили қонуни афв шудан ё нашудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигори дигари тоҷик, блогер Хушом Ғулом ва Улфатхонум Маҳмадшоева маълумоти дақиқ дар даст нест. Аммо ин хабарнигорон низ мисли аксар рӯзноманигорони зиндонӣ бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ ё узвият дар созмонҳои мамнуъ зиндонӣ шуда буданд. Қонуни афв то се сол кам кардани ин моддаро пешбинӣ кардааст.
Қонуни нави афв, ки рӯзи 16-уми июни имсол эълон шуд, зиёда аз 18 ҳазор касро фаро мегирад. Аз ҷумла, беш аз 11 ҳазор нафар аз зиндону боздоштгоҳ ва муассисаҳои сукунатӣ озод ва ё парвандаашон қатъ шуда, муҳлати ҷазои зиёда аз 6 ҳазор тани дигар кам мегардад.