Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон китобе чоп шуд, ки муаллифаш дар зиндон аст


Аҳмади Иброҳим. Акс аз бойгонӣ
Аҳмади Иброҳим. Акс аз бойгонӣ

"Маҳмуди Торобӣ", китоби нави рӯзноманигор Аҳмади Иброҳим аст, ки як сол пеш дастгир ва сипас ба даҳуним сол зиндон маҳкум шуд. Наздиконаш гуфтанд, нахустин нусхаи “Маҳмуди Торобӣ”-ро ба ӯ расонданд. Аҳмади Иброҳим бунёдгузори нашрияи “Пайк” аст ва бо айбномаи ришва ва тундгароӣ дар зиндон аст. Худашу наздикон онро қабул надоранд.

Қурбонбӣ Чӯпонова, ҳамсари Аҳмади Иброҳим, рӯзи 11-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, китоби "Маҳмуди Торобӣ" бояд соле пеш нашр мешуд, вале бо сабаби дастгир шудани шавҳараш ба таъхир уфтод. "Ҳоло китобашро нашр кардем ва як нусха ба худаш расондем. Бисёр хурсанд шуд,” – афзуд ӯ.

Пайвандони Аҳмади Иброҳим мегӯянд, тандурустии ӯ дар зиндон чандон хуб нест. Ба қавли ҳамсару хоҳаронаш, рӯзноманигори зиндонӣ се моҳ боз банди муолиҷа аст. Одинагул Иброҳимова, хоҳари калонии ӯ хоҳиш дорад, ки нависанда озод карда шавад: "Вазъи саломатии ӯро ба назар гирифта, як сабукӣ дода, озодаш кунед, то ба пеши фарзандҳояш ояд.”

Ҳарчанд додгоҳ мегӯяд, гуноҳи Аҳмади Иброҳимро собит намуд, наздикон ва ҳампешагони ӯ гуфтаанд, ки айбнома саҳнасозӣ шудааст. Кумитаи байнулмилали дифоъ аз рӯзноманигорон, қароргоҳаш дар Ню-Йорк, низ озодии ӯро талаб кард.

Бар пояи ҳукми додгоҳ Аҳмади Иброҳим нуҳуним соли дигарро бояд дар зиндон гузаронад. Хонаводааш умедворанд, ки ӯ афв мешавад ва пеш аз муҳлат озод мегардад. Ҳамин аст, ки хонаводааш талош доранд, кори эҷодии ӯ идома ёбад.

Ҳамсари Аҳмади Иброҳим мегӯяд, қарор аст, романи ӯ, "Куруши Кабир", бо хати форсӣ чоп шавад. Ҳамчунин ӯ гуфт, бо дарёфти иҷоза аз Идораи адои ҷазо нусхаҳое аз китоби Аҳмади Иброҳимро ба зиндон хоҳанд бурд, то ҳамсарнавиштонаш ва зиндонбонҳо бихонанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Нашри китоби Аҳмади Иброҳим, ки як сол боз зиндонист
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00
XS
SM
MD
LG