Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар миёни даҳ кишвари "зиндони рӯзноманигорон"


Дар се соли ахир мақомоти Тоҷикистон беш аз даҳ хабарнигору блогерро зиндонӣ карданд
Дар се соли ахир мақомоти Тоҷикистон беш аз даҳ хабарнигору блогерро зиндонӣ карданд

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) Тоҷикистонро дар даҳгонаи кишварҳое ҷой додааст, ки аз ҳама зиёд хабарнигоронро зиндонӣ кардаанд.

Дар гузориши ин созмон аз рӯзи 21-уми январ омадааст, "Тоҷикистон, кишвари ҳампаймон бо Русия, нуҳ рӯзноманигорро боздошт кард" ва имсол ба қатори даҳ кишваре шомил шуд, ки "шароити сахттарини зиндонро" доранд.

"Шумораи хабарнигорони зиндонӣ дар Тоҷикистон баъди соли 2022 зиёд шудан гирифт, зеро президенти кишвар талошҳо барои саркӯб кардани расонаҳои мустақилро бештар кардааст," – омадааст дар гузориши Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон. Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба ин матлаби нав дастрас нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон баъди соли 2022 беш аз даҳ хабарнигор ва блогерро боздошт ва дар мурофиаҳои пӯшида умдатан бо иттиҳоми ифротгаройӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд. Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Хуршеди Фозил, Аҳмади Иброҳим ва Рухшона Ҳакимова аз ҷумлаи онҳоянд. Худи хабарнигорони зиндонӣ ва наздиконашон иттиҳомро рад кардаанд. Даъватҳои зиёди созмонҳои ҳомии ҳуқуқ барои раҳоии ин хабарнигорон аз сӯи мақомоти Тоҷикистон нодида гирифта шудаанд.

Бар асоси гузориши Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон, қароргоҳаш дар Ню-Йорк, соли гузашта аз ҳама зиёд дар Чин 50 журналистро зиндонӣ кардаанд. Ба даҳгонаи кишварҳои “зиндони журналистон” ҳамчунин Мянмар, Исроил, Русия, Беларус, Озорбойҷон, Миср, Эритерия ва Ветнам шомил шудаанд. Дар даҳгонаи ин кишварҳо, ки Тоҷикистон ҳам шомили онҳо мешавад, дастикам 245 хабарнигор дар айни ҳол зиндонӣ ҳастанд.

Дар умум ба навиштаи Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, беш аз 300 хабарнигор дар саросари ҷаҳон зиндонӣ гашта, ин вазъ баёнгари афзоиши худкомагӣ дар ҷаҳон ва сахттар шудани низоъҳо аст.

"Барои пешгирӣ аз боздошти хабарнигорон, CPJ пайваста аз ҳукуматҳо даъват мекунад, ки волоияти қонунро таъмин кунанд ва аз ҷинояткор шумурдани онҳое даст кашад, ки дар бораи камбудҳо гузориш медиҳанд", - омадааст дар гузориши Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон.

Ҷудӣ Гинзберг, мудири Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон мегӯяд, таъқиби рӯзноманигорон ва хомӯш кардани садои онҳо барои ҷомеа оқибатҳои ҷиддӣ дорад. "Фасод беҷазо мемонад, сӯиистифода аз мансаб бештар мешавад ва дар натиҷа ҳамаи мо бо хатари бештар рӯбарӯ мешавем," гуфтааст ӯ дар пешгуфтори гузориши нав, ки вазъи рӯзноманигорон дар ҷаҳон дар соли 2025 бозгӯ мекунад.

XS
SM
MD
LG