Як созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон гуфтааст, дар соли 2025 дар ҷаҳон даҳҳо рӯзноманигор кушта ва садҳо тани дигар дастгиру паси панҷара андохта шуданд. Тоҷикистон ҳам истисно нест.
Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) рӯзи 8-уми декабр дар гузориши солонааш навишт, дар ёздаҳ моҳи имсол 67 хабарнигор кушта, 503 нафар боздошт, 135 нафар бедарак ва 20 нафар гаравгон гирифта шуданд. Дар ҳамин сол додгоҳҳои Тоҷикистон низ ду хабарнигорро зиндонӣ карданд. Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи "Пайк" дар Кӯлоб даҳ сол ва Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори мустақил ҳашт сол аз озодӣ маҳрум гаштанд. Ҳарду иттиҳомҳоро напазируфта, наздиконашон раҳоии онҳоро хостанд.
Муҳаққиқи Гузоришгарони Бидуни Марз, Жанна Кавелйе, дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Порис (Париж) гуфт, теъдоди хабарнигорони зиндонӣ дар Тоҷикистон якбора афзоиш ёфт.
Жанна Кавелйе: "Имрӯз 9 рӯзноманигору блогер дар Тоҷикистон зиндонӣ ҳастанд. Ин бештар аз ҳар кишвари дигари Осиёи Марказӣ аст. Чаро? Чунки онҳо кори худро иҷро мекарданд ва ё таҳқиқ анҷом медоданд, ки мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа мебошад, вале президенти худкома Эмомалӣ Раҳмон намехоҳад, шаҳрвандонаш инро бидонанд. Яке барои ғайриқонунӣ чаппа кардани хонаҳо дар Душанбе ва дигаре барои ҳолати ғайрисанитарии кӯдакистонҳо дар вилояти Хатлон ҳабс шудаанд. Як нафар барои мусоҳиба дар бораи мавқеи афзояндаи Чин дар кишвар, ки ҳеч гоҳ нашр нашуд, ба зиндон рафт. Барои чунин таҳқиқоти журналистии комилан қонунӣ онҳо ҳукмҳои сангине гирифтанд. Бар асоси иттиҳомҳои сохтаи экстремизм, коррупсия ва ё таҳдид ба амнияти миллӣ 10 сол ҳукм гирифтаанд. Ин ҳама ҳукмҳо дорои ангезаҳои сиёсӣ буда, барои хомӯш кардани гузоришҳои танқидӣ содир шудаанд.”
Радиои Озодӣ: Соли 2025-ро аз назари вазъи матбуоти мустақил чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Жанна Кавелйе: "Яке аз мавридҳои нигаронкунанда вазъи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аст. Ҳоли ӯ баъди боздошт якбора бад шуд. Дертар худаш иддао кард, ки ӯро шиканҷа кардаанд, то гуноҳро бипазарад. Ҳоло ба ӯ ҳаққи табобат намедиҳанд. Вай соли 2022 бо иттиҳоми гуё робита доштанаш бо созмонҳои мамнуъ ба 7 сол ҳабс маҳкум шуд, вале дар асл мақомотро асабонӣ карда буд. Соли 2025 фишорҳо бештар гардид. Аҳмади Иброҳим, ки вакили дифоъ надошт, ба 10 сол ҳабс маҳкум шуд. Ин ҳукм баробар бо ҳукми марг барои матбуоти мустақил дар вилояти Хатлон гардид. Рухшона Ҳакимова, ки соли 2023 барои як таҳқиқоташ бо як ҷоизаи миллӣ мукофотонида шуд, соли 2025 бо иттиҳоми “хиёнат” ба 8 сол зиндон маҳкум гардид. Саркӯбҳо танҳо бо худи журналистон маҳдуд намешаванд. Аъзои оилаҳои маҳкумшудаҳо ва онҳое, ки маҷбур шуданд, тарки кишвар кунанд, бо азияту озору фишор ва таъқиб рӯбарӯ ҳастанд, то онҳо ҳам ҷазо гиранду садои худро хомӯш кунанд.”
Радиои Озодӣ: То куҷо ин ҳама ҳодисаҳо ба фазои матбуот дар кишвар таъсир гузоштааст?
Жанна Кавелйе: "Воқеияти имрӯзаи матбуоти мустақил дар Тоҷикистон чунин аст: манъи мунтазами дастрасии ҷомеа ба иттилои мустақилу қобили эътимод, як фазои тарс бо мақсади пешгирӣ аз журналистикаи таҳқиқотӣ ва ҳукумате, ки талош дорад ҳар ҳарфро назорат кунад. Созмони Гузоришгарони бидуни марз аз мақомоти Тоҷикистон тақозо дорад, ки ҳамаи журналистони маҳбусро билофосила озод кунанд, шиканҷаро манъ карда, дастрасӣ ба хадамоти тиббиро барои онҳо фароҳам оваранд ва таъқиби оилаҳои хабарнигоронро бас кунанд. Журналистика ҷиноят нест ва шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақ доранд, ки дар бораи ҳодисаҳои кишварашон бохабар бошанд.”
Видеоро дар инҷо бинед: