"Ярмаркаҳо баргузор мегардад... Ҷойҳои кории холӣ бо маоши беҳтарин. Ҳамин муздро дар хориҷи кишвар, мумкин аст, ки наёбанд." Ин суханони вазири кору муҳоҷират Солеҳа Холмаҳмадзода дар бораи ҷойҳои холии корӣ ва маош дар Тоҷикистон моҳи феврали имсол дар як нишасти хабарӣ садо дод. Тавсифе, ки на ҳама бо он розиянд.
"Бо маоши инҷо намешавад"
Аз ҷумла, Садриддин Шарифов, сокини ноҳияи Дӯстӣ, андешаи дигар дорад. Ин ҷавони 20-соларо дар як рӯзи боронӣ дар Душанбе ва дар ҳоле пайдо кардем, ки талоши рафтан ба Русияро дошт.
Ӯ мегӯяд, хидмати сарбозиро адо кард ва акнун бояд ба муҳоҷирати корӣ биравад, то пули хонадоршавиро ба даст биорад, чун дар кишвар кору маоши муносиб наёфт: "Зан гирифтаниям. Бо маоши инҷо намешавад. Сарбозиро буд кардем, равем, кор кунем, аз паси зиндагӣ…"
Мисли Садриддин ҳазорҳо тан дар Тоҷикистон аз бекорӣ ранҷ мекашанд, вале мақомоти давлатӣ ривояти дигар доранд. Оҷонси омор мегӯяд, дар се моҳи соли 2026 беш аз 48 ҳазор ҷойи корӣ эҷод шудааст. Агар ин омор воқеият дошта бошад, пас, ҳар рӯз дар Тоҷикистон 500 ҷойи кор фароҳам мешавад.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Омори расмӣ ва баҳои иқтисоддон
Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири кору муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, моҳи феврал дар нишасти хабарӣ ҳатто гуфта буд, ки дигар зарурати ба хориҷа рафтан нест: “Зиёда аз 3600 нафарро, ки муроҷит карданд, бо ҷойи корӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" таъмин намудем. Ва дигар ширкатҳое ҳастанд, ки музди маоши бисёр баланд доранд. Дар ҳамин ҷо метавонем мардумро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоем. Бо музди маоши беҳтарин.”
Оҷонси омори Тоҷикистон ҳам мегӯяд, наздик ба 70 дарсади ҷойҳои кор доимиянд ва ҳудуди 26 ҳазор ҷойи корро бахши хусусӣ фароҳам кардаанд, ки бештари он дар бахши бинокорӣ кишоварзӣ ва саноат ҳастанд. Ҳарчанд ин ниҳод афзоиши ҷойҳои нави корро “яке аз сабабҳои муҳими беҳтар гардидани сатҳи шуғли аҳолӣ ва рушди иқтисоди миллӣ” донистааст, иқтисоддон Фозилҷон Фатҳуллоев назари дигар дорад.
Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Таҷрибаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки фазои соҳибкорӣ манбаи асосӣ ё калидии таъминкунии шуғли аҳолӣ аст. Мутаассифона, аз сабаби он ки сиёсати фискалии давлат, яъне ҷаримбандиву андозбандии мақомоти давлатӣ ниҳоят шадиданд, фазои соҳибкорӣ, албатта, заиф мешавад. Соҳибкор ҳавасманд нест, ки ширкати худро рушду такон диҳад ва ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳад."
Ин таҳлилгар номусоид будани фазои соҳибкорӣ ва ночиз будани музди корро дар корхонаҳои давлатӣ омили асосии рӯ ба муҳоҷират овардани аҳолӣ медонад, зеро аз нигоҳи ӯ ба далели баланд будани нарху наво маош танҳо ба хароҷоти коммуналӣ мерасаду бас.
Бо вуҷуди шиддати баланди бекорӣ ва муҳоҷират, Вазорати кор мегӯяд танҳо дар соли 2025 дар Тоҷикистон 280 ҳазор ҷойи кори нав эҷод шудааст, ки 74 ҳазори он доимиянд.
Сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон расман ҳамагӣ 2 дарсад баровард шудааст ва бино ба маълумоти Вазорати меҳнат дар кишвар ҳамагӣ 58 ҳазор тан бекор номнавис шудаанд. Оморе, ки бо воқеияти бозори кори кишвар ҳамхонӣ надорад.