Пас аз қабули қонуни афв, ки 16-уми июн пазируфта шуд, суоли асосӣ ин аст, ки гуноҳи чӣ касоне бахшида мешавад? Оё ҳастанд зиндониёне, ки умуман афв нашаванд? Оё ин афв аз афвҳои пешин чӣ фарқ дорад? Радиои Озодӣ ин ва суолҳои дигари корбаронро аз Нусратулло Мирзоев, вакили мудофеъ ва узви Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон, пурсид.
Радиои Озодӣ: Дар миёни мардум ба баъзе афвҳо "афви тилоӣ" мегӯянд. Оё ин қонуни афвро метавонем "тилоӣ" биномем?
Нусратулло Мирзоев: "Ин мафҳум дар қонунгузорӣ пешбинӣ нашудааст, яъне як вожаи ҳуқуқӣ нест. Агар ба тарзи сода гӯем, мардуми мо озод шудани наздикони зиндонияшонро интизор мешаванд, новобаста аз ин ки кадом ҷиноят содир кардаанд. Ба фикрам, ин мафҳум аз ҳаминҷо пайдо шудааст."
Радиои Озодӣ: Оё маҳдудияте ҳаст, ки агар нисбат ба як маҳкумшуда, пеш аз ин қонуни афв татбиқ шуда бошад, қонуни нав дахл нахоҳад кард?
Нусратулло Мирзоев: "Бале, бевосита дар моддаи 8-уми қонуни афв маҳдудиятҳо омадааст. Нисбат ба шахсоне, ки пештар, яъне қонуни афви соли 2021 барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин татбиқ шуда бошад, ин қонун дахл намекунад. Ба дигар категорияҳои ҷиноятҳо ин маҳдудият дахл надорад."
Радиои Озодӣ: Баъзе аз меъёрҳои қонун бисёр печдарпеч аст. Аз ҷумла, ҷиноятҳои марбут ба ифротгароӣ ва терроризм. Дар бандҳое аз қонун гуфта мешавад, ки маҳкумшудагони зерин, ба истиснои онҳое, ки барои моддаҳои 305, 306, 307 ва ҳамин тавр як силсила моддаҳо, озод карда мешаванд. Дар маҷмуъ ин қонун нисбат ба ин гурӯҳи ҷиноятҳо чӣ гуна татбиқ мешавад?
Нусратулло Мирзоев: "Дар ҳақиқат, ҳамин хел ҳам ҳаст, инҷо маҳдудиятҳои муайян вуҷуд дорад. Фаромӯш набояд кард, ки дар ин росто имтиёзи махсус ба занон ва ноболиғон дода мешавад. Аммо дар моддаи 8-ум маҳдудиятҳои ҷиддӣ мондааст, масалан, моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат), 306 (ғасби ҳокимият), 307 (даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ) ва ғайра. Яъне моддаҳое ҳаст, ки умуман ин қонуни афв татбиқ намешавад, на кам ва на ихтисор мешаванд. Дар мавриди моддаи 307 ман ҳаминро гуфта метавонам, ки қонун хусусияти инфиродӣ дорад, нисбат ба ҳар шахс алоҳида татбиқ карда мешавад. Агар дар парвандаи як шахс моддаҳои дигар набошад, гуфта метавонем, ки нисбати кӣ чӣ гуна татбиқ мешавад."
Радиои Озодӣ: Дар идомаи ҳамин савол, дар қонун омадааст, шахсоне, ки бо гуноҳи "маблағгузории терроризм" (моддаи 179, иловаи 2-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам шудаанд, афв мешаванд, агар ба шарте ки маблағгузорӣ то як ҳазор сомонӣ, баробар ба тақрибан сад доллари Амрико бошад.
Нусратулло Мирзоев: "Дар назар дорад, пурра озод мешавад, агар маблағгузорӣ то ҳазор сомонӣ бошад, новобаста аз ин ки чанд сол зиндонӣ шудааст. Аммо агар маблағ зиёд бошад, муҳлати адои ҷазо то 3 сол ихтисор мешавад."
Радиои Озодӣ: Ҳазору сад сомонӣ бошад чӣ?
Нусратулло Мирзоев: "Не-не, дар қонун дақиқ гуфта шудааст, 1000 сомонӣ."
Навори мусоҳибаро дар инҷо бинед:
Радиои Озодӣ: Дар қонун гуфта мешавад, ки "парванда дар марҳалаи тафтишоти пешакӣ аз ҷониби муфаттиш бо розигии прокурор (додситон) қатъ карда мешавад". Ин чӣ гуна сурат мегирад? Оё ин ҷо хавфи фасод ё суистифода аз мансаб вуҷуд надорад?
Нусратулло Мирзоев: "Дар асоси талаботи моддаи 27-28-и Кодекси мурофиаи ҷиноятии Тоҷикистон, тартиби қонуни афв ҳамин хел аст, ки дар асоси аризаи шахс ё дархости адвокат қонун татбиқ мешавад. Шахсоне, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, нисбат ба онҳо бошад, берозигии онҳо қонун татбиқ мегардад. Дар ин ҳолат қарорро муфаттиш қабул мекунад, додситон танҳо дурустии онро месанҷад ва тасдиқ мекунад."
Чеҳраҳои саршинос ва рӯзноманигорон афв мешаванд?
Радиои Озодӣ: Ҳар вақте қонуни афв қабул мешавад, дар ҷомеа мардум пеш аз ҳама ба қазияҳои чеҳраҳои саршинос таваҷҷуҳ мекунанд. Аз ҷумла, парвандае, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ будааст, қазияи Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон аст, ки дар умум ба 29 сол зиндон маҳкум шуд ва ҳоло аз муҳлати ҳабси ӯ 13 сол мегузарад. Ӯро ба “суистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвахорӣ, таҷовуз ба номус, сохтакории ҳуҷҷат, тасарруфи пули давлат ва саркашӣ аз пардохти андоз” гунаҳкор карданд, вале худашу наздиконаш намепазиранд. Оё дар асоси ин афв Зайд Саидов озод хоҳад шуд ё не?
Нусратулло Мирзоев: "Талаботи қонун нисбат ба ӯ татбиқ намешавад."
Радиои Озодӣ: Сол ҳам кам намешавад?
Нусратулло Мирзоев: "Не-не."
Радиои Озодӣ: Яке аз парвандаҳои дигари пурсарусадо дар ду соли охир парвандаи маъруф ба “табаддулот” аст. Қонуни афв дар ягон шакле нисбат ба чеҳраҳои шинохтае, ки дар доираи ин парванда маҳкум шуданд, аз ҷумла Ҳамрохон Зарифӣ, Саидҷаъфар Усмонзода, Аҳмадшо Комилзода, Акбаршо Искандаров, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ ва рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова татбиқ мешавад ё не?
Нусратулло Мирзоев: "Ман аз қазияи ҳамаи шахсоне, ки гуфтед, бохабар ҳастам. Нисбат ба Рухшона Ҳакимова моддаи 305 (хиёнат ба давлат) аст, нисбат ба Зарифӣ моддаҳои 305, 306 аст, нисбат ба Усмонзода ҳам ҳамин хел моддаи 306-и Кодекси ҷиноӣ, яъне ғасби ҳокимият ба таври зӯроварӣ ҳаст. Нисбати инҳо ва боқии дигар ин қонун татбиқ намешавад."
Радиои Озодӣ: Нисбат ба Рухшона Ҳакимова чӣ, ҳамчун зан?
Нусратулло Мирзоев: "Бале, қисми 4-и моддаи 9-и қонуни афв татбиқ мешавад, яъне бояд се сол аз давраи ҷазояш кам шавад."
Радиои Озодӣ: Давоми чор соли охир беш аз даҳ хабарнигору блогери тоҷик – Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Аҳмади Иброҳим – аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд. Ба назари шумо дар чаҳорчӯби қонун ба инҳо озодӣ ё сабукӣ тааллуқ мегирад?
Нусратулло Мирзоев: "Мо танҳо гуфта метавонем, ки нисбат ба онҳое, ки агар модаи 307, иловаи 2, 3 ва 4 бошад, қонуни афв татбиқ мешавад, аммо танҳо муҳлати адои онҳо кам мешавад. Агар ба шарте, ки аз рӯйи як моддаи қонун бошад. Агар аз рӯйи якчанд модда, маҷмӯи ҷиноятҳо ва маҷмӯи ҳукмҳо бошад, талаботи ин қонун ба онҳо дахл надорад. Ҳамин гуна шарт аст."
Радиои Озодӣ: Масалан, моддаҳои дигаре дар парвандаи инҳо бошад, ки меъёрҳои қонуни афв татбиқ мешавад. Дар ин ҳолат чӣ?
Нусратулло Мирзоев: "Агар як моддае бошад, ки қонун татбиқ нашавад, дигарҳояш низ намешавад. Агар 5-6 моддаи дигар бошад ҳам намешавад, зеро агар нисбат ба як модда нашуд, нисбат ба моддаҳои дигар низ намешавад. Зеро ҳукм, аз рӯйи маҷмӯи ҷиноят аст."
Фарқе, ки дар қонунҳои дигар набуд
Радиои Озодӣ: Ин қонун барои онҳое, ки бо моддаҳои марбут ба муомилоту фурӯши маводи мухаддир маҳкум шудаанд, чӣ мегӯяд?
Нусратулло Мирзоев: "Бале, бисёр сабукӣ овардааст. Яъне шахсоне, ки бо моддаи 200, қисми 3, банди в, муомилоти ғайриқонунӣ аз ҷониби шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ҳатто гурӯҳи шахсон татбиқ мешавад. Пурра озод мешаванд, қисми дигараш ихтисор мешавад. Масалан, қисмҳои 3-4-и моддаи 200 то ду сол кам мешавад."
Радиои Озодӣ: Яке аз бандҳои пурсарусадо дар қазияҳои ҳамин чанд соли охир дар миёни мардум банде буд, ки бо номи “моддаи лайк” маъруф шуд. Худи ҳамин банд аз Кодекси ҷиноӣ низ бардошта шуд. Нисбат ба инҳо чӣ?
Нусратулло Мирзоев: "Ин ҳам ҳамон моддаи 307 аст, ҳамонро дар назар дорад. Яъне се сол кам мешавад. Барои ҳамин, бори дигар такрор мекунам, ки татбиқи қонун хусусияти инфиродӣ дорад, ҳар одамеро дида, вобаста ба он ки пеш афв шудааст ё не, ҷинояти қасдона содир кардааст ё не, ретсидивист ё редсидивисти хавфнок аст ё не. Дар татбиқи қонун ин аҳамияти муҳим дорад. Барои ҳамин ду моҳ муҳлат мондаанд, ки бубинанд, ки кадоме афв мешавад ва кадоме не."
Радиои Озодӣ: Озод кардани шаҳрвандони хориҷӣ (моддаи 1, банди 7) чӣ гуна сурат мегирад? Оё онҳо мустақиман ба кишварашон депорт мешаванд ё чӣ мешавад бо онҳо?
Нусратулло Мирзоев: "Озод мешаванд ва баъдан мо бо кишварҳои шӯравии собиқ шартномаҳо дорем, созишномаи Кишинёв. Ин ба уҳдаи Вазорати корҳои дохилӣ гузошта мешавад. Инҳо ё тамоман озод мешаванд ё муҳлаташон кам мешавад."
Радиои Озодӣ: Оё ин қонун аз қонунҳои пештара фарқи ҷиддие дорад?
Нусратулло Мирзоев: "Хеле. Дар моддаи 11-и қонуни афв омадааст: шахсе, ки тибқи ин қонун озод мешавад, доғи судияш ҳам бардошта мешавад. Ин як имтиёзи бисёр хуб аст. Зеро ин як масъалаи ҷиддист. Ин чизе ҳаст, ки дар қонунҳои пешина набуд. Ҳамчунин моддаҳои нисбат ба маводди мухаддир, дар қонунҳои пештара ворид намешуданд, ҳоло дар қонуни нав ҳастанд."
Радиои Озодӣ: Шумо чун вакили дифоъ дар қазияҳои гуногун ширкат кардаед. Аз назари шумо ин қонуни афв то куҷо одилона татбиқ мешавад? Зеро ҳамеша дар миёни мардум гапи ришваву пулу воситаву ин чизҳо ҳаст.
Нусратулло Мирзоев: "Дар бораи ин паҳлуи масъала чизе гуфта наметавонам. Нисбат ба ҳар касе, ки татбиқ мешавад, мо дархост мекунем. Ҳоло ман чанд парванда дорам, дархост мекунем, агар қонун дахл дошта бошад, ҷойи баҳсу мунозира нест."