Дар пайи эътирозҳо аз тарзи таҳқиқи марги як сокини Роштқалъа дар тирамоҳи соли 2021, мақомот гуфтанд, амалиёти вижаро алайҳи "гуруҳҳои ҷиноӣ", ба роҳ монданд.
Дар натиҷаи беназмиҳову хушунатҳое, ки аз 16 то 18-уми майи соли 2022 давом кард, даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Моҳе баъд президент Эмомалӣ Раҳмон гуфт, амри "безарар кардани нафарони яроқдор"-ро дод, чун, ба гуфтааш, "илоҷи дигаре" набуд. Ин рӯйдодҳо боиси боздошт ва баъдан ҳабс шудани даҳҳо нафар шуд.
Таҳаввулоти ВМКБ-ро яке аз пурқурбонитарин саркӯбҳои эътирозҳои мардумӣ дар таърихи истиқлолияти Тоҷикистон меноманд ва ин ҳодисаҳо дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ чун боризтарин намунаи поймолшавии ҳуқуқи инсон дар ин кишвар ёд мешаванд.
Дар яке аз ҳолатҳо мақомот дастикам чор узви як хонаводаро ба ҳукмҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд ва ин хонаводаи фаъоли ҷамъиятӣ ва хабарнигор Улфатхоним Мамадшоева ва ҳамсари собиқи ӯ – корманди собиқадори Нерӯҳои марзбонӣ генерал-майор Холбаш Холбашов аст.
Таҳаввулоти ВМКБ-ро яке аз пурқурбонитарин саркӯбҳои эътирозҳои мардумӣ дар таърихи истиқлолияти Тоҷикистон меноманд.
Гузоришгари СММ оид ба ақаллиятҳо Фернана де Варена феврали соли 2024 ба унвонии Маҷмаи кулли СММ навишт: "Мамадшоева ба таҳрики сарнагунии давлат айбдор шуд. Бародараш Хурсанд ба 18 сол ва ҳамсари пешинаш Холбаш Холбашов аз рӯи ҳамин иттиҳомот ба ҳабси абад маҳкум гардид. Онҳоро инчунин дар он гунаҳгор мекунанд, ки дар садри бетартибиҳои моҳи майи соли 2022 дар ВМКБ қарор доштанд. Тавре Гузоришгари вижа фаҳмид, ҳукми онҳо асосан бар пояи эътирофоте ба даст омадааст, ки дар натиҷаи муносибати бераҳмона ва таҳдид ба оилаҳояшон ба даст омадааст. Гузоришгар аз мақомоти Тоҷикистон дар заминаи ин изҳорот посухе дарёфт накард".
УЛФАТХОНУМ ДАР ЗИНДОН ЧӢ ҲОЛ ДОРАД?
Мамадшоеваро 19 майи соли 2022 дар Душанбе бо айбномаи ташкили тазоҳурот дар Хоруғу Рӯшон ва иттиҳомоти дигар ҳабс ва баъдтар ба 21 соли зиндон маҳкум карданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ӯро маҳбуси сиёсӣ меноманд.
Аз замони ҳабси ӯ чор сол гузашт ва рӯзи 18 апрел дар маҳбаси занонаи шаҳри Норак ӯ 69-сола шуд. Мамадшоева то солҳои 2012 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дарс дода, барои расонаҳои беруна мақолаҳо менавишт.
Барои интиқодаш аз мақомот дар робита бо ҳодисаҳои соли 2012 дар Хоруғ аз донишгоҳ ихроҷ шуд. Созмони ҷамъиятии "Номус ва инсоф"-ро таъсис дод, ки бо мушкилоти занон машғул буд. Модари се фарзанд аст, ки ҳамакнун барои дидани ӯ ҳар ду моҳ ба маҳбас мераванд.
Афроди огоҳ мегӯянд, ҳоло аз шароити нигаҳдорӣ дар зиндон ваё мушкилоти дигаре шикоят надорад, ба ҷуз ин ки вазъи саломатиаш то рафт бад мешавад. Як фарди огоҳ, ки ба шарти ифшо нашудани ному мақомаш бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард, гуфт, Мамадшоева дар марҳилаи аввали баъди боздошту ҳукми додгоҳе, ки пушти дарҳои баста содир шуд, дар ҳолати хеле сангини равонӣ буд.
"Аз бадрафторӣ ва ё азияту озор шикояте надошт, вале бори сангини равонии он чӣ, ки бо ӯ шуд, барояш мисли як садамаи равонӣ шуд, чун худро бегуноҳ меҳисобид", гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.
Китоб мехонад, чун зиндон китобхонаи хубе дорад. Ба маҳбусони дигар дарси забони англисӣ медиҳад
Мамадшоева фишори баланди хун, панкреатит, пародонтоз ва дарди чашм дорад. "Баъди ҳабсу ба зиндон рафтанаш, ҳамаи дандонҳояш рехтааст. Ба илова, дарди асаб ҳам пайдо шудааст",-гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.
Дар зиндон имкони гузаштан аз санҷиши махсус ва саривақтии тиббӣ надорад, аз ин рӯ, наздиконаш ба ӯ пайваста дору мефиристанд. Ба саволи ин, ки Мамадшоева дар маҳбас вақташро чӣ гуна сипарӣ мекунад, ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт:
"Китоб мехонад, чун зиндон китобхонаи хубе дорад. Ба маҳбусони дигар дарси забони англисӣ медиҳад ва дар маъракаву идҳо бо иштироки дигар занон саҳначаву намоишномаҳо барпо мекунад".
18 МАЙИ СОЛИ 2022 ЧӢ ГУЗАШТ?
Хабари боздошти Мамадшоева дар хонааш дар Душанбе рӯзи 18 майи соли 2022 расонаӣ шуд. Ин рӯзи сеюми нооромиҳо дар ВМКБ буд. Яке аз афроди огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, Мамадшоева, ки худро бегуноҳ меҳисобид, ба ходимони ҳифзи қонун ҳам, ки ба хонааш рафтанд, гуфт, "танҳо дар ҳузури адвокат бо онҳо гап мезанад".
"Ба ӯ гуфтанд, ки бояд бо онҳо равад ва баъди сӯҳбат озод мекунанд. Ҳеч муқаррароте дар ин ҳолат риоя нашуд ва ӯ дигар ба хонааш барнагашт",-гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.
Як рӯз пеш аз боздошт номи Улфатхоним Мамадшоева дар изҳороти ВКД зикр шуд ва ин ниҳод Мамадшоеваро дар қатори Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Алим Шерзамонов яке аз созмондиҳандагони эътирози 16-уми май дар Хоруғ номид.
Рӯзи 17-уми май баъди нашри изҳороти ВКД, гурӯҳи хабарнигорони Радиои Озодӣ ва ТВ "Настоящее время" дар назди хонааш дар Душанбе бо Мамадшоева сӯҳбат карданд ва ӯ иттиҳомоти мақомотро беасос номид. Ӯ гуфт, дар ҳеч амали ғайриқонунӣ даст надорад ва сафари як ҳафта пешаш ба Хоруғ танҳо дар доираи як тарҳи ҷамъиятие сурат гирифтааст, ки рабте ба беназмиҳои баъдӣ надошт.
Хабарнигорон бо баромадан аз манзили Мамадшоева латукӯб ва дастгоҳу сабтҳои онҳо аз тарафи чанд мулкипӯш рабуда шуданд.
10 майи имсол як манбаи огоҳ аз воқеаҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, Мамадшоева аз тӯҳмате, ки дар ҳаққаш шуд, хеле хашмгин буд ва дар боздоштгоҳ баъзан ҳолате мешуд, ки мегуфт, махоҳад худкушӣ кунад. Танҳо баъди додгоҳ ва интиқол ёфтанаш ба зиндон "каме ҳолати равониаш ҳамвор шуд".
Мурофиаи додгоҳии Мамадшоева то охир пушти дарҳои баста гузашт ва вакили дифое, ки расман аз ӯ ҳимоят мекард, ҳақ надошт дар бораи ин муҳокимаҳо ба касе, аз ҷумла, наздикони Мамадшоева, лаб кушояд.
Ду сол баъдаш дар як ҷаласаи арзёбиҳои инсонии САҲА фаъоли ҷомеаи помириҳо Аслиддин Шерзамонов гуфт, "мурофиаи Мамадшоева ҳамагӣ 15 дақиқа давом кард".
Ӯ ОЗОДӢ МЕХОҲАД
Радиои Озодӣ аз як мақоме, ки аз вазъи Мамадшоева огоҳ аст, вале ҳаққи сӯҳбат бо расонаҳоро надорад, пурсид, оё пас аз эълони ҳукм ӯ ба он эътироз овард ва то куҷо барои бахшиши гуноҳ ё афв муроҷиат кардааст ё номае ба президент фиристода, хостори сабукӣ дар парвандааш шудааст?
Ӯ гуфт, "Мамадшоева то ҳол ҳеҷ нома ё дархосте нафиристодааст, вале ӯ мехоҳад, озод шавад. Ӯ мегӯяд, мехоҳад, дар назди фарзандонаш бошад ва дигар дар ҳеч робита назар ё мавқеашро баён накунад, фақат озод бошад".
ДУ БОР МУЛОҚОТИ ХОЛБАШ БО ФАРЗАНДОН ДАР СОЛ
Зарастин Холбаши 29-сола-танҳо фарзанди муштараки Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов баъди ҳабси волидон ба хориҷа кӯчид. Падараш рӯзи 23-юми апрел 65-сола шуд.
Генерал Холбаш Холбашовро 18-уми майи соли 2022 боздошт ва баъдан дар як мурофиаи пӯшида бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ба ҳабси абад маҳкум кардаанд. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ худро бегуноҳ меҳисобад ва мегӯяд, ки беш аз 30 соли умраш дар хидмати давлат буд.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар пайи ҳодисаҳои соли 2022 чанд хеши наздики Холбашов ҳам ба зиндон рафтанд: бародараш Сарбаланд Холбашов ба муддати 9,5 сол, дигар наздиконашон - Саидаброр Шодавлатов ба муддати 26 сол, Иброз Шодавлатов ба 10,5 сол ва Азиз Шодавлатов ба 9,6 сол.
Ба қавли Зарастин Холбаш, падарашро дар Боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе нигаҳ медоранд. Наздиконаш соле ду бор дар давоми як рӯз метавонанд бо ӯ дар ҳузури кормандони зиндон дидорбинӣ кунанд.
Зарастин дар як сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, падараш пеш аз ҳабс сактаи дил шуда буд ва аз пайомадҳои он табобат мегирифт, дар қалбаш 7 стент ё найча дорад, аз ин рӯ, ҳоло дар шароити маҳбас аз назорати доимии мутахассиси дил маҳрум аст.
Аз Зарастин пурсидем, боздошти падараш чӣ гуна сурат гирифта буд, оё ӯ дар Душанбе буд?
Зарастин Холбаш: На, ӯ дар Душанбе набуд. Шояд бадтарин чиз ҳамин аст, ки мо намедонем, ки ӯро чӣ гуна боздошт карданд. Ӯ он замон дар Ворух буд. Ӯ ки дар Нерӯҳои марзбонӣ кор мекард, он лаҳзаҳо дар ҷойи кор буд. Рӯзи 18 май баъди соати 9-и саҳар ӯ дигар дар тамос набуд. Мо аслан дар бораи ӯ ё дар куҷо будану чӣ ҳол доштанаш хабаре надоштем. Писари амакам дар назди ӯ буд. Бо ӯ ҳам тамос қатъ шуд. Шоми 18 май овоза паҳн шуд, ки падарамро боздошт кардаанд. Ҳеҷ хабаре дар бораи вазъи сиҳатии ӯ надоштем, намедонистем, ки ӯ зинда аст ё на. Аз боздошти ӯ ҳам мо ҳеҷ ҷузъиёте намедонем, ки оё ин ҷараён қонунӣ гузашт ё на. Рӯзҳои 19 ва 20-уми май мо дар даводави пайдо кардани ӯ будем. Мо дар Душанбе пушти дари ҳама боздоштгоҳу маҳбасҳо рафта мепурсидем, вале, мутаассифона, ба оила ҳеҷ иттилое намедоданд. Баъд ҳаргуна изҳорот аз сохторҳои давлатӣ нашр шуд. Расонаҳо гуфтанд, ки ӯ дар ҳабс аст ва танҳо чанд рӯз баъд мо дар куҷо нигаҳдорӣ шудани ӯро фаҳмидем.
Радиои Озодӣ: Яъне, баъди боздошт бори аввал шумо падаратонро тавассути телевизион дидед?
Зарастин Холбаш: Бале, дар телевизион. Аъзои оиларо ба наздаш роҳ намедоданд ва чанд моҳ баъд, вақте овоза шуд, ки бо ӯ чизе шудааст, аввалин бор иҷозаи мулоқот доданд. Ин замоне буд, ки мурофиааш идома дошт ва дар интернет овозаҳое паҳн шуд, ки ӯ мурдааст. Танҳо баъди ин барои нишон додан, ки ӯ зинда аст, аъзои оиларо ба наздаш роҳ доданд.
Радиои Озодӣ: Ӯ дар ин мулоқот чӣ гуфт?
Зарастин Холбаш: Ман дар он мулоқот набудам, вале ба хонаводаамон гуфт, ки ӯ айбе надорад ва намефаҳмад, ки чӣ гуноҳе кардааст. Барои падари ман мардумаш бисёр азиз аст ва ӯ 30 сол барои ҳукумат хидмат кардааст, аз ин рӯ намефаҳмид, ки чаро ӯро муҳокима мекунанд.
Радиои Озодӣ: Ҳоло ба ӯ бародару хоҳаратон хӯроку дору мебаранд?
Зарастин Холбаш: Бале, кӯшиш мекунанд, ки моҳе чанд бор ба ӯ ин чизҳоро таъмин кунанд. Ба ӯ номае ҳам менависанду дар бораи ҳоли хонагиҳо хабар медиҳанд, чунки вақте соле танҳо ду бор ҳақи мулоқот ҳаст, ӯ дигар хабаре надорад, ки хешовандон чӣ ҳол доранд. Худоро шукр, модари падарам зинда аст, ӯ 90 сол дорад. Талош мекунем, дар бораи вазъи саломатии ӯ муфассалтар нависем, то ки ӯ нигарон набошад.
Радиои Озодӣ: Ҳам падар ва ҳам модари шумо дар маҳбасанд. Оё ин ҳодиса дар ҳаёти шумо, фарзандон чӣ таъсире гузошт?
Мо талош мекунем умедамонро аз даст надиҳем, ки рӯзе озод мешаванд. Танҳо бо умед зинда ҳастем
Зарастин Холбаш: Бисёр сахт аст. Ҳама чиз ногаҳон рух дод. Падарамро ҳукми абад доданд, бо синну солу саломатие, ки ӯ дорад, ин чиз одилона нест. Модаркалонам ба президент нома зада, бо ҳар роҳи дигари имконпазир талош дорад, ки ӯро озод кунад. Ду писари ӯ дар ҳабсанд. Амакам Сарбаланд Холбашов ҳам ба ҳукми тӯлонӣ маҳкум шудааст.
Радиои Озодӣ: Онҳо бо падаратон дар як зиндон нестанд?
Зарастин Холбаш: На, ӯро дар маҳбасе барои низомиёни собиқ нигоҳ медоранд, чунки ӯ дар КДАМ чун муҳофиз кор кардааст. Ӯ ҳамроҳ бо тағоям дар як маҳбас аст, чунки тағоям дар сохтори милиса кор кардааст.
Радиои Озодӣ: Яъне чор нафар аз аъзои оилаи шумо дар маҳбасанд?
Зарастин Холбаш: Чор нафар аз наздикон ва боз чандин нафар аз хешовандони дигарамон ҳам дар маҳбасанд. Аз рӯи ҳодисаҳои Рӯшон хешони зиёдамон дар маҳбасанд.
Радиои Озодӣ: Чӣ гуна ин вазъиятро пушти сар мекунед?
Зарастин Холбаш: Бисёр сахт аст. Ба назарам, тамоми хонаводаи мо дар як ҳолати тарси доимӣ ба сар мебарад. Метарсӣ, ки бедор мешавию хабари баде мешунавӣ. Ҳамин ҳолати стресс бисёр сангин аст. Мо талош мекунем умедамонро аз даст надиҳем, ки рӯзе озод мешаванд. Танҳо бо умед зинда ҳастем. Бе умед хеле вазъамон бад мешуд.
Радиои Озодӣ: Фарз кардем, роҳҳале вуҷуд дорад ваё касе метавонад ин мушкилро ҳал кунад, кӣ аст, ба назари шумо?
Зарастин Холбаш: Ба назари мо, президент метавонад. Дар қадами аввал, мо мехостем, ки номаи модаркалонам ба дасти президент расад. Дарди ӯро дарк кунанд, чун ҳарду писараш дар зиндонанд. Дарди фарзандонро дарк кунанд, ки мо муштоқи падару модарамон ҳастем. Бовар дорам, ки ба хотири синну солашон вақти озод кардани онҳо расидааст. Саҳми падар ва модарамро барои ин давлат ба инобат гиранд. Мо умед дорем, ки президент ба номаи модаркалонамон ва умуман ба парвандаи онҳо таваҷҷӯҳ ва ба онҳо ёрӣ мекунад.
Гуфтугӯ