Дар чанд ҷумла
"Изҳорот"-и Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов. Шерзамонов ҷаласа ва 13 ҳазор долларро рад кард
Журналист ва узви ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон Улфатхоним Мамадшоева ва шавҳари собиқаш, генерал Холбаш Холбашов, ки ҳарду дар боздоштанд, дар як наворе, ки тавассути мақомот нашру паҳн шуд, ба даст доштани худ дар нооромиҳои Хоруғу Рӯшон таъкид карданд. Дар тазоҳуроти мардум ва амалиёти мақомот дар онҷо, аз 16 то 18-уми май, даҳҳо нафар куштаву захмӣ ва беш аз сад кас дастгир шуданд. Дар навор ба як кишвари ғарбӣ ҳам ишора шуд, аммо аз ягон давлате ном набурданд.
Ҳарчанд Холбашов гуфт, изҳороти онҳо бидуни ҳеч таҳқиру зӯроварӣ ба даст омадааст, маълум нест, зери чӣ шароите сабт шуда. Видеоро шоми 24-уми май бо рамзи "Телевизиони Тоҷикистон" нашр карданд. Қаблан Улфатхоним Мамадшоева дар суҳбат бо хабарнигорон даст доштани худро дар нооромиҳои Бадахшон рад карда буд.
Муаллифони навор иддао карданд, ки тарҳи нооромиҳои охирро дар Бадахшон 26-уми марти имсол Мамадбоқир Мамадбоқиров, Холбаш Холбашов, Улфатхоним Мамадшоева ҳузурӣ дар Хоруғ ва Алим Шерзамонов маҷозӣ аз Аврупо рехтаанд.
Мамадшоева ва Холбашов дар баёноти видеоии худ гуфтанд, он замон ташкили тазоҳурот дар Хоруғ ба дӯши Мамадбоқир Мамадбоқиров ва дар Рӯшон бар уҳдаи Холбаш Холбашов гузошта шуд.
Алим Шерзмонов, муовини раиси Паймони миллӣ, созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, ки дар Аврупо қарор дорад, шоми 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин ҷаласае баргузор нашудааст.
"Касе Мамадбоқирро як ҳафта ё ақаллан се рӯз шинохта бошад, хуб медонад, ки ӯ дар ҳаёташ дар чунин ҷаласае ширкат намекард. Холбаш Холбашов марди ғаюре аст. Ӯро бо чӣ коре маҷбур кардаанд, ки ба худ туҳмат кунад," – афзуд ӯ.
Муаллифони филм мегӯянд, Алим Шерзамонов дар умум барои ташкили бетартибиҳо дар Хоруғу Рӯшон 13 ҳазор доллар фиристодааст. Ба иддаои онҳо, ҳафт ҳазори он ба Хоруғ ва шаш ҳазори дигар ба Рӯшон равона шудааст, аммо нагуфтанд, ки ин миқдор пул чӣ гуна аз хориҷ дарёфту дастрас шудааст.
Шерзамонов мегӯяд, ӯ як паноҳандаи сиёсӣ дар Аврупост ва ин мидқор пул надошту надорад: "Гузашта аз ин, ин миқдор маблағро фиристодан имкон надорад. Дар Аврупо ҳам мепурсанд, ки онро аз куҷо ёфтаам. Ман дар таъминоти давлат ҳастам. Ману Мамадбоқир бародар будем, аммо агар пул ҳам медоштам ва аз номи як ташкилоти ғайрибадахшонӣ мефиристодам, як пайсаашро намегирифт. Яъне як пайсаи Паймони миллиро намегирифт."
Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз раҳбарони ғайрирасмӣ дар Бадахшон, рӯзи 22-юми май дар шароити мармуз дар Хоруғ кушта шуд. Шахсони наздик ба ӯ мегӯянд, дар ин кор мақомот даст доранд, аммо Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ӯ дар як даргирии дохилӣ бо ҳамсафонаш кушта шудааст.
Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов, ки аз 18-уми май ба ин тараф дар боздошт ҳастанд, дар навори мақомот гуфтанд, “пушаймонанд ва аз мардуми Хоруғу Рӯшон ва Роштқалъа маъзарат мехоҳанд”. Аммо маълум нест, ин ҳарфҳоро кай ва таҳти чӣ шароите гуфтаанд.
Муаллифони навор ҳамзамон Мамадшоеваро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои ба гуфтаи мақомот, “шубҳаовари хориҷӣ” ва “пешниҳоди иттилоъ ба намояндагони хадамоти махсуси хориҷӣ” муттаҳам карданд. Онҳо дар ин маврид аз “ду корманди сафорати як кишвари ғарбӣ” ҳам гуфтанд, вале номи касеву кишвареро ошкор накарданд.
Улфатхоним Мамадшоева 65-сола ва ҳомии ҳуқуқу журналисти мустақил аст. Бахши забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм ва дар телевизиону радиои Бадахшон кор кардааст. Муассиси созмони “Номус ва инсоф”. Аз соли 2003 то 2014 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дарс додааст. Дар солҳои 90-ум узви “Нерӯҳои худмуҳофизатии Бадахшон” буд.
Аз 16-уми май ба ин тараф вазъ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ печида аст. Дар ҷараёни даргирии сокинони норозӣ ва нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғу Рӯшон, ба иттилои расмӣ, аз ду ҷониб 10 кас кушта ва 27 нафар захмӣ шудаанд. Сокинони Рӯшон мегӯянд, ҷасади 21 нафарро гирифтанд.
Мақомот мардуми норозиро ба “узвият дар гуруҳҳои ҷиноӣ” ва “муборизаи мусаллаҳона” айбдор карданд. Сокинон мегӯянд, танҳо барои ҳимояти ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд, чун моҳҳо боз зери фишору таъқиб ҳастанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Теъдоди расмии бекорон дар Тоҷикистон зиёд шудааст
Шумораи расмии бекорон дар Тоҷикистон афзудааст. Оҷонси омор дар гузориши наваш мегӯяд, моҳи майи имсол дар кишвар 57 ҳазор кас расман ҳамчун бекор сабт шудаанд ва ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 10,5 дарсад бештар аст.
Оҷонсӣ навиштааст, 27 ҳазор кас ё 47 дарсади бекорон дар кишвар занон ҳастанд.
Манбаъ меафзояд, шумори расмии бекорон ҳамагӣ ду дарсад аз шахсони қобили корро ташкил медиҳад.
Омори мақомоти Тоҷикистон дар бораи бекорӣ дар кишвар ҳамеша баҳсбарангез буда, шубҳаву гумонҳоеро ба миён овардааст.
Намояндагони мухолифони ҳукумат ҳамеша бо ишора ба муҳоҷирати густурдаи мардум ба хориҷ борҳо гуфтаанд, ки омори расмӣ дар бораи бекорон бо воқеияти бозори кори кишвар ҳамхонӣ надорад.
Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Исроил. Мақомот чӣ мегӯянд?
Мақомот дар Душанбе боздошти як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми ҷосусӣ дар Исроил пайгирӣ доштаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, барои тасдиқи ҳувият ва шаҳрвандии шахси гумонбар "тавассути роҳҳои дипломатӣ" бо ҷониби Исроил ба тамос баромад.
"Ҳоло мунтазири посухи расмии ҷониби Исроил ҳастем. То ҳол нисбат ба дастгир шудани шаҳрванд ба мо ягон маълумоти расмӣ дастрас нагардидааст," – навишт дафтари матбуоти ВКХ дар ҷавоб ба муроҷиати Радиои Озодӣ. Посух охири ҳафтаи гузашта дастрас шуд.
Пулиси Исроил ва Хадамоти амниятии ин кишвар рӯзи 2-юми июл эълон карданд, ки як шаҳрванди Тоҷикистону Русияро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт кардаанд.
Номи ӯ дар изҳороти мақомоти Исроил ба ду шакл муаррифӣ шудааст: Ҳангоми боздошт чун Беҳрӯз Собирҷон ва пас аз эълони айб чун Беҳрӯз Шариф Додобоеви 33-сола.
Додситони Исроил рӯзи 6-уми июл гуфтааст, бар асоси маълумоти ибтидоӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон "дар бораи макони расидани мушакҳо, соҳилҳои Ҳайфа ва муассисаи низомии Elbit Systems маълумот ҷамъ оварда, бар ивази криптоасъор ба хадамоти иктишофии Эрон фиристодааст."
Санҷидани дурустии ин иттиҳом ба воситаи манобеи мустақил феълан имкон надорад. Расонаҳо ва додситониву додгоҳи Исроил дар бораи мавқеи шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон то ҳол чизе нагуфтаанд.
Додситонии Исроил танҳо гуфтааст, Додобоев дар Исроил ҳаққи муваққатии иқомат дошт, вале он моҳи май ба анҷом расида буд. Вайро дар нӯҳ мавриди тамос бо "маъмури хориҷӣ" гумонбар медонанд ва аз ин шумор, ба иттиҳоми додситонии Исроил, "дар чор ҳолат ӯ ба душман иттилое додааст, ки ба амнияти давлатӣ осеб мерасонад".
Мақомоти Исроил гуфтаанд, Додобоев як дафъа, моҳи апрел, ба маъмурони эронӣ гуфтааст, аз ҳабс шудан метарсад, аммо бо ин вуҷуд ҳамкориро бо онҳо идома додааст. Ӯ бо дархости онҳо ба соҳилҳои Ҳайфа рафта, хати соҳил, киштиҳо, вазъи соҳил ва маконҳои дигарро аксу навор гирифтааст.
Вебсайти Jerusalem Post навишт, хадамоти амниятии Исроил ҳар сари чанд вақт дар бораи боздошту ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гумонбар ба ҷосусӣ ба манфиати Эрон хабар медиҳанд ва дар миёни онҳо хориҷиҳо кам нестанд.
Соли 2025 дар ин кишвар 25 шаҳрванди Исроил ва хориҷиҳо бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт шуда, аз 120 мавриди ҷудогонаи талоши ҷосусӣ пешгирӣ шудааст.
Мақомҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар ин муддат садҳо нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Амрико ва Исроил боздошт ва дар чанд маврид онҳоро ба иттиҳоми ҷосусӣ ва иқдом алайҳи амнияти миллӣ эъдом кардаанд.
Ҳалокати ду корманди бонки "Арванд" дар тасодуфи роҳ
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар пайи сарозер шудани як мошин ба канал ё наҳри Ҳисор ду корманди бонки “Арванд” ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса пас аз зуҳри 19-уми июл дар шаҳри Ҳисор рух додааст.
Ба иттилои расмӣ, Дилноза Бойматова, сокини шаҳри Турсузода ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти Ҳисор, бо мошини тамғаи “BMW” ба дохили наҳр афтодааст. Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодиса Бойматоваи 32-сола ва мусофираш Фахриддин Воҳидови 37-сола ҳалок шуданд.
Як манбаи огоҳ дар бонки “Арванд” ба Радиои Озодӣ гуфт, Фахриддин Воҳидов, раиси намояндагии бонк дар Ҳисор ва Дилноза Бойматова корманди бонк дар шаҳри Турсунзода буд.
Дар навори ин ҳодиса, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки сокинон талош доранд, мусофирони мошинро аз об берун бароранд.
Ба иттилои расмӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон тақрибан ҳазору чорсад тасодуфи роҳ ё садамаи нақлиётӣ сабт шуда, дар пайи он 643 нафар ҷон бохтаву беш аз якуним ҳазор кас маҷруҳ шудаанд.
Навор дар Инстаграм:
Оҷонси омор: Муҳоҷират коҳиш ёфтааст
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонси омори Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе аз гуфтани шумораи умумии муҳоҷирон худдорӣ кард, аммо иддао намуд, ки дар нимаи аввали имсол муҳоҷирати кории тоҷикон ба хориҷа 1,7 дарсад кам шудааст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми июл дар нишасти хабарӣ аз раиси Оҷонси омор пурсид, ки чаро теъдоди муҳоҷирони корӣ гуфта намешавад? Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ба ин суол посухи мушаххас надод ва танҳо гуфт, "ин маълумотро бояд аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пурсид."
Нурмуҳаммадзода инро ҳам далел овард, ки ифшои ин маълумот метавонад аз сӯйи баъзе расонаҳо нодуруст шарҳ дода шавад. Раиси Оҷонси омор бе овардани далел гуфт, "мисли ману шумо тадқиқотчӣ, саволдеҳ, ба ном мутахассисон ва баҳодиҳандаҳои хориҷӣ бисёранд. Як маълумотро гирифта, чи хеле ба фикри худашон маъқул аст, ҳамон хел дар расонаҳо пешниҳод мекунанд".
Намояндагони Вазорати кору муҳоҷират рӯзи 13-уми июл аз ифшои омори муҳоҷирон худдорӣ карда буданд.
Мақомоти Тоҷикистон аз аввали соли 2025 омори муҳоҷиронро пахш намекунанд. Раиси Оҷонси омор моҳи феврали соли гузашта тасдиқ карда буд, ки шумораи муҳоҷирон ба маълумоти махфӣ табдил ёфтааст. Мақомот далели инро ҳам шарҳ надоданд.
Бино ба омори расмии ҳукумат, соли 2025 аз Тоҷикистон бештар аз 702 ҳазор нафар ба муҳоҷирати корӣ ва аксаран ба Русия рафтаанд, ки дар муқоиса ба соли 2024 тақрибан сад ҳазор нафар камтар аст.
Семен Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон, 11-уми майи имсол дар мусоҳиба бо хабаргузории русии ТАСС гуфт, феълан дар Русия беш аз як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон кор мекунанд.
Солҳои охир дар Русия тафтишу боздошт ва ҳабсу ихроҷи муҳоҷирон афзуда, даҳҳо қонуну қоидаи нав қабул шуд, ки кору зиндагии онҳоро сахту душвор гардонд.
Созмони байнулмилалии Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch соли 2025 онро "Зиндагӣ дар тарсу таҳқир" номида, аз ҳукумати Русия хост, нагузорад, ҳуқуқи муҳоҷирон зери по шавад. Дархосте, ки зоҳиран Маскав нодида гирифтааст.
Исроил: Як мушаки эрониро ҳамроҳ бо Урдун раҳгирӣ кардем
Артиши Исроил рӯзи 19 июл эълон кард, ки нерӯҳои ин кишвар ва Урдун як мушаки эрониро, ки ба тарафи шаҳри Ақаба дар Урдун партоб шуда буд, раҳгирӣ кардаанд.
Чанд дақиқа пеш аз ин раҳгирӣ, артиши Исроил эълон карда буд, ки мушакҳоеро, ки аз Эрон ба тарафи Ақаба партоб шудаанд, шиносоӣ кардааст ва нисбат а эҳтимоли "сироят"-и ҳамлаҳо ба хоки Исроил ҳушдор дода буд.
Сухангӯи артиши Исроил дар посух ба пурсиши хабаргузории "Франс пресс" дар бораи гузоришҳо роҷеъ ба шунида шудани садои таркишҳо дар наздикии шаҳри Эйлот дар ҷануби Исроил гуфт, ки нерӯҳои исроилӣ ва урдунӣ ба таври муштарак як партобро раҳгирӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, артиши Урдун эълон кард, ки "се мушаки эрониро, ки хоки ин кишварро ҳадаф қарор дода буданд", сарнагун кардааст ва як мушаки дигар низ дар минтақаи биёбонӣ фуруд омадааст, бидуни онки ҷойи дақиқи онро эълон кунад.
Ҳамчунин садои бонги хатар дар пойтахти Урдун ва дигар минтақаҳои ин кишвар ба садо даромадааст.
Эрон дар даври нави даргириҳо бо Амрико, ки дар ҳашт рӯзи гузашта идома доштааст, Урдунро чанд бор ҳадаф қарор дод.
Артиши Амрико эълон кардааст, ки дар ҷараёни ҳамлаи Эрон дар рӯзи ҷумъа ба Урдун, ду низомии амрикоӣ кушта шуданд.
Кушта шудани 2 низомии ИМА дар ҳамлаҳои Эрон ба Урдун
Фармондеҳии марказии Амрико рӯзи 18 июл эълон кард, ки ду низомии амрикоӣ дар Урдун бар асари ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳбодии Эрон дар рӯзи ҷумъа, кушта шуданд ва як низомии дигар нопадид шудааст.
Дар баёнияи Фармондеҳии марказии артиши Амрико, ки дар шабакаи Х нашр шуд, омадааст, "дар рӯзи 17 июн, ду нафар аз нерӯҳои низомии ИМА дар Урдун, дар ҷараёни дифои нерӯҳои СЕНТКОМ ва шарикони он дар баробари ҳамлаҳои мушакҳои баллистикӣ ва паҳподии Эрон, кушта шуданд. Ҳамчунин як низомии дигари амрикоӣ низ дар ҳоли ҳозир нопадид аст".
Ин баёния ҳамчунин аз захмӣ шудани чаҳор низомии амрикоӣ хабар дода ва гуфтааст, ки онҳо баъд аз муолиҷа дар бемористонҳои Урдун, рухсат шуданд ва дигар нерӯҳое, ки бинобар "ҷароҳатҳои ҷузъӣ" зери муолиҷа қарор доштанд, низ ба маҳали хидмати худ баргаштанд.
Тайи ду рӯзи гузашта Сипоҳи посдорони Эрон ва артиши ин кишвар дар баёнияҳое аз ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ ба пойгоҳҳои низомӣ дар Урдун хабар дода буданд.
СЕНТКОМ ё Фармондеҳии марказии артиши Амрико маҳали дақиқи кушта шудани нерӯҳои амрикоӣ дар Урдунро эълон накарда ва гуфтааст, ки то замони огоҳ кардани пайвандони наздики сарбозони кушташуда, аз нашри маълумоти бештар худдорӣ хоҳад кард.
Шарифхон Сафарзода раиси нави ВМКБ таъйин шуд
Шарифхон Сафарзода раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шудааст.
Фармони президенти Тоҷикистон дар ин бора 18 июл содир шуд.
Сафарзода аз соли 2023 дар мақоми муовини аввали раиси вилоят кор мекард. Пеш аз он раиси ноҳияи Варзоб буд. Дар ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанбе ҳам кор кардааст.
Таъйини Шарифхон Сафарзода ба ин мақом дар ҳолест, ки раиси пешини вилоят Алишер Мирзонабот рӯзи 17 июн дар ноҳияи Дарвоз бо мошини хидматӣ ба рӯди Панҷ сарозер шуд.
Мақомот гуфтанд, раиси пешини вилоят бо ҳамсару духтари дусолааш ва ёвару ронандааш аз Душанбе ба Хоруғ бармегаштанд.
То кунун ҷасади Алишер Мирзонабот, ҳамсараш Амина Амонуллоева, инчунин ронандаи раиси вилоят Сино Муборакшоев ва ёвараш Садоншо Ҷанобилшо пайдо шудаанд. Ҷустуҷӯи духтари дусолаи вай Орифа Мирзонаботзода ҳамоно идома дорад.
Хоҷазода: “Аломатгузории хати марз бо Қирғизистон 90% анҷом шуд”
Раиси Кумитаи замин дар Тоҷикистон гуфт, таъйину нишонагузории хати марз бо Қирғизистон, ки солҳо сабаби задухӯрд буду аз ду тараф даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт, 90 дарсад ба поён расидааст.
"Танҳо каме корҳои муҳандисӣ мондааст ва соли 2027 пурра ба анҷом хоҳад расид," – гуфт Ориф Хоҷазода рӯзи 17-уми июл дар нишасти матбуотӣ. Вай афзуд, "корҳои мушкилтаре, ки дар самти вилояти Суғд буд, ба анҷом расонида шуд."
Мақомот дар Суғд аввали моҳи июл гуфтанд, ки таъйину нишонагузории марзи давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ҳудуди ин вилоят пурра поён ёфтааст. Вале на Кумитаи замин ва на ҳукумати Суғд ҷузъиёти таъйину аломатгузориро шарҳ надоданд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон даҳсолаҳо боз наметавонистанд сарҳади байни ду кишварро таъйину нишонагузорӣ кунанд ва танҳо моҳи марти соли гузашта Созишномаи ниҳоии марзиро ба имзо расонданд.
Номуайянии марз сабаби чанд даргирии мусаллаҳонаи байни ду кишвар шуда, дар натиҷаи онҳо садҳо нафар аз ду ҷониб кушта ва захмӣ гаштанд.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1008 километр аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Баҳс солҳо боз сари он идома кард, ки харитаҳои кадом замон асос шумурда шаванд. Тарафи Қирғизистон бештар ба ҳалли масъала бар пояи вазъи феълӣ таъкид мекард. Ду тараф барои ҳалли мушкил табодули қаламрав карданд.
Баъзе аз сокинони ду тарафи марз аз ин табодул норозӣ монданд ва мегӯянд, талафоти онҳо ҷуброн нашудааст.
Эҳтимол нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз гарон шавад
Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки эҳтимол арзиши истифода аз нерӯи барқ боз боло бурда шавад.
Дар ин ниҳод рӯзи 16-уми июл афзуданд, "болоравии қимати барқ бо назардошти тағйир ёфтани арзиши маводи сӯхт ва хароҷоти дигар" сурат хоҳад гирифт.
Онҳо мушаххас нагуфтанд, ки арзиши барқ кай гарон мешавад.
Бори охир дар Тоҷикистон 1-уми феврали имсол нархи барқро гарон карданд.
Ҳоло ҳар киловат соати барқ барои аҳолӣ 41,37 дирам арзиш дорад. Пештар он 35,36 дирам буд.
Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, об яке аз сарватҳои асосии кишвар аст ва чун бахши аъзами нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои обӣ тавлид мешавад, набояд нархи он бештар аз тавони молии мардум бошад.
Иштироки паҳлавонони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Урдун
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё байни навҷавонон (Asian Junior Championships Individuals 2026), ки рӯзҳои 18-19-уми июл дар пойтахти Урдун - шаҳри Уммон – доир мегардад, ширкат меварзад.
Чунонки Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) дар сомонаи расмии худ хабар додааст, барои иштирок дар ин мусобиқаи навҷавонони қораи Осиё 173 ҷудокор (111 писар ва 62 духтар) аз 20 кишвар номнавис шудаанд.
Ин мусобиқа як марҳилаи муҳими омодагӣ ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни навҷавонон маҳсуб меёбад.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар ин мусобиқа ба ҳайати мунтахаби навҷавонони Тоҷикистон 9 нафар шомиланд, ки дар рақобатҳо байни писарон дар панҷ вазн ҳунарнамоӣ хоҳанд кард: Рамзиддин Азизов, Икром Шамсов (ҳарду дар вазни -60 кг), Ёсин Бобокалонов, Муҳаммадрофеи Ҳабибулло (ҳарду дар вазни -66 кг), Муҳаммадин Лоиқов, Ворис Назаров (ҳарду дар вазни -73 кг), Абдулло Лоиқов, Аминҷон Абдуҷалилзода (ҳарду дар вазни -81 кг), Ардашери Ҳамза (-90 кг).
Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё байни навҷавонон дар Урдун ба ғайр аз Тоҷикистон, аз Узбекистон (9 писару 9 духтар), Қазоқистон (9 писару 9 духтар) ва Қирғизистон (9 писару 8 духтар) иштирок мекунанд. Аммо намояндагони Туркманистон дар рақобатҳо ширкат намеварзанд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа – 18-уми июл – шаш нафар паҳлавонони ҷавони тоҷик дар се вазн – 60, 66 ва 73 кг – ба рақобат мепардозанд. Се нафари дигар дар рӯзи дувуми мусобиқа – 19-уми июл – дар вазнҳои 81 ва 90 кг вориди рақобат мешаванд.
Дарвоқеъ, рӯзҳои 16-17-уми июл дар шаҳри Уммони Урдун мусобиқаи инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон (Asian Cadet Championships Individuals 2026) бо ҳузури намояндагони 20 кишвари қора баргузор шуд, ки дар он варзишгарони Тоҷикистон иштирок накарданд.
Дар ин мусобиқаи наврасон мунтахаби Узбекистон бо касби 12 медал (6 тило, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Қазоқистон бо 7 медал (1 тило, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ҷойи дувум ва мунтахаби Эрон бо як нишони тило ҷойи севумро соҳиб шуданд.
Ҳалокати 5 фаластинӣ дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза
Мақомоти тандурустӣ дар Фаластин мегӯянд, рӯзи 16-уми июл бар асари ҳамлаҳои Исроил дастикам панҷ фаластинӣ кушта шуданд.
Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерз", табибон гуфтаанд, дар як ҳамлаи ҳавоии Исроил ду тан дар наздикии маҳаллаи Туффоҳ ва як тани дигар дар тирандозии тонкҳои исроилӣ дар атрофи шаҳраки Зайтун дар шарқи шаҳри Ғазза кушта шудааст.
Пизишкон гуфтаанд, дар як ҳамлаи ҳавоии дигар дар урдугоҳи оворагон дар ғарби шаҳри Ғазза як тан кушта ва дар ҳамла ба як мошин дар Хон Юнус як каси дигар ҷон бохтааст.
Артиши Исроил то ҳанӯз дар бораи ҳеч як аз ин ҳодисаҳо изҳори назар накардааст.
Шашумин шаби ҳамлаҳои паёпайи Амрико ба Эрон
Фармондеҳии марказии артиши Амрико тасдиқ кардааст, ки соати 21:30-и шаби гузашта ба вақти Теҳрон даври наве аз ҳамлаҳо ба Эронро оғоз кардааст.
СЕНТКОМ ин мавзуъро бо нашри паёме кутоҳ дар шабакаи "Х" эълон кард, аммо ҳанӯз ҷузъиётеро дар бораи маҳал ва моҳияти ҳадафҳо дар ин мавҷи нави ҳамлаҳо нашр накардааст.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои дохилии Эрон аз рух додани таркишҳо дар минтақаҳои ҷанубии он кишвар хабар доданд.
Хабаргузории Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломӣ навишт, ки ин таркишҳо дар Бушаҳр, Бандар Аббос, Қишм ва Аҳвоз рух дод.
Ҳамчунин хабаргузориҳои "Форс" ва "Тасним", расонаҳои наздик ба Сипоҳи посдорон, мегӯянд, фурудгоҳи Эроншаҳр дар Систон ва Балучистон ва як пул дар бандари Хамир ҳадафи ҳамлаҳои нави Амрико қарор гирифтаанд.
Баъзе аз расонаҳо ҳам аз ҳамла ба як истгоҳи роҳи оҳан дар Бандар Аббос ва як пул дар ҳамин минтақа хабар доданд.
Аз сӯи дигар, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо судури баёнияе аз ҳамла ба чанд пойгоҳи нерӯҳои амрикоӣ дар минтақа хабар доданд.
Артиши Эрон дар баёнияи худ гуфт, бо ҳамлаи паҳподӣ ба пойгоҳи "Ас-Сахир" ошёнаи чархболҳо ва ҳавопаймоҳои Амрикоро ҳадаф қарор додааст.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Эрон ба нақл аз артиш ва Сипоҳи посдорон, аз ҳамлаҳои густурдаи паҳподӣ ва мушакӣ ба пойгоҳҳои Амрико дар Кувайт хабар дод.
Aртиши Кувайт ҳам гуфт, даргири муқобила бо ҳамлаҳои паҳподӣ ва мушакии Эрон аст.
Барои ёфтани мошини Алишер Мирзонабот аз Қазоқистон ёрӣ хостаанд
Тоҷикистон барои ёфтани мошини хидматии Алишер Мирзонабот, раиси пешини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз Қазоқистон ёрӣ хостааст.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, рӯзи 16-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, “дар ҷое, ки ҳодиса рух дод, ҳаракати об бисёр тезу хатарнок аст”.
“Барои муайян кардани мошин дар зери об таҷҳизот надоштем. Бо Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон ҳамкорӣ кардем ва гурӯҳи корӣ омада, барои муайян кардани мошин дар зери об кор карданд, аммо муайян карда натавонистанд,” – афзуд ӯ.
Алишер Мирзонабот ва ҳамсару як фарзанди хурдсол ва ёвару ронандааш рӯзи 17-уми июн ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ бо мошини хидматӣ ба дарёи Панҷ сарозер шуданд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ бо такя ба маълумоти Вазорати умури дохилӣ гуфт, ба сабаби суръати баланд ронанда идораи мошинро аз даст додааст.
Пайкари Алишер Мирзонаботро рӯзи 30-юми июн ва ёвару ронандаашро рӯзҳои 25 ва 26-уми июн пайдо карда, ба хок супурданд.
Ҷасади Амина Амонуллоева, ҳамсари Алишер Мирзонабот, рӯзи 3-юми июл дар дарёи Панҷ дар ҳудуди Афғонистон ёфт шуд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯи фарзанди Алишер Мирзонабот идома дорад.
Чаро семент дар Тоҷикистон гарон шуд? Шарҳи мақомот
Хадамоти зиддиинҳисорӣ зиёд шудани талабот ва таъмири корхонаҳоро сабаби якбора боло рафтани нархи семент дар моҳи майи имсол дар Тоҷикистон номид.
Масъулони ин идора мавридҳои ба гуфтаашон "фиребкории баъзе аз миёнаравон"-ро далел оварданд, вале дар ин бора ҷузъиёт надоданд.
Намояндагони Хадамот 16-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфтанд, баъди гарон шудани семент дар моҳи май ва норозигии сокинон вазъи бозорро санҷиданд.
Ҳоло, ба гуфтаи онҳо, нархи семент муътадил шудааст ва феълан нархи ҳар халтаи он вобаста ба сифат аз 48 то 77 сомонист.
Дар шаҳри Душанбе ҳар халта семент аз 55 то 60 сомонӣ будааст.
Ин дар ҳолест, ки баъзе аз сокинон мегӯянд, ҳанӯз нархи семент дар муоқиса ба аввали сол гарон аст.
Болоравии нархи семент ва камчин шудани ин маҳсулот дар моҳи май, яъне дар оғози мавсими сохтмон нигаронии сокинонро ба миён оварда буд. Он моҳ нархи як халта семент аз 45 ба 70 сомонӣ баромад.
Офатҳои табиӣ дар ним сол ҷони 12 танро гирифтааст
Ҳодисаҳои нохуши табиӣ дар шаш моҳи аввали имсол ба иқтисоди Тоҷикистон 52,8 миллион сомонӣ ё 5,7 миллион доллар зарар расондааст.
Ба гузориши расмӣ, дар ин офатҳо 12 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз ҷумла, ҳафт нафар баъди омадани сел, ду нафар дар зери тарма, як кас дар сангфароӣ ва ду нафари дигар дар натиҷаи ярч ва шамоли сахт, вафот кардаанд.
Фавтидагон, сокинони шаҳрҳои Кӯлоб, Панҷакент, Душанбе, Турсунзода ва ноҳияҳои Варзоб, Шамсиддин Шоҳин ва Рӯшон ҳастанд.
Мақомот мегӯянд, дар моҳҳои январ-июни имсол дар кишвар 741 офати табиӣ сабт шудааст.
Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 16-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфтанд, аз ҳама бештар сел, тармафароӣ ва шамолҳои сахт ба иқтисодиёт ва молу мулки аҳолӣ зарар расонд.
Тоҷикистон дар баҳори имсол шоҳиди офати табии зиёд, аз ҷумла омадани сел, тармафароӣ ва шамоли сахт шуд.