Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ хост, Мамадшоева 25 сол ва Холбашов як умр зиндонӣ шаванд


Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов

Намояндаи Додситонӣ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостааст, ки нисбат ба Холбаш Холбашов, афсари пешини неруҳои марзбонӣ, ҳукми абад ва дар нисбат ба Улфатхоним Мамадшоева, рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ, 25 сол ҳукми зиндон эълон кунад.

Мурофиаи онҳо пушти дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муваққатии КДАМ ҷараён дорад.

Холбаш Холбашов ва Улфатхоним Маҳмадшоеваро мақомот дар робита ба нооромиҳои моҳи май дар вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон айбдор мекунанд. Наздиконашон ин иттиҳомро қабул надоранд.

Ба иттилои се манбаъи Радиои Озодӣ, пас аз талаби айбдоркунанда, қарор буд, ки ҳукми ин ду нафар рӯзи 12-уми август эълон шавад, вале онҳо тафтиши парвандаашонро ноодилона дониста, хостанд, онро одилона таҳқиқ кунанд. Ин манобеъ мегӯянд, ба ҳамин далел эълони ҳукм ба таъхир гузошта шудааст.

Парвандаи ҳардуи онҳоро Додситонии кулл ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳқиқ кардааст.

Алайҳи Улфатхоним Мамадшоева бар асоси ҳашт моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла “даъват барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ”, парванда боз кардаанд.

Холбаш Холбашов низ бо иттиҳоми ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, ташвиқи ҳамла ба кормандони низомӣ ва сарнагун кардани ҳукумат айбдор мешавад. Ҷузъиёти парвандаи онҳо маълум нест, чун мурофиа пушти дарҳои пушида баргузор мешавад.

Улфатхоним Мамадшоеваро рӯзи 18-уми май кормандони мақомоти интизомӣ аз хонааш дар Душанбе дастгир карданд.

Холбаш Холбашов, афсари пешини неруҳои марзбонӣ ҳам дар пайи ҳодисаҳои моҳи май дар ВМКБ боздошт шуд. Мақомот ӯро “роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ” дар ноҳияи Рӯшон гуфтанд. Аммо баъзе аз наздиконаш гуфтанд, Холбаш Холбашов то лаҳзаи боздошт дар нерӯҳои марзбонӣ хизмат мекард. Ҳамроҳ бо Холбаш Холбашов мақомоти қудратӣ 78 сокини Рӯшонро боздошт намуда, ба Душанбе оварданд.

Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов, дар навори видеоии мақомот, ки пас аз чанд рӯзи боздошташон нашр шуд, гуфтанд, “пушаймонанд ва аз мардуми Хоруғу Рӯшон ва Роштқалъа маъзарат мехоҳанд”. Аммо онҳо дар мурофиаи охир гуфтаанд, ки ин ҳарфҳоро зери фишор гуфта буданд.

Муаллифони навор он замон Мамадшоеваро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои ба гуфтаи мақомот, “шубҳаовари хориҷӣ” ва “пешниҳоди иттилоъ ба намояндагони хадамоти махсуси хориҷӣ” муттаҳам карда буданд.

Улфатхоним Мамадшоеваи 65-сола ҳамчун журналисти мустақил кор мекард. Бахши забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм ва дар телевизиону радиои Бадахшон кор кардааст. Муассиси созмони “Номус ва инсоф” буд. Аз соли 2003 то 2014 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дарс додааст. Дар солҳои 90-ум узви “Нерӯҳои худмуҳофизатии Бадахшон” буд.

Дар охири моҳи май пас аз эътирози сокинон дар Хоруғ вазъ дар Бадахшон номан шуд. Ҳукумат эътирозгаронро дар ҳамла ба кормандони мақомоти интизомӣ айбдор кард ва ба онҳо ҳамла намуд. Дар натиҷаи амалиёти мақомот даҳҳо нафар кушта ва боздошт шуданд.

Мақомот мардуми норозиро ба “узвият дар гуруҳҳои ҷиноӣ” ва “муборизаи мусаллаҳона” айбдор карданд. Сокинон мегӯянд, танҳо барои ҳимояти ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромада буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG