Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин мусоҳибаи Завқибек Саидаминӣ пас аз озодӣ

Завқибек Саидаминӣ. Шаҳри Душанбе, 18-уми июли 2026
Завқибек Саидаминӣ. Шаҳри Душанбе, 18-уми июли 2026

Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори 43-солаи тоҷик, ки бар асоси қонуни афв аз зиндон раҳо шуд, рӯзи 18-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ният дорад, ба соҳибкорӣ машғул шавад. Ӯ дар бораи муносибати зиндонбонҳо, афви хабарнигорони дигар ва дидору суҳбатҳо бо фарзандонаш низ сухан гуфт.

"Одам фикр мекунад, ба дунёи дигар омад"

Радиои Озодӣ: Завқибек Озодӣ, озодӣ муборак.

Завқибек Саидаминӣ: "Зиндаву саломат бошед."

Радиои Озодӣ: Чӣ рӯҳия, чӣ ҳиссе доред?

Завқибек Саидаминӣ: "Хуб, одам фикр мекунад, ки ба дунёи дигар омад. Фикр мекунӣ, дар як кишвари дигар будӣ. Чун ҳоло лаҳзаҳои аввал аст, ҳаяҷон ҳам шояд зиёдтар аст. Шояд баъзе гапҳои дигар дертар ба хаёлам биоянд. Худоро шукр, ба озодӣ расидем."

Радиои Озодӣ: Мо бо шумо дар наздикии зиндон суҳбат мекунем. Кӣ омада буд ба истиқболи шумо?

Завқибек Саидаминӣ бо модараш, Ҳабиса Ятимова
Завқибек Саидаминӣ бо модараш, Ҳабиса Ятимова

Завқибек Саидаминӣ: "Модарам омада буд, шукри Худо, бародаронам омада буданд."

Радиои Озодӣ: Фарзандон чӣ?

Завқибек Саидаминӣ: "Не, фарзандонро ба деҳа равон карда будем."

Радиои Озодӣ: Ба дидани онҳо меравед?

Завқибек Саидаминӣ: "Бале. Ҳангоми дар зиндон будани ман як амака ва як аммаам аз дунё гузаштанд. Аввалин тасмимам ин аст, ки пеш аз деҳа рафтан як аммаву як амаки дигар дорам, онҳоро хабар бигирам."

Радиои Озодӣ: Муносибату рафтор бо шумо дар зиндон чӣ гуна буд?

Завқибек Саидаминӣ: "Алҳамдуллилоҳ, бад набуд. Аз сабабе, ки шояд моро мешинохтанд ва мо, ҳамроҳи Далери Имомалӣ, бо клуби фарҳанги муассисаи ислоҳӣ ҳамкорӣ мекардем. Аз ин сабаб бисёр эҳтиром мекарданд. Дастгириҳо ҳам мекарданд."

Радиои Озодӣ: Яъне, гуфтан мехоҳед, ки нисбат ба баъзеи шумо муносибати хос буд?

Завқибек Саидаминӣ: "Бале, фикр мекунам аз сабабе, ки медонистанд мо кӣ ҳастем."

Радиои Озодӣ: Дар ин маҳбасе, ки шумо будед, боз кадом рӯзноманигорону аҳли эҷод буданд?

Завқибек Саидаминӣ: "Хуб, инҷо бо мо Аҳмади Иброҳим буд. Далери Имомалӣ дар ҳамин ҷо аст. Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Хушом Ғуломов (Хушрӯз), нависанда ва рӯзноманигор Абдуқодири Рустам ва Абдухалил Холиқзода дар ҳаминҷо ҳастанд."

Радиои Озодӣ: Инҳо низ афв шуданд?

Завқибек Саидаминӣ: "Абдуқодири Рустам, ба фикрам, афв нашуд. Аз Аҳмади Иброҳим ва Далеру Абдуллоҳ Ғурбатӣ сесолӣ ва аз Хушрӯз як сол кам шуд. Яъне баъди панҷ моҳ, иншоаллоҳ, Абдуллоҳ ҳам ба озодӣ мебарояд."

Навор дар Инстаграм:

"Ба соҳибкорӣ машғул шавам, хубтар"

Радиои Озодӣ: Дар додгоҳ гуфта будед, ки "ман бегуноҳ ҳастам". Ҳоло, ки 4 солу 10 рӯз дар зиндон будеду афв шудед, назаратон чӣ аст?

Завқибек Саидаминӣ: "Ростӣ, намедонам, ҳоло фазоро як бор омӯхтан даркор. Хуб, мо гапи мегуфтаамонро гуфтем. Нисбат ба парвандаамон аз муассисаи ислоҳӣ ба номи прокурори генералӣ дар соли 2023, ба роҳбари Раёсати иҷрои ҷазо мактуб равон кардем. Ва баъдан тариқи Омбудсмен, Умед Бобозода, боз як мактуби дигар ба прокуратураи генералӣ фиристодем."

Радиои Озодӣ: Нақшаатон чӣ аст? Ба кори рӯзноманигорӣ бармегардед, соҳаро тарк мекунед, чӣ кор мекунед?

Завқибек Саидаминӣ: “Ростӣ, ҳозир ҳеч чиз гуфтан наметавонам. Ман намедонам. Фазоро дидан даркор. Фикр мекунам, ба ягон соҳибкорӣ машғул шавам, хубтар аст.”

Радиои Озодӣ: Яъне, ният надоред ба кори рӯзноманигорӣ баргардед?

Завқибек Саидаминӣ: “Мо як рӯзноманигор ҳастем. Намешавад аз касбе, ки дар вуҷуди инсон аст, аз он даст кашид. Ба ҳар ҳол, дар қонуни афв ҳам омадааст, ки озодшудаҳо ба кор таъмин карда шаванд, кӯшиш мекунем, ки бо аризае ба ягон воситаи ахбори омма барои кор муроҷиат кунем.”

"Падари шумо дар зиндон аст, вале..."

Радиои Озодӣ: Фарзандон, ки ҳар гоҳе ба дидани шумо ба зиндон меомаданд, чӣ мегуфтанд?

Завқибек Саидаминӣ
Завқибек Саидаминӣ

Завқибек Саидаминӣ: “Барои фарзандон бисёр мушкил буд. Ин хел буд, ки ман аслан ягон сафари хориҷӣ ҳам нарафта будам. Фақат як ё ду рӯз сафари корӣ мерафтам. Агар ман як-ду рӯз деҳа мерафтам, аз телефони модарашон занг мезаданд, ки “отаҷон, кай меоӣ?”. Мегуфтам, ки бачам шаб мешавад, рӯз мешавад, меоям. Ҳамин хел ҳисоб мекардем. Вақте маро боздошт карданд, барои онҳо бисёр мушкил шуд. Ман онҳоро ҳеч вақт аз 3 рӯз зиёдтар тарк накарда будам. Барои фарзандон бисёр сахт буд. Ҳар боре, ки инҷо духтарам меомад, мепурсид, ки “падарҷон, ту кай ба хона меоӣ?” Баъд мегуфтам, ки ҳар вақт, ки Худо бихоҳад, шумо дуо кунед, ман меоям. Баъд духтарчаам, Парисимо, ки дар синфи якум аст, мегуфт, “мо ҳамин қадар дуо мекунем, ин Худо намешунавад?” Ҷавоб медодам, ки дуо кардан бигиред, як рӯз меоям. Ина, алҳамдуллилоҳ, ба ин рӯз расидем.”

Радиои Озодӣ: Писаронатон чӣ?

Завқибек Саидаминӣ: "Писари калониям, бечора, аз он ки ман зиндонӣ шудам, кор мекард. Дар як мағоза дар пеши хона кор мекард. То ҷойе талош мекард, ки ба зиндагӣ кумак кунад. 16-сола аст. Ҳамон духтаре, ки гуфтам дар синфи якум аст, ҳамроҳи ҳамсинфонаш ҷанг кардааст, вақте гуфтаанд, ки падари ту дар зиндон аст. Ман ҳар бор ба фарзандонам мегуфтам, ки ҷанг накунед, падари шумо воқеан дар зиндон аст. Баъд мефаҳмед, ки чӣ гап аст. Инки падари шумо дар зиндон аст, таҳқир нест."

Видеои суҳбатро дар инҷо бинед:

“Фикр мекунӣ, ба дунёи дигар омадӣ.” Гуфтугӯ бо Завқибек
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:06 0:00

Завқибек Саидаминӣ соли 2022 бо айбномаи ҳамкорӣ бо созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистон ба ҳафт сол зиндон маҳкум гардид. Наздиконаш онро бепоя донистанд. Худаш ҳукми додгоҳро якҷониба номид ва хоҳони бозбинии парванда шуд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG